Шӯрои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

№№152 (3453) 11.11.2015

Чанде пеш дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид. Дар он раисони ҷамоатҳои деҳот, сарварони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, шуъбаву бахшҳои мақомоти маҳаллӣ ва кормандони  ҳифзи ҳуқуқи шаҳр иштирок карданд.

Ҷамъомадро муовини прокурори шаҳр Х. Аслонов ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки  ҳадаф аз ҷаласаи мазкур таҳлили  ҳолати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, пешгирии содиршавии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону наврасон мебошад. Дар ҷаласа  сардори Раёсати маорифи шаҳр А. Неъматов, корманди шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Конибодом Р. Ҷӯраев ва дигарон доир ба мавзӯи баррасишаванда изҳори андеша намуданд.

Дар фарҷоми ҷаласа муовини раиси шаҳр З.Ашӯрматова ба сухан баромада, иштирокчиёнро ба фаъолияти ҳамоҳангу якҷоя даъват намуд. Мавсуф таъкид кард, ки танҳо ба таври дастаҷамъӣ мо метавонем пеши роҳи ҷинояткории ноболиғону наврасонро бигирем.

 Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум»