Роҳсозонро дуое мерасад

№151 (3945) 20.12.2018

DSCN8896Имрӯз ба кадом гӯшаи кишвар равем, пеш аз ҳама, роҳҳои тахту ҳамвор диққатамонро ҷалб менамояд. Даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳҳои ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ зиёд сохта шуданд. Сифати онҳо  хуб буда, аз ҷониби коршиносони хориҷиву дохилӣ баҳои баланд гирифтаанд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон перомуни ин масъала дар  Паёмашон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ёдовар шуданд, ки: «Тибқи рейтинги Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ, дар доираи нишондиҳандаи қобилияти рақобати байналмилалӣ Тоҷикистон аз ҷиҳати сифати роҳҳо ва рушди инфрасохтор мавқеи хубро ишғол намуда, дар ин ҷода ба ҳайси кишвари пешқадам дар минтақа арзёбӣ гардид. Вале бо вуҷуди ин, мо бояд дар самти бунёди роҳҳо ва ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ гардонидани онҳо корҳои зиёд­ро ба анҷом расонем.».

Сокинони кишвар заҳматҳои Пешвои миллатро медонанд ва қадр мекунанд. Мардони заҳматкашу миллатдӯст ҳамеша пайи он саъй менамоянд, ки дар ободонӣ, хусусан бунёд ва таъмиру тармими роҳ  ширкат варзанд, мушкилоти рӯзро ҳал намоянд, ба миллат хизмати сазовор карда, дар рушду нумуи кишвар ҳисса гузоранд. Ниёкон оид ба муҳимияти бунёди роҳ, тоза нигоҳ доштани он панду андарзи зиёд гуфтаанд. Ҳатто аз роҳ бардоштани санге, кори савоб дониста мешавад.

Дар ноҳияи Нуробод як қисмати шоҳроҳи Душанбе-Рашт-сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон осебпазир буд ва ҳар сол дар натиҷаи офатҳои табиӣ хароб гардида, мусофирон ҳангоми сафар ба мушкилӣ мувоҷеҳ мешуданд. Хоса дар фасли зимистон баъзан маҷбур мешуданд, ки то тоза кардани роҳ интизорӣ кашанд. Бахусус, дар минтақае, ки баъд аз ба охир расидани сохтмони НБО-и «Роғун» зери об мемонад.

Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ибтикори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод ва Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва ноҳияи Рашт бо ҷалби соҳибкорон  беш аз 12 километр роҳ таъмири асосӣ карда шуд.

Он кори осон набуд.  Дар натиҷаи боридани барфу борон ва кӯчидани кӯҳ  сол то сол дар баъзе мавзеъҳо бари роҳ танг гардида буд. Дар баъзе ҷойҳо як мошин бо азоб меғунҷид.  Ба воситаи техникаҳои пуриқтидор тоза кардан ва ҳамвор намудан вақт, маблағ ва заҳмати зиёдро металабид. Дар ҳалли ин муаммо раиси ноҳияи Нуробод Ҳасан Дӯстзода ва сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва ноҳияи Рашт генерал-майори милитсия  Сафиаллоҳ Азизуллозода тавонистанд саҳми сазовор гузоранд, ки раҳгузарон ғамхории онҳоро то дер гоҳ фаромӯш нахоҳанд кард. Ин ду ҷавонмарди хайрхоҳ ва кордон тавонистанд соҳибкорони ноҳияҳои Нуробод ва Раштро ба таъмири асосии роҳ ҷалб намоянд. Сокинони ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо барои зудтар ба истифода додани қитъаи роҳ ҳашар намуданд, ки гувоҳи ҳамдиливу ваҳдати сокинони ноҳия аст.

- Генерал-майор Сафиаллоҳ Азизуллозода дар корҳои созандагию ободкории Нуробод, бо вуҷуди серкорӣ, мунтазам ширкат меварзад. Ҷавонмард аст. Метавонад мақсадро бо хубӣ ба мардум фаҳмонад. Натиҷаи ҳамин аст, ки мардум  ӯро эҳтиром менамоянд ва дар корҳои ҷамъиятию созандагӣ ба ӯ фаъолона пайравӣ менамоянд.  Мо хурсандем, ки бо талошҳои вай сохтмони роҳ дар муҳлати кӯтоҳ ба анҷом расонда шуд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Нуробод саҳми ӯро дар корҳои ободонӣ ва созандагӣ ба инобат гирифта, бо қарори раиси ноҳия ба генерал-майор Сафиаллоҳ Азизуллозода унвони «Шаҳрванди фахрӣ»-и Нуробод дод, — гуфт дар суҳбат  раиси ноҳия  Ҳасан Дӯстзода.

- Мо — соҳибкорон талошҳои раиси ноҳияи Нуробод ва сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Раштро  дар таъмиру тармими шоҳроҳ медидему хурсанд мешудем,- мегӯяд соҳибкори муваффақ Муҳиб Бобоҷонов. — Иқдоми наҷиби ду роҳбар мо — соҳибкорони минтақаро водор намуд, ки дар ин кори хайр саҳмгузорӣ кунем.

Қитъаи роҳ ба истифода дода шуд. Ҳар рӯз аз он ҳазорон мусофир гузашта, дар ҳаққи роҳсозон дуои нек мекунанд. Дуо мекунанд, ки ҳамеша осмони Тоҷикистони азизамон софу беғубор бошад.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»