Соҳибкорон ҳиссагузорӣ мекунанд

№97-98 (3398-3399) 23.07.2015

Дар доираи корҳои созандагию бунёдкорӣ ба муносибати ҷашни 3000- солагии Ҳисор дар ноҳия таъмиру тармими роҳҳои автомобилгард идома дорад. То имрӯз зиёда аз 200 километр роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта тариқи ҳашар таъмир шудааст. Соҳибкорони ноҳия низ дар ин кор саҳмгузоранд. Онҳо то ба имрӯз даҳ километр роҳҳои маҳаллиро асфалтпӯш кардаанд ва ният доранд, ки боз 25 километр роҳҳоро таъмир намоянд. Тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия то рӯзи ҷашни ин маъракаи муҳим 400 километр роҳҳои дохили ноҳия аз таъмир бароварда мешаванд.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»