Рамзи «Ваҳдати миллӣ» дар тахайюли меъмор

№103-104 (3404-3405) 01.08.2015

IMG_0831Вақте  рӯи коғаз нақши дастон — маҳсули тахайюлоти меъмор — лоиҳакашро мебинед, дар назари аввал хеле одӣ менамояд. Ҳангоми ба умқи он ворид шудан ва шунидани шарҳи мутахассис маълум мегардад, ки муаллиф заҳмати хеле зиёд кашидааст.

Ҳар гоҳ Султонзода Мирзо Султон ба эҷоди лоиҳаи наве шурӯъ мекунад, дурудароз ба андеша меравад, нақшаи кашидаашро такрор ба такрор аз назар мегузаронад, аввалин шуда, «ворид»-и «бино» мегардад.

Зимни суҳбат бо директори Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш» Султонзода Мирзо Султон диққати моро асари ба тозагӣ эҷоднамудааш — Маҷмааи «Ваҳдати миллӣ»  ба худ кашид. Ангораи лоиҳаи мазкур, ки рамзи Ваҳдати миллиро дар худ таҷассум мекунад, бо тахайюлоти ҷолиб ва фалсафаи хоса, дар омехтагии санъати муосири меъморӣ ва  анъанаҳои миллӣ эҷод гардидааст. Аз муаллифи лоиҳа хоҳиш намудем, ки онро шарҳ диҳад:

- Лоиҳа дар заминаи унсурҳои барои миллатамон бунёдӣ ва муқаддас таҳия шудааст. Он дорои сутун (сутуни давлатдорӣ, сутуни хонавода, шоҳсутуни қавму миллат), китоб ва тоҷу ҳафт ситора мебошад. Баландии сутуни Маҷмааи «Ваҳдати миллӣ» 97 метр (ишора ба соли имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон — 27 июни соли 1997), баландии умумиаш бошад, ба 112 метр расида, дар масоҳати 24  гектар замин доман паҳн намудааст.

Гирду атрофи маҷмаа бо фаввораву гулу сабзаву себаргазор ороиш ёфта, ҳамчунин дар он нишастгоҳҳои замонавӣ, нуқтаҳои фурӯши нӯшокиҳои ташнашикан ташкил мегарданд, ки барои фароғати сокинони пойтахт макони мусоид хоҳад буд. Дар даромадгоҳи боғ таваққуфгоҳи зеризаминии замонавии дуошёна (паркинг) бунёд карда мешавад.

Қисмати аввали Маҷмааи «Ваҳдати миллӣ» аз се ошёна ва ду ошёнаи зеризаминӣ, ду даромадгоҳ иборат буда, дар пештоқи даромадгоҳи асосӣ китоби электронии баландиаш 6,4 метр ва паҳноияш 14 метр ҷойгир шудааст, ки таърихи Истиқлолият ва ба Ваҳдат расидани миллатамонро инъикос менамояд. Инчунин гирдогирди маҷмаа андарзи ориёӣ – «Пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек» дар шакли се тасмаи заррини пайвастшуда сабт гардидааст. Дар ошёнаи якуми маҷмаа намоишгоҳи таърихи Ваҳдати миллӣ, дар ошёнаи дуюм Хонаи никоҳ ва дафтарҳои корӣ, дар ошёнаи сеюм бошад, Маркази фарҳангию фароғатӣ пешбинӣ шудааст. Дар байни ошёнаи якум ва дуюм ҳалқаи рахнаёфтае, ки рамзи таҳдид ба Ваҳдати миллист (ишора ба ҷанги шаҳрвандӣ — нооромиҳои солҳои 1992 -1997) мавҷуд аст. Аз ошёнаи якум бо паҳноии 1,5 метр ва дарозии 70 метр хати сурх ё алвонгуна, ки ишора бар оташ аст (манзур оташи ҷанги шаҳрвандӣ) ба чашм мерасад.

Дар қисмати дуюми маҷмаа  сутуни бо суннати ниёгон кандакоришуда дар ҳамоҳангӣ бо навовариҳои санъати меъморони муосир, ҳамчунин дафтарҳои корӣ пешбинӣ шудааст.

Қисмати савуми Маҷмааи «Ваҳдати миллӣ» аз се ошёна, давра бо ҳафт ситора ва тоҷи даврзананда иборат аст. Дар нуқтаи баландтарини иншоот, яъне тоҷи даврзананда фароғатгоҳу тамошогоҳ ба нақша гирифта шудааст. Даҳлези давродаври тоҷ дорои фарши шишагӣ мебошад. Дар қисми поёнии давра меҳмонхонаҳо ҷойгир мешаванд.

Мавриди тазаккур аст, ки дар сохтмони иншооти мазкур аз масолеҳи оҳану бетонӣ, шишаҳои омехтаи ранга, зарҳалину биринҷӣ ва сангҳои ороишии ватанӣ истифода бурда мешавад.

Дар зербино ҳавзҳои шиноварӣ (барои хурдсолон ва калонсолон), толорҳои варзишӣ ва ороишӣ пешбинӣ шудаанд.

Умед  дорем, ки аз рӯи ин тарҳи ҷолиб дар ояндаи наздик Маҷмааи «Ваҳдати миллӣ» бунёд ёфта, ба симои шаҳри Душанбе зебоии нав зам мекунад.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»