Пешсафони обуна - 2016

«Садои мардум» рӯзномаи рӯимизии мо мебошад,

№163 (3464) 01.12.2015

DSC00844- иброз дошт раиси ноҳияи Шуғнон Азиз Гиёев

- Гарчанде имрӯз дар олам воситаҳои  нави иттилоотонӣ мавҷуд  бошанд ҳам, мардуми ноҳияи Шуғнон бештар ба воситаҳои чопии ахбори омма рӯ меоранд, зеро мардум дар ҳар давру замон аз рӯйдодҳои гуногуни ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, инчунин тамоми навигариҳои дохилу хориҷи кишвар маҳз ба воситаи рӯзномаву маҷаллаҳо иттилоъ мегирифтанд, — гуфт зимни суҳбат бо мо раиси ноҳияи Шуғнон Азиз Гиёев ва афзуд:

- Рӯзномаи «Садои мардум» нашрияи мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат буда, дар он рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, инчунин фаъолияти вакилони халқ дар Парлумон оид ба таҳияи қонунҳои ҳаётан муҳим инъикос мешаванд, ки барои пешбурди фаъолияти ҳамарӯзаи  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва сохторҳои он заруранд.

- Ҳарчанд соли 2015 барои сокинони ноҳия хеле мушкил буд, онҳо шикастарӯҳ нашуданд ва тамоми душвориҳоро бо дастгирии Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кӯтоҳ паси сар карданд. Мо дар ҳамдастӣ тавонистем оқибатҳои офати табииро, ки ба хоҷагии халқ зиёда аз 60 миллион сомонӣ зарар расонид, бартараф намоем ва мардумро ба оянда дилпур созем. Аз ин хотир, дар ноҳия  маъракаи обунашавӣ нисбат ба дигар минтақаҳо ду моҳ дертар оғоз ёфт. Мо барои муташаккилона гузаронидани маъракаи обуна ситоди доимоамалкунанда таъсис додем. Дар натиҷа, тӯли моҳи гузашта сокинони ноҳия ба 17 номгӯй рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ба миқдори 5703 нусха обуна шуданд, -  иброз дошт дар идома Азиз Гиёев.

Раиси ноҳияи Шуғнон аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, ки кормандони рӯзномаи «Садои мардум» ҳамеша бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, ҷамоатҳои деҳот, корхонаю муассисаҳо робитаи доимӣ дошта, аз пешрафти кори заҳматкашон, умури созандагию бунёдкорӣ маводи ҷолибро дар саҳифаҳои рӯзнома рӯи чоп меоранд. Маҳз аз ҳамин хотир тамоми ташкилоту идораҳои ноҳия, ҷамоатҳои деҳот ва шахсони алоҳида ба рӯзномаи дӯстдоштаи худ «Садои мардум» обуна шуданд.

- Бо истифода аз ин минбари баланд мехоҳам зикр кунем, ки мардуми шарифи ноҳияи Шуғнон аз дастгирии ҳамешагии Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон барои ободонию созандагии ноҳия сипосгузор буда, сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаашонро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд ва кӯшиш мекунанд, ки баҳри пешрафту шукуфоии Ватани азиз саҳми бештар гузоранд, — илова кард Азиз Гиёев.

Ш. ШОҲҚОСИМОВ,  «Садои мардум»