Шаҳри ман - хонаи ман

Шукри ободию ободкориҳо

№81 (4187) 04.07.2020

Рудаки1Табиати инсон ончунин шакл гирифта, ки бо дидани вайрона табъаш хира ва бо мушоҳидаи ободию зебоӣ дилаш лабрези фараҳу шодӣ мегардад. Шояд аз ҳамин маънӣ сарчашма гирифта бошад фармудаи бузурге, ки гуфтааст: «Дунёро зебоӣ наҷот медиҳад».

Ҳар рӯз шоҳиди он мегардем, ки пойтахти мамлакатамон — шаҳри Душанбе торафт ободу зебо гардида, дар он иншооти таъиноти гуногун қомат меафрозанд. Роҳбарияти олии мамлакат ва пойтахт барои боз ҳам ободу зебо гардонидани он маблағ, қувваю заҳматро дареғ надошта, дар муддати кӯтоҳ Душанберо ба яке аз пойтахтҳои намунавии ҷаҳон табдил доданд.

Дар баробари бунёди иморатҳои бисёрқабатаю зебои истиқоматии бо меъмории дилкаш, мактабу шифохона, нуқтаҳои савдою ҷойҳои дилхушӣ, ҳамчунин кӯчаю хиёбонҳои шаҳр замонавӣ сохтаю навсозӣ гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Дар бораи боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт  сухан нагуфтан аз рӯи адолат буда наметавонад, ки аксар бо номҳои фарзандони барӯманди миллат ва дигар ифтихороти миллӣ номгузорӣ шудаанд. Мисли боғҳои ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Умари Хайём, Куруши Кабир, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ,  Восеъ, «Наврӯзгоҳ», «Ирам», «Кӯли ҷавонон», «Боғи кӯдакон», «Ғалаба» ва ғайра,  ки  назир надоранд. Дар онҳо барои нафароне, ки барои тамошо ва истироҳат меоянд, тамоми шароит фароҳам оварда шуда, мунтазам чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ доир мегарданд. Бахусус, барои кӯдакону наврасон ва ҷавонон боғҳои зикршуда мавзеъҳои боб ва қулайи дилхушӣ ба ҳисоб рафта, онҳоро аз шуғлҳои номатлуб эмин нигоҳ медоранд.

Боис ба зикр аст, ки дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ ҳам боғҳои фарҳангию фароғатӣ арзи ҳастӣ доштанд, ки аз ҷойҳои дӯстдоштаи сайругашти пиру барно ба ҳисоб мерафтанд ва аз завқи баланди зебоипарастии мардум дарак медоданд. Ҳоло бошад, бо дарназардошти хоҳишу талаботи рӯзафзун шумораи онҳо зиёд шуда истодаанд ва боз ҷавобгӯи талаботи замон мебошанд. Ба он хотир ки аҳолии пойтахти мамлакат зиёд шуда истодааст ва ҳар давру замон талаботи хоси худро дорад.

Боис ба хушҳолист, ки чун дигар гӯшаҳо, дар кӯчаҳои ба номи Асадулло Ғуломов ва Муродулло Шерализодаи ноҳияи Сино ҳам, бо ибтикори олиҳимматонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷмуҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва раиси ноҳияи Сино Салимзода Нусратулло Файзулло корҳои наҷиб роҳандозӣ гардида, роҳҳои ҷавобгӯи талаботи рӯз, майдончаҳои варзишӣ ва дигар гулгушту хиёбонҳо бунёд мегарданд, ки падару модарон метавонанд бемалол ҳам худ сайругашт кунанд ва ҳам барои фарзандон макони хуби бозию истироҳат пайдо намоянд.

Мегӯянд, ки «одам фақат бо хӯрдан зинда нест». Дар баробари ғизои моддӣ, ғизои маънавӣ ҳам дар ташаккули инсон, ба камол расидани он ҳамчун инсони комил нақши бузург мебозад. Оилаи солим фарзандони солимро ба ҷамъият медиҳад ва аъзои солим ҷамъияти солимро ба вуҷуд меоранд. Аз ин рӯ, фикр мекунам, ки татбиқи  корҳои ободу зебогардонӣ, тозагии муҳити атроф ва дигар тадбирҳои шоён дар рушди ҷомеа ва рӯҳияи мардум бе таъсири мусбат буда наметавонанд.

Бинобар ин, ба инсонҳои ватандӯсту ободгар мегӯем, ки дастонашон ҳаргиз дардро набинанду рӯзгорашон ҳамеша ободу осуда бошад ва аз сокинону меҳмонони пойтахт хоҳиши онро дорем, ки ба қадри ҳама заҳмату ободкорӣ бирасанд, зеро шаҳри мо хонаи мо ва ифтихори мост.

Меҳринисо ҚУВВАТОВА, сокини ноҳияи Синои пойтахт