28 май – Рӯзи сарҳадчиёни тоҷик

Рисолати касбӣ барояш азиз аст

№73 (3374) 28.05.2015

Хомидов КСАбдуҷаббор Ҳомидов баъди хатми мактаби олӣ ҳамчун афсар хизмати ҳарбиро дар қӯшунҳои сарҳадӣ оғоз намуд. Қӯшунҳои сарҳадӣ дар даврони Шӯравӣ дар ҳайати Кумитаи  бехатарии давлатии СССР (КГБ)  фаъолият мекард. Афсари ҷавон давоми чор сол (солҳои 1975- 1979) дар шуъбаи разведкаи дастаи 81-уми сарҳадбонони Округи сарҳадии Байрақи Сурхдори Осиёи Миёна дар шаҳри Тирмиз ва баъдан ба сифати муовини сардори Комендатураи сарҳадӣ дар Айвоҷ хизматро ба ҷо овард.

Ҳангоми хизмат Абдуҷаббор Ҳомидов аз худ қобилияти баланди касбӣ нишон дод. Маҳорат ва таҷрибаи андӯхтааш буд, ки дар давраи ниҳоят  мураккаб (солҳои 1979 — 1981) ба ҳайси корманди бахши фаврӣ – оперативии намояндагии Комитети бехатарии давлатии СССР дар назди Идораи бехатарии Ҷумҳурии Демократии Афғонистон иҷрои вазифа намуд.

Ҳайати роҳбарикунанда барои баланд бардоштани донишу маҳораташ тавсия доданд, ки Абдуҷаббор Ҳомидов  таҳсилро дар курси разведкаи  хориҷии Институти низомии бо номи Ю. Андропов (шаҳри Москва) идома диҳад. Баъди анҷоми таҳсил ба ӯ вазифаҳои пурмасъули бахши разведкаро бовар карданд. Чунончӣ, ӯ ҳамчун корманди калони бахши фаврӣ — оперативии шуъбаи чоруми намояндагии КБД-и СССР дар Ҷумҳурии  Демократии Афғонистон, мушовири сардори разведкаи бригадаи якуми сарҳадии Ҷумҳурии Демократии Афғонистон дар вилояти Нангархор хизмати ҳарбиро ба ҷо овард.

Фаъолияти минбаъдаи Абдуҷаббор Ҳомидов бо Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут мебошад. Соли 2002 муовини раиси Кумитаи давлатии ҳифзи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — сардори Раёсати разведка таъин мешавад. Абдуҷаббор Ҳомидов аз ҷумлаи афсарон ва мутахассисони низомие мебошад, ки дар ташкили Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми калон дорад. Дар муҳорибаҳои мусаллаҳона бо марзшиканону қочоқчиёни афғон  иштирок намуда, далерию матонат нишон додааст.

Бахусус марзи Тоҷикистону Афғонистон хавфноку ноором буд. Гурӯҳҳои ҷиноятпеша баъзе минтақаҳои кӯҳиро барои аз марзи давлатӣ гузаштан истифода мебурданд. Онҳо ба деҳаҳои наздисарҳадӣ ҳамла карда, даст ба куштору ғорати мардуми осоишта мезаданд. Барои дастгир ва безарар кардани гурӯҳҳои ҷинояткор ва қочоқчиёни афғон бо сардории собиқ раиси Кумитаи давлатии ҳифзи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал- полковник Сайдамир Зуҳуров нақшаи  амалиёти фаврӣ тартиб дода шуд. Марзбонони тоҷик ба муқобили сарҳадшиканон, ки бо лавозимоти ҷангӣ мусаллаҳ буданд, дар набард шуданд. Дар  натиҷаи баргузории ин амалиёт аз панҷ дастаи ҷинояткор ва қочоқчиёни афғон ду гурӯҳи он бо тамоми лавозимоти ҷангӣ дастгир шуд. Ба марзбонони тоҷик муяссар гардид, ки саркардагони гурӯҳи ҷинояткор — шали Амин, домулло Саймиддин ва Файзуллоро бо лақаби «Чирик»  (партизан) дастгир ва нобуд кунанд. Инҳо гурӯҳҳои ҷиноятпешае буданд, ки дар қатлу ғорат, гаравгонгирии мардуми деҳаҳои наздисарҳадӣ даст доштанд.

Амалиётҳои фаврӣ- низомӣ имкон доданд, ки роҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ ва қочоқчиён баста шуда, мардум дар шароити орому осоишта кору зиндагӣ намоянд. Мардуми  деҳаҳои наздисарҳадии Себандӣ, Қавоқ, Сариғор генерал- майори қӯшунҳои сарҳадӣ Абдуҷаббор Ҳомидов ва ҳамхизматҳояш афсарон А. Раҷабов, А. Абдулхайров, И. Қаноатов, Ш. Искандаров ва дигаронро  мешиносанд ва ҳурмату эҳтиром менамоянд. Марзбонон бо мардуми деҳот доимо дар робита буда, барои ҳалли  мушкилиҳояшон кумаку дастгирии худро дареғ  намедоштанд.

-Маҳз баргузории амалиёти бобарори марзбонон буд, ки танҳо дар соли 2003 аз қочоқчиёни афғон як тоннаву 833 кило маводи мухаддир ва лавозимоти зиёди ҷангӣ дарёфту мусодира карда шуд, -  ба ёд меорад лаҳзаҳои хизмати худро генерал- майор Абдуҷаббор Ҳомидов.

Генерал — майор Абдуҷаббор Ҳомидов айни замон дар тарбияи кадрҳо барои қӯшунҳои сарҳадӣ саҳми арзанда гузошта истодааст. Ӯ таҷрибаи дар солҳои зиёд ҳангоми хизмат дар қӯшунҳои сарҳадии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Тоҷикистони соҳибистиқлол андӯхтаашро ба ҷавонон меомӯзонад. Писараш Озодҷон Ҳомидов идомадиҳандаи касби падар мебошад. Ӯ рутбаи подполковникӣ дошта, дар сафи қӯшунҳои сарҳадии Федератсияи Россия хизмат карда истодааст.

Барои хизмати содиқона, нишон додани далерию мардонагӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои ҷангӣ, тарбияи мутахассисони ҷавон собиқадори қӯшунҳои сарҳадӣ генерал- майор Абдуҷаббор Ҳомидов бо орденҳои «Спитамен» дараҷаи якум, «Ситораи Сурх», ордени «Ҷасорат» (Ҷумҳурии Демократии Афғонистон), медалҳои «Барои хизматҳои ҷангӣ», «Муҳофизати сарҳади давлатии СССР», «Марзбони шуҷои Тоҷикистон», «Марзбони шуҷои Афғонистон», грамотаҳои фахрии Президиуми Совети Олии СССР, Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон ва дигар мукофотҳо сарфароз гардонида шудааст.

М. Аъзам, «Садои мардум»