Ба «садои мардум» ҷавоб омад

«Шаҳринав. Вазъи соҳаи фарҳанг аз бетаваҷҷуҳӣ табоҳ аст»

№91 (4353) 10.07.2021

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба мақолаи «Шаҳринав. Вазъи соҳаи фарҳанг аз бетаваҷҷуҳӣ табоҳ аст», ки дар рӯзномаи «Садои мардум» (20.05.2021, №67 (4329) чоп шуд, иттилоъ медиҳад, ки айни ҳол, сохтмони қасри фарҳангӣ дар ноҳия идома дорад ва он аз ҳисоби Вазорати фарҳанг маблағгузорӣ мегардад.

Сохтмони иншооти мазкур соли 2017 оғоз шудааст. Арзиши умумии он 8,19 млн. сомониро ташкил дода, то 1 январи соли 2021 ба ин иншоот 2,5 млн. сомонӣ маблағ равона гардида, корҳои шибакунӣ, рехтани таҳкурсии иншоот, сохтани деворҳои ошёнаи якум, бетон намудани балкаҳо ва қисматҳои монолитӣ ба анҷом расонида шудааст.

Соли 2020 барои идомаи корҳои сохтмону васлкунӣ 1 млн. сомонӣ маблағ пешбинӣ гардида буд. Аммо, бинобар сабаби бемории COVID-19 ва кам гардидани қисми даромади буҷети давлатӣ ба иншоот 270 ҳазор сомонӣ равона гардид.

Соли 2021 барои идомаи корҳои сохтмонӣ дар ҳаҷми 1 млн. 600 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ гардидааст. Дар маҷмӯъ, аз оғози сохтмон то инҷониб ба иншоот 2 млн. 848 ҳазор сомонӣ маблағ равона гардида, аз худ карда шудааст, ки 34 фоизи маблағи хароҷотро ташкил медиҳад. Ҳоло корҳои сохтмонӣ дар иншоот идома дорад. Солҳои минбаъда сохтмони китобхонаи кӯдакона дар маркази ноҳия ба нақша гирифта шудааст.

То 1 январи соли 2021 дар шуъбаи фарҳанг 2 қасри фарҳангӣ, 5 хонаи фарҳангӣ, осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ, 19 китобхона, ансамбли созиву овозии «Сабо», ансамбли фолклорӣ – этнографии «Насими Қаратоғ», театри халқӣ, мактаби санъати бачагона, 2 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, гулбоғи ба номи Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, гулгашти Парчами миллӣ ва 36 ёдгории таърихӣ мавҷуд мебошанд.

О. НАЗАРИЁН,

муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон