Роҳҳо — василаи расидан ба зиндагии шоиста

№92 (4675) 14.07.2023

Фабрика форматовИзображение WhatsApp 2023-07-11 в 08.59.35Муҳтавои ин нукта дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар 23-юми декабри соли 2022 чунин баён гардидааст: «Дар ин ҷода, ба роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат зарур аст, ки бо истифода аз имконияту ташаббусҳои созандаи соҳибкорону шахсони саховатманд корҳоро дар самти бунёду азнав­созии роҳҳои дохиливу байни деҳаҳо, маҳалҳои аҳолинишин ва марказҳои шаҳру ноҳияҳо фаъол гардонанд».

 Аз рӯзҳои аввали истиқлолияти давлатии кишвар сохтмону таъмири роҳҳо ҳамчун авлавият дар мадди назари Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад, чунки таъмири роҳ воситаи расидан ба сатҳи шоистаи зиндагӣ ва шароити мусоиди зист мебошад.

Манзур аз матлаби зикр­шуда таъмиру навсозии роҳҳои маҳаллии деҳоти «Даҳана» ва «Зиракӣ»-и шаҳри Кӯлоб мебошад, ки солҳост боиси ташвиши ронандаҳо ва сокинони он маҳал гардидаанд. Роҳҳои мавриди назар ба Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Кӯлоб мансубанд. Ба муассисаи мазкур 181,9 километр роҳи маҳаллӣ, 26,1 километр роҳи ҷумҳуриявӣ ва 18 километр роҳи моҳияти байналмилалидош­та шомил мебошанд. Айни замон аз нисф зиёд — 100 километри роҳҳои моҳияти маҳаллидош­та таъмирталабанд.

 Роҳҳое, ки боиси нигаронист, дар деҳоти «Даҳана» ва «Зиракӣ»: Даҳана — Хонобод 12 км, Даҳана — Зиракӣ — 6,8, Даҳана — Тангатовтӣ — 6, Хонобод — аэропорт — 17, Даҳана — Кӯл — 7,1, Мирапоқ — Анваробод 3,5 километрро ташкил медиҳанд.

Имрӯз ҳаракат дар ин роҳҳо хеле дилгиркунанда аст. Ин роҳҳо се деҳот ва се ноҳия – Ховалинг, Муъминобод ва Восеъро бо ҳам пайваста, рафтуомад дар ин масир хеле фаъол аст, зеро аҳолии фақат як деҳоти «Даҳана» 35 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд.

Дар гузашта мардум барои ободонӣ ва рушди деҳаҳои хеш талош мекарданд. Ин як ҷузъи фарҳанги суннатии мо буд ва бояд таъкид кард, ки ватандорӣ ва эҳсонкорӣ кори хайр аст. Ин суннати таърихиро бояд эҳё кард. Аз ин хотир, соҳибкорон метавонанд бо ташаббус дар рушди роҳҳои маҳаллӣ саҳми бориз гузоранд. Ин нуктаро дар Паём дарҷ кардани Президенти кишвар низ бо мақсади беҳтар намудани вазъи роҳҳо, дастгирии соҳибкорон, дар маҷмӯъ рушди ҳамаҷонибаи деҳоти кишвар, мебошад.

 Бахшида ба истиқболи арзанда аз Ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо ташаббус ва дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳо корҳои зиёде ба анҷом расонида мешаванд. Онҳо бо садоқат, дасту дили пок ва арзишҳои волои ватандорӣ дар ободонии диёри хеш саҳм мегузоранд. Масалан, соҳибкорон аз деҳоти «Ватан» -и ноҳияи Фархор дар мумфарш намудани роҳҳои маҳаллӣ саҳм гузоштанд. Дар ноҳияи Восеъ бо ташаббуси рӯзноманигор Садриддин Ҳасанзод ва дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ 7 километр роҳи нақлиётгарди Кадучӣ — Ғаллазор, ки 40 сол рӯи таъмирро надида буд,  навсозӣ шуд. Иқдому тасмим ва таҷрибаи хуби соҳибкорон лоиқи дастгирист.

- Ин роҳҳо зиёда аз 40 сол аст, ки бетаъмиранд. Мо андози роҳ месупорем, литсензия мегирем, вале барои мусофиркашонӣ даҳҳо монеа ва мушкилот мавҷуд аст. Инро ҳар як ронандаи мусофиркаш медонад. Хизмати мо ба он хотир аст, ки барои қутти лоямут маблағ ёбем. Дар чунин роҳҳо сӯзишворӣ зиёд сарф мешавад, мошин пеш аз муҳлат фарсуда мешавад. Мо дар чунин роҳҳои душворгузар мусофир мекашонем ва мусаллам аст, ки мусофирон ҳам аз кори мо қаноатманд нестанд. Дар фасли зимистону баҳор бо мошинҳои ифлос ба шаҳр воридшавӣ аз рӯи одоб нест ва дар ҳар гардиш гирифтори маломат ва сарзаниши кормандони БДА мегардем, ки ин барои ронанда хушоянд нест. Бинед таъмир накардани роҳҳо чӣ мушкилоте ба бор меоварад, — мегӯянд ронандаҳо.

 Ҳоли табоҳи ин роҳҳои мошингард на танҳо ронандаҳо, балки пиёдагардонро низ нороҳат кардааст, чунки ба онҳо низ мушкил эҷод мекунад.

 - Барои ба манзил расидан вақти зиёд зоеъ мешавад. Кори таъҷилиро сари вақт ба анҷом расондан мушкил аст. Тасаввур кунед, ягон беморро фавран ба шифохона бурдан лозим! Ронандаҳо бошанд, маблағи сӯзишвории зиёди харҷшударо аз ҳисоби мусофирон ҷуброн мекунанд. Бе ин ҳам намешавад. Бо назардошти афзоиши бемайлони аҳолӣ теъдоди нақлиёт афзуда, мушкилоти роҳҳои автомобилгард ҳам печидатар мегардад. Роҳи ҳалли мушкилот, ин таъмири роҳҳо мебошад. Аз ин лиҳоз фарҳанги роҳдорӣ бояд риоя шавад, — гуфт сокини деҳаи ба номи Шералӣ Файзалии деҳоти «Даҳана» Ҳақдод Қаюмов.

 Як сабаби ба ин ҳол афтодан ва аз мадди назар дур мондани ин роҳҳо барҳам додани фабрикаҳои мурғпарварӣ ва чорводорӣ дар деҳоти «Даҳана» мебошад. Агар дар ин масир корхонаҳои истеҳсолӣ мавҷуд мебуд ё ин корхонаҳо побарҷо мешуданд, рафтуомад шакл ва мазмуни дигар мегирифт, таъмири роҳ ба гӯшаи хотири касе мезад ва вазъи роҳҳо низ ба ин ҳолат намеафтиданд.

Агар дар баробари муассисаҳои давлатӣ соҳибкорон низ дар таъмири роҳҳо саҳм мегузоштанд, ҳам дастури Президенти кишвар иҷро мегардиду ҳам мушкилоти роҳ ҳал пайдо мекард.

 Мардум ба он боваранд, ки вақте корҳо дар самти бунёду азнавсозии роҳҳои дохилию байни деҳаҳо дар сатҳи боло мавриди таваҷҷуҳ қарор мегирад, шояд Ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки мақсад аз он вусъатбахшии бунёдкорию созандагӣ, ободу зебогардонии гӯшаю канори кишвар мебошад, ба ин таъсиргузор шавад. Чуноне Президенти мамлакат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар қайд карданд: «Ҳоло дар соҳаи нақлиёт боз 17 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 11 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст. Истифода ва татбиқи барномаҳои мазкур имкон медиҳад, на танҳо шоҳроҳҳо, балки роҳҳои маҳаллии солҳои сол таъмирталаб низ таъмир карда шаванд».

 Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Кӯлоб, ба чӣ боваранд?! Бешубҳа, тасмим, дастгирӣ ва масъулиятшиносии онҳо қодир аст, боиси таъмиру таҷдиди роҳҳо дар ин масири сернуфус гардад. Модом ки роҳро василаи расидан ба сатҳи шоистаи зиндагӣ мегӯем, пас биёед, дар таъмири онҳо бетавофут набошем.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

 «Садои мардум»