Шаҳракҳои навтаъсис ва номгузории онҳо

№176 (3477) 24.12.2015

Дар иҷлосияи ғайринавбатии  Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ масъалаҳои таъсис ва номгузорӣ намудани ҷамоатҳои шаҳрак дар шаҳри Хоруғ, ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳалли аҳолинишин дар ҳудуди деҳоти «Сучон»-и ноҳияи Шуғнон ва Раҳмонобод номгузорӣ намудани он, мансуб донистани ҷамоати деҳоти «Мурғоб» ба категорияи шаҳрак баррасӣ гардид.

Дар иҷлосия зикр шуд, ки аз тарафи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хоруғ ба унвони раиси Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ду қарори иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хоруғ аз 7 ноябри соли 2015 «Дар бораи таъсис ва номгузории ҷамоати шаҳрак ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар ҳудуди шаҳри Хоруғ» ва «Дар бораи таъсис ва номгузории ҷамоати шаҳрак ба номи Исмоили Сомонӣ дар ҳудуди шаҳри Хоруғ» дохил гардидаанд.

Бояд зикр намуд, ки қарорҳои қабулгардида идомаи мантиқии амалишавии Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 апрели соли 2013 таҳти №АП -2209 мебошанд. Тибқи ин амр дар сохтори дастгоҳи раиси шаҳри Хоруғ шуъбаи кор бо маҳаллаҳо ва панҷ кумитаи маҳалла таъсис дода шуда буд, ки то ҳол фаъолият карда истодаанд.

Тавре аз шарҳу эзоҳи мутасаддиён дар иҷлосия бармеояд, бо сабаби сол то сол зиёд шудани теъдоди аҳолии шаҳри Хоруғ, рушди ҳамасолаи соҳаҳои хоҷагии халқи он, инчунин бо мақсади пурзӯр намудани назорати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз зарурати таҷдиди сохтори таҷрибавии Мақомоти иҷроияи маҳаллии хокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ба миён омадааст.

Дар робита ба ин, айни ҳол таъсиси ду ҷамоати шаҳрак дар шаҳри Хоруғ, ки маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад, ба мақсад мувофиқ дониста шуд.

Вобаста ба масъалаҳои баррасишуда Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарорҳои дахлдор қабул кард.

Ш. ШОҲТОЛИБ, «Садои мардум»