Аз фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ

Сатҳи зиндагии мардум беҳтар гардидааст

№139 (3440) 19.10.2015

Чанде пеш таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ҷаласаи фаъолон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар нуҳ моҳи соли равон баргузор гардид.

Абдураҳмон Қодирӣ зимни ифтитоҳи ҷаласа  бо қаноатмандӣ изҳор дошт, ки дар ин давра дар вилоят ҷиҳати таъмини саривақтии дастуру супоришҳои Президенти мамлакат ва рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ гардид, ки боиси ноил шудан ба муваффақиятҳо  дар соҳаҳои гуногун гардид.

Номбурда ба раисони комиссияҳои даъват ба хизмати ҳарбӣ ва комиссариатҳои ҳарбии шаҳри Истиқлол ва ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои сари вақт таъмин намудани нақшаи даъват сипоснома ва мукофоти махсус тақдим намуд.

Сипас, муовини раиси вилоят Анвар Яъқубӣ роҷеъ ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар нуҳ моҳи соли равон маърӯза намуд. Зикр гардид, ки дар ин давра Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баҳри татбиқи «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015», «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд дар давраи то соли 2015» ва дигар барномаҳои соҳавӣ тадбирҳои мушаххас андешид. Идомаи сохтмони иншооти бузурги истеҳсолию иҷтимоӣ, эълон доштани «Соли 2015 – соли роҳҳои обод», таҷдиди хоҷагиҳои калон, азхудкунии даштҳои ташналаби Моҳпарӣ, Сомғору Мирзоравот, обёрӣ намудани заминҳои мавзеъҳои Даштикон ва Сексарӣ, эҳёи анъанаву ҳунарҳои миллӣ, бахусус атласу адрасбофӣ ба рушди устувори иқтисодиёти вилоят заминаи боэътимод фароҳам овард.

Илова бар ин, идома додани сохтмони шаҳраки Сайҳун ва дар пайи он оғози бунёди шаҳраки замонавии Баҳористон дар шаҳри Истаравшан, ки ба баланд шудани сатҳи зисти аҳолӣ заминаи боэътимод хоҳад гузошт, аз ҳадафҳои устувори роҳбарияти вилоят дар самти созандагию бунёдкорӣ дарак медиҳад.

Дар нуҳ моҳи соли равон нақшаи даромадҳои Буҷети давлатӣ (бе дарназардошти андози иҷтимоӣ) ба андозаи 103,5 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 981,6 млн. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 33,2 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Бино ба гуфти  Анвар Яъқубӣ, дар давраи мавриди назар кишоварзони вилоят ҷиҳати рушди соҳа тадбирҳои судманд андешида, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба маблағи 3,8 млрд. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 104,6 фоизро ташкил медиҳад.

Дар нуҳ моҳи соли равон 483 адад хоҷагиҳои калонҳаҷм мавриди азнавташкилдиҳӣ қарор гирифта, дар заминаи онҳо зиёда 5,5 ҳазор адад хоҷагиҳои нав таъсис ёфт ва шумораи умумии хоҷагиҳои деҳқонӣ ба 61,2 ҳазор адад расид. Таъкид гардид, ки дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят нисбати соли сипаришуда истеҳсоли ғалладонагиҳо 60,7 ҳазор тонна, сабзавот 45,2 ҳазор тонна, картошка 61,9 ҳазор тонна, полезиҳо 28,9 ҳазор тонна, гӯшт 1,3 ҳазор тонна, шир 6,9 ҳазор тонна, тухм 13,2 млн. дона ва асал 11,2 тонна зиёд гардид.

Анвар Яъқубӣ дар идомаи суханрониаш фаъолияти бахши саноати вилоятро  тавзеҳ дода, гуфт, ки сарфи назар аз таъсири манфии омилҳои беруна, дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда, давоми нуҳ моҳи соли 2015 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба 3,2 млрд. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ бо дарназардошти индекси нархҳо ба 119,6 фоиз баробар мебошад.

Тибқи нақша дар соли 2015 ба истифода додани 170 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо теъдоди 5,3 ҳазор ҷойҳои нави корӣ дар назар дошта шудааст ва давоми нуҳ моҳ дар миқёси вилоят 124 корхонаву коргоҳҳои нав бо 1,7 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд.

Мавсуф вазъи соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳангу варзиш, ҷараёни татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» — ро низ мавриди баррасӣ қарор дод.

Дар ҷаласа раисони шаҳру ноҳияҳои Ашт — Азимбой Азизӣ, Мастчоҳ — Ғайрат Азиззода, Чкалов — Рухсора Давлатзода, сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят Зариф Вализода, сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят Абдулатиф Қодирӣ, сардори Раёсати андози вилоят Бахтиёр Султон, директори шабакаҳои барқии Суғд Тӯра Атамов ба сухан баромада, оид ба ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва мушкилоти ҷойдошта суханронӣ намуданд.

Ҷаласаи фаъолони вилоятро Абдураҳмон Қодирӣ ҷамъбаст намуда, масъулинро вазифадор намуд, ки бобати таъмини рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят, идомаи ислоҳоти замин ва омодагӣ ба зимистонгузаронӣ тадбирҳо андешанд.

А. САЛИМЗОДА, «Садои мардум»