Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо таҳлили натиҷаҳои рушди макроиқтисодии кишвар дар соли гузаштаи ниҳоят мушкил ва вазифагузориҳои дақиқ ҷиҳати ҷилавгирӣ намудан аз таъсири манфии пандемия ба сатҳу сифати зиндагии мардум ироа гардид.
Сарвари давлат таъкид карданд, ки соли 2020 барои давлатҳои дунё, аз ҷумла кишвари мо, хеле соли мушкилу пурмуаммо буд, вале тадбирҳои судманди сари вақт андешидаи Ҳукумати мамлакат ва ҷасорату мардонагӣ, сабру таҳаммулпазирию хирадпешагии азалии мардуми Тоҷикистон имкон фароҳам овард, ки шиддати таъсири манфии пандемия ба иқтисодиёти давлат ба ҳадди имкон паст ва омилҳои ниҳоят хатарноки он ба иқтисодиёту зиндагии сокинони ҷумҳурӣ пешгирӣ карда шавад.
Натиҷаи ҳамин буд, ки соли гузашта, новобаста ба мушкилоти хеле ҷиддии пешомада, иқтисодиёти кишвар 4,5 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 млрд. сомонӣ баробар гардид. Истеҳсоли маҳсулоти озуқа нисбат ба соли 2019-ум 28,3 фоиз афзоиш ёфта, баҳри ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ мусоидат намуд.
Барои чунин фидокорию муносибатҳои ватанпарастона Пешвои миллат ба табибону кишоварзон, соҳибкорону ҳамаи он шаҳрвандони кишвар, ки сиёсати иқтисодию иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ намуда, баҳри тақвият бахшидани корҳои ободонию созандагӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд, арзи сипос намуда, умед ба он карданд, ки то ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ мардуми тоҷик иқдомҳои бештари бунёдкориро амалӣ хоҳанд намуд.
Таъкиди он бамаврид аст, ки паёмҳои ҳарсолаи Президенти кишвар вобаста ба талаби айём ва зарурати аввалиндараҷа доштани қабули қарорҳои дахлдор дар самтҳои сиёсати дохилию хориҷӣ таҳия мешаванд. Дар Паёми имсола низ Пешвои миллат ба масъалаҳои бартараф намудани паёмадҳои нохуши пандемия, тарбияи ахлоқию хештаншиносии ҷавонон, рушди бонизоми илму фарҳанг, дарёфти роҳҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ҷалби таваҷҷуҳи насли ҷавон ба хондани китоб, омӯзиши фанҳои дақиқ, фарогирии бештари занону духтарон ба корҳои роҳбарикунанда ва ҳар чӣ зудтар ҷорикунии иқтисодиёти рақамию амалигардонии босамари барномаҳо вобаста ба фаъолсозии ҳукумати электронӣ эътибори махсус доданд. Агар ин дастурҳои Сарвари давлатро ҳар як шахси ваколатдор ва сокини кишвар ба хубӣ дарк карда, баҳри таъмини иҷрои онҳо чораандешӣ намояд, бо итминон метавон гуфт, ки аксар муаммои мавҷуда ҳал гашта, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи сазоворро ишғол карда, ҷиҳати амалигардонии ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат қадамҳои устувор гузошта мешаванд.
Баҳои баланди Пешвои миллат ба ақлу заковати насли ҷавон, ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ, пешниҳодҳои дурандешонаашон дар бораи аз 1-уми сентябри соли 2021 ба андозаи 30 фоиз зиёд намудани идрорпулиҳои донишҷӯён, магистру аспирантҳо ва докторантҳо, зина ба зина мустаҳкам намудани заминаҳои моддӣ — техникии муассисаҳои таҳсилоти томактабию умумӣ, дигар муассисаҳои олию касбомӯзӣ, ҷорӣ намудани фишангҳои ҳавасмандгардонии устодону волидайни толибилмони донишманду фаъол, бидуни имтиҳони тестӣ ба донишгоҳҳои олӣ қабул намудани ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ, омодасозии захираи кадрҳои соҳибтахассусу ватанпараст боз як далели ғамхории бемисли роҳбарияти олии мамлакат ба ҷавонон ва рушди ояндаи давлатдории миллӣ мебошад.
Дар Паёми Пешвои миллат ба масъалаи муҳими дигар, яъне, пурра гузаштани субъектҳои хоҷагидорию давлатӣ ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва низоми маблағгузории электронӣ (аз ҷумла ҷорикунии низоми хариди электронии давлатӣ) таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, бобати аз аудити ҳарсолаи ҳатмӣ гузаштани субъектҳои дорои манфиати умум дастурҳои мушаххас дода шуд, ки иҷрои саривақтии ин талабот, бешубҳа, ба афзоиши ҳаҷми сармоягузориҳои мустақим мусоидат мекунад. Дар ин раванд, тибқи супориши Пешвои миллат, таъсиси Агентии инноватсия ва технологияҳои рушди рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ хеле бамаврид буда, ба вусъати корҳо бобати рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва амалӣ намудани лоиҳаи ҷорикунии ҳукумати электронӣ шароит фароҳам меорад.
Зикр кардан бамаврид аст, ки амалигардонии ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумат – саноатикунонии босуръати кишвар Тоҷикистонро аз давлати аграрӣ – индустриалӣ ба кишвари индустриалӣ – аграрӣ табдил дода, зина ба зина сатҳу сифати зиндагии мардум беҳтар хоҳад шуд ва дар ин бобат ҳангоми ироаи Паём Сарвари давлат шарҳу далелҳои мушаххасро баён доштанд. Аз ҷумла, тадбирҳои дар самти рушди саноат андешидаи Ҳукумати мамлакат имкон дод, ки танҳо дар зарфи панҷ соли охир корхонаҳои истеҳсолии кишвар беш аз 44 миллиард сомонӣ маҳсулоти ивазкунандаи воридот истеҳсол карда, вобастагии бозори истеъмолӣ аз маҳсулоти воридотӣ коҳиш дода шавад.
Бо мақсади аз хатари норасоии маҳсулоти ғизоӣ эмин доштани аҳолии мамлакат ва ҷилавгирӣ аз таъсири манфии пешгӯиҳои мутахассисон доир ба вазъи буҳронии дар ин самтҳо оламро фарогиранда, бо пешниҳоди Пешвои миллат соли 2021 кишоварзони ҷумҳурӣ аз пардохти андози ягона озод карда мешаванд.
Ин иқдоми Роҳбари оқилу дурандеши кишвар дар ҳолати аз тарафи мардум самаранок истифода бурдани заминҳои ба онҳо вобасташуда метавонад сокинонро аз хатари норасоии маҳсулоти ғизоӣ раҳоӣ бахшад ва бозори дохилӣ бидуни мушкилоти ҷиддӣ, бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ғанӣ гардонида шавад.
Карамулло ОДИЛОВ,
собиқадори хизмати давлатӣ,
Корманди шоистаи Тоҷикистон