Саҳми соҳибкорон дар таъмири роҳҳо назаррас аст

№ 10.01.2024

Соли 2023 дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бо харҷи беш 46,5 миллион сомонӣ роҳҳою пулҳо аз таъмир бароварда шуданд, ки ин нишондод дар қиёс соли 2022-юм 8 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Тавре зимни суҳбат сардори Муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард»-и минтақаи Бохтар Нусратулло Ҳақназаров иброз намуд, соли сипаригардида соҳибкорони маҳаллӣ ба маблағи беш аз 34 миллион сомонӣ 73,3 километр роҳро мумфарш ва 134,5 километр роҳи дигарро бо харҷи беш аз 4,4 миллион сомонӣ сангфарш намуданд. Инчунин, бо саҳми онҳо 24 пул ва як қубури калонҳаҷам аз таъмир бароварда шудааст.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

  «Садои мардум»