Сазовор пешвоз гирифтани ҷашни миллӣ

№ 08.07.2024

Имрӯзҳо сокинони бонангу номуси кишвар дар саросари мамлакат барои сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мегиранд. Сокинони ноҳияи Лахш бо ин мақсад бунёди 124 иншоотро ба нақша гирифтаанд. Аз ин шумора 21 иншоот аз ҳисоби вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, 12 — мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, 52 — соҳибкорону хоҷагиҳо ва 33 иншоот аз ҳисоби кумитаи маҳаллаҳо сохта мешавад.

 Лоиқ ба ёдоварист, ки солҳои охир соҳибкорони маҳаллӣ ба корҳои ободонию созандагӣ машғул гардида, дар бунёди иншооти гуногун саҳми назаррас доранд.

Ҳоло дар ноҳия бунёди 37 иншоот ба анҷом расида, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд. Аз ҷумла, дар маркази  ноҳия бинои нави раёсати молия бо сифати баланди меъморӣ бунёд гардида, дар доираи ҷашни бузурги миллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор  гирифт. Бино аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, бо маблағи 3 миллиону 700 ҳазор сомонӣ  сохта шудааст. Сохтмони он соли 2021 оғоз ёфта буд.  Ҳуҷраҳои он бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардида, дар он барои кормандони молия шароити хуби корӣ муҳайё мебошад.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия имрӯзҳо дар асоси нақшаи чорабиниҳо тадбирҳои зарурӣ андешида, иқдом намудааст, ки Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии мамлакатро бо дастовардҳои назаррас пешвоз мегиранд.

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»