Сарваре, ки сулҳ овард, барҳақ пешвои миллат аст

№14 (3494) 02.02.2016

401128_265396233530570_446745691_nБо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат», Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расман Пешвои миллат эълон гардид. Ин рӯйдоди муҳим чун саҳифаи тозае дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон арзи вуҷуд кард.

Ин санади муҳими таърихӣ мутобиқи дархосту пешниҳодоти мардуми кишвар барои ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, дастовардҳои он, муттаҳидиву ягонагии миллату халқиятҳои сокини кишвар дар атрофи ғояҳои созандаву бунёдкоронаи Сарвари муаззами давлатамон, таҳкими сохти конститутсионӣ ва қадршиносии хизматҳои арзандаи фарзанди содиқу вафодори миллат — Эмомалӣ Раҳмон  ҳамчун асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  — Пешвои миллат қабул гардид.

Президенти кишварамон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан ҳам барои  миллат ва сокинони кишвар  хизматҳои бузурги таърихӣ карда, миллатро аз парокандагӣ, аз нестшавӣ ва давлатро аз фурӯпошӣ наҷот дод. Таҳти роҳбарии бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоию дунявӣ ва ягона шурӯъ намудем. Эҳёи арзишҳои миллӣ оғоз шуд ва кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфт. Имрӯз таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди соҳаи энергетика ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз ҳадафҳои стратегии Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар даврае, ки ҷанги хонумонсӯзи дохилӣ боиси хисороти зиёди молию ҷонӣ гардида, ба ягонагии марзӣ ва бақои миллат хатари нобудӣ таҳдид мекард, дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷасурона роҳбарии давлатро ба уҳда гирифта,  чунин иброз намуд: «Ман ба Тоҷикистон сулҳ меоварам ва то даме, ки охирин муҳоҷири иҷборӣ берун аз кишвар аст, ман худро орому осуда ҳис карда наметавонам». Воқеан ҳам, ин абармард гуфтаҳои худро бо ҷаҳду талошҳои пайвастааш содиқона исбот намуд  ва зиёда аз як миллион шаҳрванд ба Ватан баргашт.

Таърих гувоҳ аст, ки шахсият дар раҳоӣ ёфтан аз буҳронҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ саҳми арзанда гузошта метавонад. Аз байни сиёсатмадорони касбӣ ва бомаҳорат таърих пешвоёни миллатро офаридааст, ки онҳо дар самти инкишофи ҷомеа, ҳалли масъалаҳои муҳими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, муттаҳидсозии омма, ҳалли тақдири миллат ва пешниҳоди ақидаҳои ҷолибу аҳамиятнок саҳми босазо гузошта, дар қалби мардум ҳамчун шахсият ва ҳимояткунандаи манфиатҳои давлату ҷомеа ҷой гирифтаанд. Миллат ва ҷомеа ин гуна шахсиятҳоро  ҳамчун пешвои худ эътироф менамоянд.

Барои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид сохтан, пешгирӣ намудани парокандашавии миллату давлат, барқарор сохтани  иқтисодиёти харобгашта, интихоби самтҳои стратегии рушд дар замони буҳрони сиёсиву иқтисодӣ хеле душвор ба даст омад.

Пешниҳод ва амалисозии ҳадафҳои стратегӣ дар кишвар, ояндабинии боэътимод баҳри дурнамои инкишофи иқтисодиву иҷтимоӣ, пешбурди муносибатҳои боэътимоди дипломатӣ бо кишварҳои хориҷӣ, ташаббускорӣ дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ ва минтақавӣ, устувор гардонидани давлати дунявӣ дар асоси принсипҳои демократӣ ва дигар хислатҳои сиёсатмадори сатҳи олии миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар сатҳи ҷаҳонӣ устувор гардонидани мавқеи Тоҷикистон ва эътирофи миллати тоҷик ҳамчун миллати тамаддунсоз саҳми босазо гузошта истодааст. Аз ин ҷост, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ Президенти кишварамонро ҳамчун сиёсатмадори ташаббускор эътироф менамоянд.

Қобили зикр аст, ки Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ нақши муҳим дошта, борҳо минбари Созмони Милали Муттаҳидро барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои марбут ба ҳалли мушкилоти глобалӣ, аз ҷумла таъмини аҳолии сайёра бо оби ошомиданӣ истифода бурдааст.

Ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, ки аз минбари СММ садо дода дастгирӣ ёфта буданд, ин соли 2003 эълон гардидани «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005 — 2015 Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт», соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» мебошанд, ки боиси боз ҳам афзоиш ёфтани нуфузу эътибори Тоҷикистон гардиданд.

Ҳамчунин Президенти кишварамон зимни иштирок дар Конфронси 21-уми Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид, ки ба мушкили бузурги сайёра — тағйирёбии иқлим бахшида шуд, суханронӣ карда, бо мақсади истифодаи босамари захираҳои об, ки дар раванди тағйири иқлим бештар осебпазир мебошад, Даҳсолаи нави байналмилалии «Об — барои рушди устувор»-ро аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод намуданд.

Боиси сарфарозист, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки меъмори он Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, аз ҷониби созмонҳои муътабари ҷаҳонӣ ҳамчун падидаи нодир ва омӯзанда эътироф гардид ва обрӯву эътибори Давлату миллати моро дар арсаи байналмилалӣ чун миллати мутамаддину фарҳангӣ боз ҳам афзун гардонид.

Боиси таассуф аст, ки баъзе аз бадхоҳони миллату Давлат, аз қабили ҳоҷӣ Ҳалим — собиқ муовини вазири мудофиаи ҷумҳурӣ ва ҳаммаслакони ӯ мехостанд, ки вазъи сиёсии кишвар ва ҳаёти осоиштаи мардуми моро бо мақсади амалӣ намудани ниятҳои ғаразноки худ халалдор созанд. Хушбахтона, ин мақсади нопоку хиёнаткоронаи онҳо  ва хоҷагонашон ба шарофати сиёсати дурандешона ва чораҷӯйиҳои саривақтии  Президенти кишварамон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва далерии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат  бартараф карда шуд ва нақшаи хоинон барбод рафт.

Лозим ба ёдоварист, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷузъу томҳои он зодаи даврони истиқлолият мебошанд ва бо ибтикори бевосита ва фидокориҳои беназири Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сифр таъсис дода шудааст ва имрӯз дорои кадрҳои варзидаи низомӣ  ва ҷузъу томҳои касбии дар ҳолати омодабоши доимӣ қарордошта мебошад.

Марҳилаи дигаре, ки ба рушди фаъолияти сиёсати хориҷӣ ва иқтисодиёти ҷумҳурӣ мусоидат намуд, ин аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон намудани сиёсати «дарҳои кушода» мебошад, ки ба  ҳамгиройии кишварамон бо созмонҳои байналмилалии бонуфуз, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тақвият бахшид.

Тоҷикистон, ҳамчунин ба узвияти яке аз созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ -  Созмони Умумиҷаҳонии Савдо пазируфта шуд ва ин ба кишвари мо ҷиҳати истифодаи самараноки имкониятҳои васеъ шароит фароҳам овард.

Ҳамкориҳои судманди кишвари мо бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва иқтисодӣ, шарикони рушд, аз қабили Хазинаи Байналмилалии Асъор,  Бонки Осиёии Рушд, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Бонки Умумиҷаҳонӣ, Бонки Исломии Рушд, Комиссияи Аврупо, фондҳои молиявии байналмилалӣ ва ғайра ва дар ин замина ҷудо гардидани маблағҳои зиёди қарзии имтиёзнок ва грантҳо барои амалисозии нақшаҳои бузурги инноватсионӣ, ки ба рушди соҳаҳои иқтисодиёти кишварамон, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, сохтмони роҳҳои автомобилгард ва нақбу кӯпрукҳо, энергетика ва кишоварзӣ равона гардидаанд, бори дигар аз обрӯю нуфузи бениҳоят зиёди Сарвари давлатамон шаҳодат медиҳанд.

Дар солҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, бинобар сабаби аз байн рафтани робитаҳои иқтисодӣ байни ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ, нагузаштани пардохтҳои пулӣ, аз ҳад зиёд будани касри Буҷети давлатӣ ва меъёри таваррум, ҳал нагардидани масъалаҳои низоми пули миллӣ, инчунин зиёд гардидани қарзҳои берунӣ иқтисодиёти кишвар ба буҳрони шадид дучор гардид.

Қобили зикр аст, ки дар сиёсати давлат рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, масъалаҳои такмили низоми пардохти маош, таъмини нафақа, дастгирии иҷтимоии табақаҳои камбизоати аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва умуман беҳтар кардани сатҳу сифати зисту зиндагии мардум мавқеи аввалиндараҷа касб менамояд.

Тибқи таҳлилҳои оморӣ, агар андозаи миёнаи нафақа соли 2007-ум  45,21 сомонӣ бошад, пас имрӯз  андозаи миёнаи он ба 250  сомонӣ расидааст,  яъне, тайи ҳашт соли охир андозаи миёнаи нафақа дар кишвар 5,5 баробар афзоиш ёфтааст. Маблағгузории нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ  агар дар соли 2007-ум 283,7 млн. сомониро ташкил дода бошад,  дар соли  2016 ҳаҷми пардохти он ба 1 млд. 895,6 млн. сомонӣ расид, яъне, ҳафт маротиба афзоиш ёфтааст.

Он чӣ, ки  дар як мақолаи хеле мухтасар оид ба  натиҷаҳои дар даврони истиқлолият бадастомада оварда шуд,  аз шоҳкориву фидокориҳои Ҷаноби Олӣ доир ба таъмини рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ва татбиқи сиёсати хориҷии давлат қатрае аз баҳр мебошад.

Бо ифтихор ва қаноатмандӣ метавон гуфт, ки ҳамаи ин пешравию дастовардҳо дар рушди соҳаҳои иқтисод ва беҳдошти сатҳи зиндагонии мардуми ҷумҳурӣ бо шарофати сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти  кишварамон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст ва мо бояд шукргузор бошем.

Сафаралӣ НАҶМУДИНОВ, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон