Сатҳи ҷинояткорӣ афзудааст

№ 25.04.2023

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод давоми семоҳаи аввали соли 2023 фаъолиятро баҳри дар амал татбиқ намудани нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, паст кардани сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ ривоҷу равнақ додани корҳои ободонию созандагӣ ба хотири боз ҳам беҳтар гардонидани шароити рӯзгори мардум равона намуда, дар ин самт корҳои муайянро ба анҷом расонид.

Вале, бархе аз сокинон бинобар паст будани сатҳи дониш ва ҷаҳонбиниашон даст ба кирдорҳои номатлуб мезананд, ки боиси парокандагии оила, маҳалла ва ҷамоат мегарданд. Гуфтан ба маврид аст, ки дар се моҳи аввали соли ҷорӣ нисбат ба соли гузашта  20 нафар зиёд ҷиноят содир кардаанд.

Раиси ноҳияи Зафаробод Раҷаб Ашӯрзода аз афзоиши сатҳи ҷинояткорӣ нигаронӣ намуда, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷиноятҳои содиргардида ба масъулин супориш ва дастурҳои зарурӣ дод.

Вай, аз ҷумла иброз намуд, ки давраи ҳисоботӣ дар ҳудуди ноҳия 55 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 25 ҷиноят зиёд буда, ошкоршавии ҷиноятҳо 92,31 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин, раиси ноҳия аз он нигаронӣ намуд, ки сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон афзудааст. Ба гуфтаи вай дар давраи ҳисоботӣ 16 ҷавон 13 ҷиноят содир кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7 ҷиноят зиёд мебошад.

Комрони АСЛОН,

 «Садои мардум»