Рустами ЭМОМАЛӢ: Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе баҳри рушди босуботи пойтахти мамлакат ва иҷрои қонунҳо корҳои муайянро ба сомон расониданд

№ 24.12.2019

Рустам 23 декабри соли ҷорӣ таҳти раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Иҷлосияи бисту дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати панҷум доир гардид, ки дар он масъалањо оид ба  «Ҳисоботи раиси шаҳри Душанбе «Оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2019», «Лоиҳаи буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2020 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2018», «Вазъи иҷрои барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соҳаи кор бо занон ва оила», «Натиҷаҳои фаъолияти Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум ва тасдиқи қарорҳои раиси шаҳри Душанбе» баррасӣ гардиданд.

Дар ҳисоботи раиси шаҳри  Душанбе  ќайд  шуд, ки маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар семоҳаи сеюми соли 2019 ба 10 миллиарду 342,1 миллион сомонӣ баробар гардид ва суръати афзоиши воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,8 фоиз, саҳми он дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 19,6 фоиз афзоиш ёфт.

Зикр гардид, ки  дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳри Душанбе  62 адад корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ  бо фарогирии  810  ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.

Баъди таҳлилу баррасии масъалаи мазкур Рустами Эмомалӣ ба масъулин ҷиҳати таъмин намудани рушди минбаъдаи нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳр то ҷамъбасти соли 2019  дастуру супоришҳо дод.

Иҷлосия нақшаи буҷети шаҳри Душанберо барои соли 2020 аз рӯйи нишондиҳандаҳои даромад ба маблағи 3150495  (се миллиарду 150 миллиону чорсаду наваду панҷ ҳазор) сомонӣ тасдиқ намуд.

ЗалСипас, ҳисоботи раисони комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба фарҳанг, маориф, илм ва инноватсия ва назорати риояи Дастури Маҷлиси вакилони халқ шунида шуд. Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муваззаф гардиданд, ки то поён ёфтани ваколаташон фаъолияти худро  ба таври  самаранок ба роҳ монанд.

Раиси шаҳр таъкид намуд, ки барои вакилони халқ боиси ифтихору сарфарозист, ки дар давраи фаъолияти худ ирода ва манфиати мардуми шаҳри Душанберо ифода намуда, баҳри рушди босуботи пойтахти мамлакат ва иҷрои қонунҳо дар маҳал корҳои муайянро ба сомон расониданд.

Дар робита ба масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

 Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»