Равобити гуногунҷанба таҳким меёбад

№39 (4779) 29.03.2024

23-юми марти соли 1956 Покистон аввалин маротиба конститутсияи худро қабул карда, ин санаро Рӯзи Покистон ва ё Рӯзи ҷумҳурӣ эътироф намуд, ки ҳар сол дар ин кишвар 23-юми март чун ҷашни миллӣ ба таври расмӣ таҷлил мегардад.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла бо Ҳиндустону Покистон чун узви фаъоли СММ ва СҲШ, ҳамкориҳои хуби дипломатӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангӣ дорад. Покистон яке аз аввалин кишварҳое буд, ки Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва сафораташро дар Душанбе боз намуд. Тибқи сарчашмаҳо, дар кишвари Покис­тон беш аз 2 миллион тоҷиктаборон умр ба сар мебаранд.

Мавриди зикр аст, ки Тоҷикис­тон аз байни манотиқи Осиёи Миёна ягона кишваре мебошад, ки бо Покистон пайванди ҷуғрофии наздик дошта, равобити дипломатӣ миёни кишварҳо 6 июни 1992 барқарор шуд.

Даҳ соли охир табодули тиҷоратии ҳар ду кишвар то 100 миллион доллари амрикоӣ расида, тарафҳо талош доранд, онро боз ҳам афзоиш дода, ба 500 миллион доллар расонанд.

Тоҷикистон ва Покистон якҷоя метавонанд дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла барқу энергетика, ҳамкориҳоро хубтару бештар тақвият бахшида, рушди ҳамгироии минтақавиро дар чаҳорчӯбаи созишномаҳои дуҷониба ва созмонҳо тавсеа диҳанд. Бо рушди равобит байни Тоҷикистон ва Покистон масири тиҷоратӣ дар байни дигар манотиқ низ тақвият меёбад.

Қобили зикр аст, ки кишвари Покистон кишоварзӣ буда, воҳиди пулиаш руппия, содироти асосии он нефт, чарм, либос, матоъ, пахта, биринҷ, хӯрокворӣ ва молҳои ороишӣ мебошад. Воридоти ин кишвар маҳсулоти мошинсозӣ, саноати химия, таҷҳизоти нақлия, сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданиро ташкил медиҳад.

Яке аз дигар самтҳое, ки Тоҷикистон ва Покистонро бо ҳам наздик месозад, амалисозии лоиҳаи CASA-1000 мебошад, ки ташаб­бускору ҳамоҳангсози асосии он Тоҷикистон, Қирғизис­тон, Афғонис­тон ва Покистон мебошанд. Бояд қайд кард, ки ҳадафи асосии лоиҳаи CASA-1000 интиқоли барқи обӣ аз Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ мебошад.

Тоҷикистон ва Покис­тон метавонанд, дар бахшҳои кишоварзӣ ва саноат низ ҳамкории худро рушд диҳанд, зеро ҳар ду кишвар дорои манобеи хуби кишоварзӣ ва саноатӣ ҳастанд. Тоҷикистон метавонад, дар бахши коркарди ғизо ва нассоҷӣ аз таҷриба ва саноати Покистон истифода намояд, чунки ин кишвар дар тавлид ва коркарди маҳсулоти пахтагӣ дар ҷаҳон ҷойи сеюмро ишғол мекунад.

Ҳоло Тоҷикистону Покис­тон муносибатҳои дипломатии хуб дошта, роҳбарияти ҳар ду кишвар рушди робитаҳои гуногунҷанбаро баланд арзёбӣ намуда, алоқаманди боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон мебошанд.

Бо сиёсатҳои созандаю сулҳҷӯёнаи роҳбарияти кишварҳо муносибатҳои дип­ломатӣ ва дӯс­тию ҳамкориҳои судманд бо анъа­наҳои муштараки неки дерина идома ёфта, аз таҷрибаҳои фаровони саноатӣ ва тиҷоратии якдигар хуб истифода намуда, дар чаҳорчӯбаи созишномаҳои дуҷонибаю чанд­ҷониба ва форуму созмонҳои минтақавию фароминтақавӣ равобитро таҳкиму тавсеа хоҳанд бахшид.

Мирсаид РАҲМОНОВ,

коршиноси масоили Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти Осиё ва Аврупои АМИТ