Шиори наҳзату «Гурӯҳи — 24»: «Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад»

№114 (3751) 26.09.2017

Неруҳое ҳастанд, ки аз пайдоишашон то ин замон худро мухолифи Ҳукумати Тоҷикистон эълон кардаанду пайваста мекӯшанд  худро бо ҳар роҳу восита миёни мардум ташвиқу тарғиб намоянд. Албатта, хуб мебуд, ки бо кору пайкор ва рафтори намунавияшон хешро барои дигарон ошно менамуданд. Аммо, воқеаҳои баамаломада далели он аст, ки ҳатто худнамоишдиҳие, ки онҳо ба хотири пайдо кардани обрую эътибор дар миёни ҷомеа ташкил мекунанд, дар баъзе ­мавридҳо бар зарари эшон анҷом меёбад. Ҳизби фаъолияташ мамнуи наҳзати исломӣ аз замони таъсисёбиаш талош намудааст, ки худро дар миёни ҷомеа ҳамчун адолатхоҳу ислоҳталаб ва пойбанд ба манфиатҳои миллӣ ба намоиш гузорад, вале ҳамеша чеҳраи асосии наҳзатиҳо бо дурӯғгӯйиҳои бешумор, қатлу куштори одамони бегуноҳ ва фитнаҷӯйӣ барои мардуми ошно намудор мешавад.

Аркадий Дубнов — таҳлилгари масоили сиёсӣ замоне гуфта буд, ки дар замони роҳбарии Саид  Абдуллоҳи Нурӣ ин ҳизб аз ҷониби кишварҳои мусулмоннишин маблағгузорӣ мешуд, зеро мақсадаш ташкил намудани давлати исломӣ дар Тоҷикистон буд. Тавре Аркадий Дубнов қайд кардааст: «Фикр мекунам, ки баъди марги Нурӣ кумаки молӣ ба ин ҳизб аз давлатҳои мусулмоннишин бамаротиб кам мешавад. Зеро он маблағҳо танҳо ба хотири Нурӣ ва ташкили давлати исломӣ равона мешуданд». Вале, ин андеша то андозае нодуруст баромад. Маблағгузорӣ аз ҷониби кишварҳои исломӣ ба ҷойи кам шудан, бамаротиб афзуд.

Маълум аст, ки ҳадаф аз маблағгузорӣ намудани ин ҳизб аз ҷониби кишварҳои мусулмоннишин бесабаб нест, онҳо танҳо барои савоб ба нафаре маблағ намедиҳанд. Мақсади масрафи миллионҳо доллар ба ин  ҳизб, ташкил намудани сохти  исломӣ дар Тоҷикистон аст. Албатта, онҳо инро имрӯз пинҳон медоранд, вале пӯшида нест, ки инкор намудани андешаҳояшон то замони ба сари қудрат омадан мебошад.

Давлат Усмон – яке аз созмондиҳандагони ҳизби наҳзат дар суҳбати ихтисосияш бо ҳафтаномаи «Самак» рӯирост гуфта буд, ки ҳадафи ягона аз ташкили ҳизби наҳзат тағйир додани сохтори давлатӣ ва ба ҷойи он сохтани давлати исломӣ мебошад. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бештари онҳо аз сохти конститутсионии кишвар розӣ набуданд. Яъне, ташкилкунандагони ҳизб ба сохтори давлатдории имрӯза зид буданду нақшаю мақсадҳои дигарро амалӣ мекарданд. Вале бо сабабҳои гуногун ин андешаро имрӯз гӯиё қабул надоранд.

Сабаби пинҳон доштани мақсади эшон низ маълум аст. Наҳзатиён медонанд, ки дар сурати ифшо кардани ҳадафи аслиашон аҳли ҷомеа бар алайҳи онҳо қиём хоҳанд кард. Аз ин нукта роҳбарияти ҳизб ба хубӣ огоҳ аст. Ба ин хотир, то ба сари ҳокимият расидан, аз баёни чунин андеша ҳазар мекунанд.

Расонаҳои хабарӣ иттилоъ медиҳанд, ки ҳафтаи сипаригардида, замоне ки дар шаҳри Варшава Тоҷикис­тон дар бораи  ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳисобот пешкаш мекард, гурӯҳи мухолифон ин мавридро барои намоиш додан дар назди хоҷагони хориҷияшон истифода бурдаанд. Дар ҳамон шабу рӯз 10 — 15 нафар, ба қавли худашон, даст ба тазоҳурот заданд. Дар робита ба ин амалашон, ғайр аз чанд расонаи мутааллиқ ба наҳзату «Гурӯҳи-24», дигар касе чизе нагуфт.

Ҳоло хурсандии ба ном мухолифини тоҷик ҳадду канор надорад. Тамоми расонаҳои марбут ба онҳо дар бораи ин «хушхабар» гуфта истодаанду онро таърифу тавсиф менамоянд, ҳаловат мебаранд. Гӯиё қаҳрамонӣ карда бошанд.

Расул Ғамзатов — нависандаи доғистонӣ  фармудааст: «Баъзеи инсонҳо сухани бисёр мезананд, на ба хотири он ки дониши зиёд доранд, балки забони эшон ба пургӯйӣ одат кардааст». Наҳзатиён маҳз ба ин беморӣ мубтало гардидаанд. Худро нисбат ба дигарон доною зирак мепиндоранд ва ҳар фикре, ки ба сарашон меояд, бидуни андеша ва таҳлил баён медоранд. Барои ин қабил одамон овардани далел умуман зарурат надорад, онҳо андешаи хоми худро болотар аз ҳақиқат мегузоранд. Худро хушбахт медонанд, ки тавонистанд дар назди созмону ташкилотҳои байналмилалӣ огоҳу ноогоҳона аз ватанашон интиқод намоянд ва нуфузу эътибори Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ поин баранд.

Ростӣ, аҷиб аст, онҳо аз чӣ ин қадар изҳори хушнудӣ менамоянд? Аз он ки хориҷиҳо ба ҳарфҳои онҳо гӯш андохтанд? Ё ин ки кадом як Стив Свердлов онҳоро ҷонибдорӣ намудааст? Онҳо ё намедонанд ё донистан намехоҳанд, ки созмонҳои байналмилаливу ашхоси алоҳида на парвои миллати тоҷик доранду на парвои Тоҷикистон.

Хатари наҳзатиҳои террористу «Гурӯҳи 24»-и экстремистро чун кишварҳои Аврупоӣ эҳсос накардаанд, онҳоро дастгирӣ менамоянду ба суханонашон бо нишони тасдиқ сар меҷунбонанд. Вале, Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ беҳуда нафармудааст:

 Туро нодон умеди ғамгусориҳо зи Афранг аст,

Дили шоҳин насӯзад баҳри он мурғе, ки дар чанг аст.

Ҷамшед ҲАСАНОВ