Санади муқаддас

№129 (3275) 04.11.2014

Пас аз барқарор гардидани ҳокимияти конститутсионӣ дар кишвар зарурияти ба таври расмӣ муайян намудани роҳи минбаъдаи кишвар ва тараққиёти самтҳои гуногуни ҳаёти он, инчунин мутобиқ намудани  қонунгузорӣ ба ҳаёти воқеии ҷомеа, хосса ба падидаҳои демократӣ ва иқтисоди бозорӣ ба миён омад. Зеро дар он асно кишварҳои собиқ шӯравӣ аксаран роҳи ҷомеаи демократиро пеша намуда, ҳаёти сиёсию иқтисодии худро тавассути қабули санадҳои ҳуқуқӣ, пеш аз ҳама, қабули Конститутсияи худ ва таъсису роҳандозии сохторҳои дахлдори давлатию ғайридавлатӣ ба сохти ҷомеаи демократӣ мувофиқ намуданд. Ба созандагию бунёдкорӣ шурӯъ карданд ва бо кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон равобити сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву иҷтимоӣ барқарор намуданд.

Бо ин мақсад ва бо ташаббуси Сарвари Тоҷикистон — Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби мутахассисони соҳаҳои гуногун, махсусан ҳуқуқшиносони варзида, комиссияи конститутсионӣ таъсис дода, ба ин комиссия таҳияи лоиҳаи Сарқонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти талаботи замони муосир, супурда шуд.  Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи ХVI таърихӣ дар шаҳри Хуҷанд  эълон дошт, ки Тоҷикистон дар оянда бояд ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона рушд кунад. Ин ақида ва пешниҳод ба тақдири минбаъдаи кишвар бетаъсир намонд ва барои як давлати ягонаю демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ арзи вуҷуд кардани Тоҷикистон нақши муҳим касб намуд.

Бо дарназардошти таклифу пешниҳодоти мардуми кишвар ва ташкилоту идораҳо аз тарафи комиссияи таъсисёфта лоиҳаи Сарқонуни кишвар иборат аз 10 боб ва 100 модда таҳия гардид, ки 6 ноябри соли 1994 бо номи «Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд.

Мувофиқи моддаи 1 Конститутсияи нав Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардид. Ва мувофиқи моддаи 6-и ин санади муҳиму муқаддас халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон эътироф карда шуд. Бо пайвастагӣ ба ин меъёр тибқи моддаи 9-и санади мазкур ҳокимияти давлатӣ ба се шоха, аз ҷумла ҳокимияти қонунгузор, ҳокимияти иҷроия ва ҳокимияти судӣ ҷудо карда шуд. Ҳамчунин гуногунандешӣ, ки хоси ҷомеаи демократӣ аст, эътироф гардид.

Президенти муҳтарами кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ гуфтаанд: «Сарқонун озодию ободӣ аст, шукуфоӣ ва пешрафт аст, фарҳангу тамаддун аст, роҳи муайяну мустақими имрӯзу фардои мардуми тоҷик аст.».

Бояд гуфт, ки ҷавҳари асосии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ташкил медиҳад. Зиёда аз се як ҳиссаи Конститутсия ба ҳуқуқҳои инсон бахшида шудааст. Ҷиҳати таъмини талаботи Конститутсия чораҳои қонунии таъсиррасонӣ, ба монанди  ҷазои ҷиноятию маъмурӣ, ҷавобгарии моддию маънавӣ ва интизомӣ муқаррар ва барои татбиқи онҳо мақомоти дахлдори давлатӣ таъсис дода шуд. Зеро инсон худ ҷавҳари ҳастӣ аст ва месазад, ки чунин ғамхорӣ дар ҳаққи ӯ пешбинӣ шуда бошад. Бо дарназардошти вазъи онрӯзаи кишвар ба Конститутсияи кишвар тавассути раъйпурсии умумихалқӣ ду маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.

Дар иртибот ба ин санади таърихӣ дар самти қонунгузорӣ дигаргуниҳо ба миён омад. Маҳз аз ҳамин давра сар карда, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон рушд ёфта, қонунҳои нави соҳавӣ қабул шуданд, чандин санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардиданд, ки онҳо ҷузъи қонунгузории Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёде таҳия ва қабул карда шуданд, ки ҷавобгӯйи талаботи меъёрҳои пазируфтаи умумибашарӣ, пеш аз ҳама, ҷавобгӯ ба талаботи ҳуқуқҳои табиии инсонҳо мебошанд.

Конститутсияи мо хусусияти умумиҳатмӣ дорад ва муайянкунандаи рамзу арконҳои асосии давлатӣ, муқарраркунанда ва ҳимоякунандаи ҳуқуқи инсон аст. Воқеан ҳам Бахтномаи миллат аст. Аз ин рӯ, месазад, ки мо ба он эҳтиром гузорем ва меъёрҳои онро риоя кунем.

С. ШОНАЗАРОВ, ҳуқуқшинос, Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3