Се хабар аз ВМКБ

№№ 137-138 (3438-3439) 17.10.2015

Туҳфаи роҳбари давлат ба муҳофизи Ватан

Бо супориши Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ишкошим барои собиқ корманди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизмамад Маликшоев, ки зимни адои вазифаи хизматӣ маҷрӯҳ ва маъюби дараҷаи як гардид, хонаи истиқоматӣ бунёд карда шуд.

Калиди хонаи навбунёд аз тарафи муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ва муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед ба соҳибонаш супурда шуд. Бинобар он ки Азизмамад Маликшоев ҳоло дар шаҳри Душанбе табобат мегирад, калиди хона аз номи сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамсараш тақдим гардид.  Хешону пайвандонаш аз чунин дастгирии роҳбари давлат нисбати Азизмамад Маликшоев миннатпазир мебошанд.

Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Ишкошим Зикрихудо Самадов иброз дошт, ки  ободсозии атрофи хона идома дошта, баъди се-чор рӯз пурра ба охир мерасад.

 Ишкошим: занони хонашин соҳиби мошинаҳои дарздӯзӣ шуданд

Роҳбарияти давлат барои беҳбудии ҳаёти сокинони кишвар пайваста кӯшиш мекунад. Чанде пеш аз номи Президенти кишвар барои занони хонанишини ноҳияи Ишкошим мошинаҳои дарздӯзӣ туҳфа гардид. Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳия Зикрихудо Самадов ба ҳар як ҷамоат панҷ мошинаи дарздӯзӣ тақсим намуд, то ин ки  панҷ нафар занони  бекор бо ҷойи кор таъмин гарданд. Барои мисол, дар деҳоти «Птуп» пас аз гирифтани мошинаҳои дарздӯзӣ корхонаи хурди дӯзандагӣ ба фаъолият шурӯъ намуд.

Рағбати кӯҳнавардон ба қуллаи Исмоили Сомонӣ зиёд аст

Моҳи сентябри соли 1933 кӯҳнаварди шӯравӣ, иштирокчии  экспедитсияи Помири  Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ  Евгений Абалаков бори аввал қуллаи баландтаринро дар Иттиҳоди Шӯравӣ фатҳ карда буд, ки айни замон Исмоили Сомонӣ ном дорад. Тибқи иттилои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли ҷорӣ 69 кӯҳнавард қуллаи Исмоили Сомониро фатҳ  карданд. Соли пешин шумораи онҳо 108 нафар буд. Тибқи таҳлилҳо коҳишёбии теъдоди кӯҳнавардон ба вазъи  ногувори  иқтисодиёти ҷаҳонӣ рабт дорад.

Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»