Сохтмони шаҳраки донишҷўён вусъат мегирад

№4 (3484) 09.01.2016

Тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ сохтмони шаҳраки донишҷўёни Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) вусъат гирифтааст.

Директори иншооти мазкур Грант Робертсон ба хабарнигори рўзнома гуфт, ки анҷоми марҳилаи аввали сохтмон соли 2018 дар назар буд, вале ҳоло мақсад дорем, ки шаҳраки донишҷўёнро як сол пештар, яъне соли 2017, ба истифода диҳем.

Шаҳраки донишҷўёни Хоруғ яке аз се шаҳраки Донишгоҳи Осиёи Марказӣ мебошад. Чунин шаҳракҳо дар шаҳрҳои Норини Ҷумҳурии Қирғизистон ва Текелии Ҷумҳурии Қазоқистон низ сохта хоҳад шуд.

- Барои бунёди Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва шаҳраки донишҷўён аз ҷониби Бунёди Оғохон, Корпоратсияи сармоягузории хориҷӣ ва Муассисаи рушди молиявии Ҳукумати ИМА 285 миллион доллари ИМА сармоягузорӣ мешавад. Вусъати корҳои сохтмонӣ ба ҷалби сокинони маҳаллӣ барои дарёфти шуғли доимӣ ва дар ин замина беҳтар  гардидани вазъи иқтисодии онҳо мусоидат мекунад,- таъкид намуд Г. Робертсон.

Қобили зикр аст, ки қариб 95 фоизи коргарони сохтмони ин иншоот аз ВМКБ мебошанд.

- Пештар барои кор ба Федератсияи Россия мерафтам. Кўшиш мекардам, ки аҳли  оилаамро таъмин намоям, вале тобистони соли 2015 дар сохтмони мазкур ба кор сар  кардам. Акнун дар наздикии хонаам кор карда, оилаамро таъмин мекунам,-мегўяд Фаридун Худобахшов.

Дар иншооти мазкур барои сохтмончиён тамоми шароити кору  истироҳат фароҳам оварда шудааст, ки ин омил ба суръату сифати кор мусоидат мекунад.

 Ш. ШОҲҚОСИМОВ,  «Садои мардум»