Руҳбаландии мардум баръалост

№ 19.01.2024

Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ гурӯҳҳои тарғиботӣ- ташвиқотӣ таъсис дода шуда, ба маҳаллаҳо сафарбар гардиданд.

Ба ҳайати ин гурӯҳҳо собиқадорон, омӯзгорон ва дигар ашхоси барӯманд  шомил  мебошанд.

Ба иттилои мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Лутфулло Наврӯзов, гурӯҳҳо дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия вохурӣ  гузаронда, муҳтавои Паёмро ба мардум расонданд.

- Баланд бардоштани маоши кормандони соҳаҳои гуногун, аз ҷумла омӯзгорон, аз ғамхориҳои навбатӣ мебошад, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардид, — иброз шуд зимни вохӯриҳо.

- Ҷавобан ба ин ғамхории Сарвари давлат мо, омӯзгорон, вазифадорем, ки таълиму тарбияро беҳтар ба роҳ монда, шогирдони сазоворро ба воя расонем, — иброз доштанд омӯзгорони ноҳия.

Пайшамбӣ ШОҲЗОДА,

 «Садои мардум»