10 декабр - Рӯзи ҳуқуқи инсон

Санади ҳуқуқие, ки ба китоби рекордҳои Гиннес дохил шудааст

№151 (3631) 10.12.2016

DSC_1907Мусоҳиба бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода

- Ҳар гоҳ ки сухан дар бораи ҳуқуқи инсон меравад, пеш аз ҳама, Эъломияи умумии ҳуқуқи башар пеши назар меояд. Дар бораи ин санади байналмилалӣ, ки санадҳои дигари марбутаи ҳуқуқи инсон аз он маншаъ мегиранд, маълумот медодед.

- Ин санади меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ, ки дар  Иҷлосияи Ассамблеяи генералии СММ 10 декабри соли 1948 қабул шудааст, 30 ҳуқуқи бунёдии инсонро ҳамчун асоси ҷомеаи  демократӣ дар бар мегирад. Он санади ҳуқуқиест, ки ба бисёр забонҳои дунё (350 забон) тарҷума ва ба ин хотир ба китоби Рекордҳои Гиннес дохил шудааст.

Аввалин санад дар бораи ҳуқуқи  инсон Эъломияи шоҳ Куруши Кабир маҳсуб меёбад, ки то имрӯз аҳамияти худро гум накардааст. Он ба шаш забони расмии СММ тарҷума ва меъёрҳои он дар чор моддаи Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ифода ёфтааст.

Дар Эъломия, сарфи назар аз сохти давлатдорӣ, мафкураву эътиқоди динӣ ва одату анъанаҳои халқҳои ҷаҳон, ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон мушаххас шудаанд ва ҳар як инсон бояд аз онҳо бархӯрдор бошад.

Баъдан, дар асоси Эъломия чанд санади дигари байналмилалӣ, аз ҷумла, Паймон дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва Паймон дар бораи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ қабул гардид, ки дар пешрафт, эътирофу эҳтиром ва ҳифзи ҳуқуқи инсон нақши муассир доранд. Ин паймонҳо 16 декабри соли 1966 дар Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид  қабул шудаанд ва имсол ҷомеаи ҷаҳонӣ 50 — солагии онҳоро ҷашн мегирад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба сифати қисми ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳон ҳуқуқи инсонро ҳамчун арзиши муҳими ҷомеаи демократӣ эътироф карда, санадҳои асосии байналмилалиро дар ин самт ба тасвиб расонида, баҳри амалишавии онҳо корҳои зиёдро анҷом дод.

Ҳоло ин арзишҳо муайянкунандаи мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия гардида, ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мешаванд. Ҳуқуқу озодиҳои асосӣ дар сатҳи Конститутсия танзими ҳамаҷониба пайдо кардаанд.

- Ҳуқуқу озодиҳои инсон дар Тоҷикис­тон то чӣ андоза риоя мешаванд?

- Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтани мақомоти махсус — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, ҳамчун механизми иловагии ҳифз ва пешрафти ҳуқуқи инсон, гувоҳи он мебошад, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол баҳри эҳтиром, риоя, таъмин ва ҳифзи ҳуқуқи инсон аз тамоми имконияту воситаҳо истифода мебарад.

Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон соли ҳафтум аст, ки фаъолият менамояд ва дар ин давра ба як қатор пешравиҳо низ ноил гардидааст. Соли 2011 аввалин дурнамо -  Стратегияи фаъолияти мақомот барои солҳои 2011-2015, бо дарназардошти ҷанбаҳои гуногуни ҳуқуқи инсон, қабул ва бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, саъю кӯшиши кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, дар ҳамбастагӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шарикони байналмилалӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, умуман аҳли ҷомеа, амалӣ шуд.

Бо дарназардошти воқеияти рӯз ва мушкилоти мавҷудаи соҳаи ҳуқуқ соли ҷорӣ Стратегияи нави фаъолияти мақомот барои солҳои 2016-2020 таҳия ва тасдиқ гардид.

Соли ҷорӣ бо мақсади иҷрои дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани ниҳоди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2015 бармеояд, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Гурӯҳи корӣ вазъ ва асосҳои ҳуқуқии фаъолияти ин ниҳодро тарҳрезӣ ва омода намуд.

Бо мақсади муайян ва таъмин намудани вазъи ҳуқуқии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва шаш санади меъёрии ҳуқуқии дигар тағйиру иловаҳо ворид ва қабул шуд. Қонунҳои мазкур 15 марти соли 2016 аз ҷониби Президенти мамлакат ба имзо расиданд.

Бо дарназардошти ин, ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон чор воҳиди кории иловагӣ дода шуд, ки ба рушди институтсионалии мақомот мусоидат намуд. Ин ҳама далели аз ҷониби Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зоҳир гардидани диққати махсус ба ин ниҳоди миллии ҳифзи ҳуқуқҳои инсон мебошад.

- Доир ба масъалаҳои робита бо ҷомеа ва баланд бардоштани  маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти шумо чӣ чораҳо андешида мешаванд?

- Ҳоло дар минтақаҳо намояндагӣ ва қабулгоҳҳои ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон фаъолият мекунанд.

Мутобиқи моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» шурӯъ аз марти соли 2011 таъсиси қабулгоҳҳои ҷамъиятии ВҲИ ба роҳ монда шуд. Тӯли 5 сол дар ҳамкорӣ бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳрҳои Хоруғ, Қӯрғонтеппа, Хуҷанд, Турсунзода, Роғун, Кӯлоб, Исфара, ноҳияҳои Айнӣ, Рашт, Ҷайҳун, Қубодиён, ҷамъ 11 қабулгоҳи ҷамъиятии ВҲИ таъсис ёфт. Соли 2014 қабулгоҳҳои ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар марказҳои вилоятҳо ба маблағгузории Буҷети давлатӣ гузаштанд. Соли ҷорӣ бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шакли ташкилӣ ва ҳуқуқии қабулгоҳҳои ҷамъиятии шаҳрҳои Хуҷанд, Хоруғ ва Қӯрғонтеппа мутаносибан ба намояндагиҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон иваз карда шуд.

Ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ соли 2012 бо ташаббуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон «Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020» таҳия ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2012, №678 тасдиқ шуд. Барнома таълими соҳаи ҳуқуқи инсонро дар низоми маориф, курсҳои омӯзишӣ ва бозомӯзии муаллимон, судяҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳо фаро мегирад. Дар доираи амалисозии Барнома Шӯрои ҳамоҳангсози байниидоравӣ таъсис ёфт, ки аз ҷониби гурӯҳҳои кории он 17 барномаи мақсаднок, 3 роҳнамо аз фанни «Ҳуқуқи инсон» барои донишҷӯёни ихтисоси ҳуқуқшиносию ғайри он, хонандагони синфҳои 10-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва маҷмӯаи санадҳои миллӣ ва байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон таҳия гардиданд.

Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба қабул ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аҳамияти махсус дода мешавад. Барои ин дар дастгоҳи марказӣ, намояндагиҳо ва қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ шароит фароҳам оварда шудааст. Дар як ҳафта шаш рӯз шаҳрвандон метавонанд муроҷиат кунанд.

Аз замони таъсисёбӣ Ваколатдор беш аз 17 000 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро қабул ва баррасӣ намудааст, ки аз ин шумора 3113 ададашро муроҷиати хаттӣ ташкил медиҳад.

Фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда барои ҳар як фарди ҷомеа мақсади олии Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшишу талоши худро баҳри амалӣ намудани ин мақсади олӣ сарф намуда истодаанд. Бо вуҷуди ин, дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин нуктаро пайваста таъкид менамоянд. Расидан ба ин мақсади олӣ баланд бардош­тани фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа ва ҳар як фардро талаб мекунад, зеро эҳтиром ва риояи ҳуқуқи инсон қисми ҷудонашавандаи зиндагӣ, фаъолият ва рафтори ҳар як узви ҷомеа мебошад.

 Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»