«Шоми Истиқлол» писанд омад

№ 07.07.2016

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ. Ҳар шоми шанбе бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғи фарҳангӣ - истироҳатии шаҳраки Маскав намоиши ноҳиявии «Шоми Истиқлол» баргузор мегардад.

   Аллакай дар намоиши мазкур қисмати зиёди ташкилоту муассиса ва деҳоти ноҳия иштирок карда,  дастовардҳои замони Истиқлол, расму оини гаронбаҳои гузаштагон ва барномаҳои бадеии худро ба таври мухталиф  манзур намуда, хотири иштирокчиёро болида сохтанд. Иштироки фаъолонаи намояндагони деҳоти «Даштигуло» ва шаҳраки Маскав бештар ба иштирокчиёни «Шоми Истиқлол» писанд омад.

Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ«Садои мардум»