Саҳми вакилон дар таъмини иҷрои қонунҳо назаррас аст

№85 (4191) 14.07.2020

Вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Айнӣ фаъолиятро ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон, волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини иҷрои қонунҳо ва барномаву стратегияҳои давлатӣ, аз ҷумла «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» ба роҳ монда, дар ин самт як қатор корҳоро ба сомон расонданд.

- Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ аз омилҳои муҳимест, ки аҳолиро ба иҷрои қонунҳои амалкунанда ва суботу устувории ҷомеа раҳнамун месозад. Аъзои комиссияи доимӣ аз Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон илҳом гирифта, бобати вусъатбахшии корҳои фаҳмондадиҳӣ як силсила тадбирҳоро роҳандозӣ намуданд. Назорати риояи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи муроҷиати шахсони вақеӣ ва ҳуқуқӣ» ва «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» маҳаки асосии фаъолияти моро ташкил медиҳад, — иброз дошт раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба масъалаҳои қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ Туҳфа Туйғунова.

Тавре ӯ ­зикр кард, тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» то моҳи июни соли ҷорӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ 841 муроҷиат (665 муроҷиати хаттӣ, 176 шифоҳӣ) ва аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ шаш муроҷиат ба қайд гирифта шуд, ки мақомоти дахлдор дар муҳлати муайяншуда онҳоро мавриди таҳлил қарор доданд.

Дар ин давра комиссия бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ ва кӯшиш кард, ки ҷинояткориро тавассути вусъат бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ коҳиш диҳад, аммо, тавре аз таҳлилҳо бармеояд, ҳоло ҳам сатҳи маърифати ҳуқуқии мардум ба талабот ҷавобгӯ нест. Масалан, дар панҷ моҳи соли ҷорӣ бо сабаби риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» аз ҷониби кормандони ШВКД-и ноҳия панҷ протоколи маъмурӣ тартиб ва ба суд ирсол шудааст.

- Кор дар самти таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» низ беҳбудиро тақозо дорад, чунки ҳолатҳои риоя накардани меъёрҳои он назар ба соли гузашта афзоиш ёфтааст. Соли равон 10 нафар бо қарори суди ноҳия ҷарима гардиданд. Нуҳ нафари дигар аз ҷониби мақомоти марбута огоҳӣ гирифтаанд, — зикр кард номбурда.

Назар ба қавли Туҳфа Туйғунова, ҷиҳати таъмини иҷрои «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» ва огоҳии аҳолӣ аз оқибати амалҳои зиддиҳуқуқӣ низ тадбирҳои судманд андешида шудаанд. Аз ҷумла, аъзои гурӯҳҳои ташвиқотии назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зиёда аз 40 маротиба бо кормандони ташкилоту муассисаҳо, хонандагони муассисаҳои таълимӣ, донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ, литсейи касби техникии № 53 мулоқоту суҳбат гузаронида, дар бораи фаъолияти ташкилотҳои экстремистӣ – террористӣ ва вазъи мубориза бо экстремизм ва терроризм маълумот додаанд.

Дар доираи иҷрои ­стратегияи зикршуда ва пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ масъулини шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия бобати бо ҷойи кор таъмин намудани ҷавонони бешуғл чораҳои зарурӣ андешидаанд. Дар панҷ моҳи соли равон ба шуъбаи мазкур 773 нафар муроҷиат намудаанд, ки 201 нафарашро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз ин шумора 81 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин ва 120 кас ба курсҳои касбомӯзӣ фаро гирифта шудаанд. Ҳамчунин, ба 16 нафар барои рушди соҳибкории хурду миёна ба маблағи 37150 сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шудааст.

- Вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия дар ҳайати комиссияҳои доимӣ минбаъд низ дар ҳамкорӣ бо фаъолон, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, ташкилоту муассиса ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҷиҳати таъмини иҷрои қонунҳо, барнома ва стратегияҳои давлатӣ, тарғиби дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, таҳкими Ваҳдати миллӣ ва ободу зебо гардонидани диёр ҷаҳду талош хоҳанд кард, — афзуд Т. Туйғунова.

Дар маҷмӯъ, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Айнӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, ҷилавгирӣ аз хушунату зӯроварӣ, издивоҷи хешу табори наздик ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, бунёди ҷомеаи солим ва таъмини иҷрои қонунҳо саҳми назаррас доранд.

Рӯзибойи УМАР, «Садои мардум»