Дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт дар қатори фаъолону роҳбарони ташкилоту муассисаҳо чанд нафар мӯйсафеди рӯзгордида нишаста буданд. Раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиқзода Қаноатшоҳ меҳмононро ба иштирокчиён шинос намуд. Маълум шуд, ки онҳо падару бародарони ҷавонмардоне мебошанд, ки айни ҳол дар Федератсияи Россия кору зиндагӣ доранд ва дар корҳои ободониву созандагии ноҳия фаъолона ширкат меварзанд.
- Мо ба падару модароне, ки чунин фарзандони баору номусро ба воя расондаанд, арзи сипос менамоем ва дар баробари онҳо ифтихор мекунем. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ин шахсони арзандаро бо «Ифтихорнома» қадрдонӣ мекунад. Итминони комил дорам, ки дар оянда сафи пайравони соҳибкорони ватандӯст аз ноҳияи мо зиёд мегардад, — гуфт Лоиқзода Қаноатшо.
Баъди ба анҷом расидани маҷлис бо яке аз мардони соҳибэҳтироми ноҳия Муҳибҷон Бобоҷонов, ки ифтихорнома дар даст аз толор берун мешуд, суҳбат кардам.
- Фарзандони мо ҳар чӣ мекунанд, ба хотири ободии Ватан аст, ки аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд.
- Шунидам, ки барои обод гардондани як қисмати шоҳроҳ, ки хароб шуда буд, фарзандони шумо маблағгузорӣ намудаанд, — кунҷковӣ мекунам ман.
- Бале, дар шоҳроҳи Душанбе — Лахш, дар ноҳияи Нуробод, барои таъмир ва мумфарш намудани даҳ километр роҳ аз ҳисоби худ маблағ ҷудо намуданд. Маблағи ҷудонамуда 6-7 миллион сомониро ташкил медиҳад, аммо аз ин роҳ ҳар рӯз садҳо мусофир мегузарад ва онҳо ба арвоҳи гузаштагони бунёдгарони шоҳроҳ, таъмиргарону саҳмгузорон дуои хайр мефиристанд, ки Худо хоҳад, ҳиссаи он ба гузаштагони мо ҳам мерасад.
Писарам Раҳимҷон Бобоҷонов дар сохтмони дарвозаи ноҳияи Рашт, роҳи Ғарм — Навобод, Ғарм — Поҷе ва ғайра низ саҳмгузорӣ кардааст. Шукрона мекунам, ки Худованд чунин фарзандонро насибам гардондааст. Бузурге фармудааст:
Фарзанди нек боғи падар,
Фарзанди бад доғи падар.
Ин ҷо мехостам як нуктаро ёдрас шавам, — суханашро идома медиҳад Муҳибҷон Бобоҷонов, — ҳар яки мо бояд саҳми Пешвои хирадмандамонро дар тарбияи ҷавонон фаромӯш накунем. Маҳз панду андарзҳои падаронаи ӯ садҳо ҷавонро, ки ба соҳибкорӣ машғуланд, ба корҳои созандагиву ободонӣ раҳнамоӣ намуданд. Раҳимҷони ман дар қатори соҳибкорон чандин бор дар суҳбатҳои Пешвои миллат иштирок карда, хулосаи даркорӣ баровардааст. Ин ҷо мехостам аз саҳми раиси ноҳия Лоиқзода Қаноатшо низ ёдовар шавам. Ӯ, бо вуҷуди ҷавон буданаш, кордону оқил аст. Бо хоксориву муомилаи наҷибаш тавонистааст, ки дили сокинони ноҳияро ба даст оварад. Ҳамин хислатҳои нек соҳибкорони зиёдро дар атрофаш муттаҳид гардонидааст. Раҳимҷон ҳамроҳи бародаронаш ният дорад, ки дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт то рӯзи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон боз корҳои зиёдеро ба анҷом расонад. Ман ба ҳайси як падари хушбахт дуо мекунам, ки Худованд барори кораш диҳад.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»