Акси садо

Шаҳрёр ба мақсад мувофиқтар аст

№67 (4173) 06.06.2020

Доир ба номгузории ноҳияи Шаҳритуз баҳсу мунозираҳо идома дорад. Аз ин қабл ҳам дар матбуоти даврӣ фикру ақидаҳои гуногун ба табъ расида буданд.

Дар рӯзномаи «Садои мардум» аз 16 апрели соли 2020, № 48 (4154) мақолаи зери сарлавҳаи «Шаҳритуз, не Шаҳритӯс!» (муаллиф Азизи Фаттоҳ) рӯйи чопомадаро хонда, қалам ба даст гирифтам.

Дар ин бора баҳси беҳударо лозим намешуморам.

Агар номи таърихӣ фаромӯш шуда бошад, пас номе гузорем, ки ба ҳама мақбул бошад. Не Шаҳритуз, не Шаҳритӯс, балки  яке аз номҳои зебанда ва дилчасп  гузорем, ки ба мақсад мувофиқ бошад. Масалан, ноҳияи Шаҳрёр!

Ҳамчун зодаи ин диёр фикри хешро холисона баён намудам. Боқӣ қазоват аз шумост.

Қарахон ТУРСУНОВ, узви Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон