Омодагӣ ба зимистон

Роҳсозон аз санҷиши аввал гузаштанд

№136 (3282) 18.11.2014

Нахустин бориши барф шаби 6-7 ноябри соли ҷорӣ барои бисёр соҳаҳо санҷиши аввалин буд ва сатҳи омодагии онҳоро ба зимистони навбатӣ нишон дод. Барқ ва нақлиёт аз ҷумлаи воситаҳои муҳими ҳаёт аст. Тавре аён гардид, рӯзҳои зикргардида дар масъалаи таъмини аҳолии баъзе минтақаҳо бо барқ мушкилот ба вуҷуд омада, боиси ташвишҳо гардид. Роҳбари дастгоҳи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аслонбек Абдураҳмонов муътақид аст, ки роҳсозон аз санҷиши аввал бо сарбаландӣ гузаштанд. Тадбирҳои пешакӣ андешидаи вазорат бобати омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015 низ имкон дод, ки рӯзҳои шашум ва ҳафтуми ноябри соли ҷорӣ роҳҳои ағбаҳои баландкӯҳ аз барф сари вақт тоза ва ҳаракати мунтазами нақлиёт таъмин карда шавад. Дар ин рӯзҳо илова ба навбатдорон, ки шабонарӯз фаъолият мекунанд, гурӯҳи масъулони вазорат ба яке аз шоҳроҳҳои асосии кишвар- Душанбе-Чанок фиристода шуд. Бояд тазаккур дод, ки барои мавсими сармо тамоми техникаю механизмҳо пурра омода буда, дигар шароит низ муҳайё гардидааст. Коргарони идораҳои нигоҳубини роҳҳо бо либоси гарм ва пойафзол таъминанд. Нақшаи захираи маводи зидди лағжиш 103 фоиз иҷро гардида, дар анборҳо 57 ҳазору 721 метри мукааб чунин мавод захира шуд.  Ҳамзамон беш аз 195 тонна ангишт, 444,5 метри мукааб ҳезум ва ба қадри зарурӣ сӯзишворӣ омода гардидааст ва дар мавриди лозима истифода бурда мешавад.

Имсол тасмим гирифта шудааст, ки дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Кулма низ ҳаракати нақлиёт дар тамоми фасли сол таъмин карда шавад. Ба ин хотир коргарон ва техникаи зарурӣ ба он ҷо сафарбар гардидааст.

-Санҷишҳои мушкил дар пеш аст. Боварӣ дорем, ки тадбирҳои сари вақт андешида имкон медиҳад дар фасли сармо тамоми роҳҳоро дар ҳолати хуб нигоҳ дошта, ҳаракати мунтазами нақлиётро таъмин намоем, — гуфт  А. Абдураҳмонов.

Б. КАРИМЗОДА,  «Садои мардум»