Яке аз самтҳои муҳими амалӣ гардонидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи муроҷиати шаҳрвандон ба мақомоти давлатӣ, аз ҷумла прокуратура мебошад.
Тавре, ки дар моддаи 31 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Шаҳрванд ҳақ дорад шахсан ва ё якҷоя бо дигарон ба мақомоти давлатӣ муроҷиат намояд». Аз ин лиҳоз, бо қарори маҷлиси ҳайати мушовараи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2015 ҳимояи ҳуқуқи инсон, бахусус дар мавриди баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон ва тафтишу таҳқиқи ҷиноятҳо яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ин мақомот ҳисоб меёбад.
Аз ин рӯ, мақомоти прокуратура Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар қонунгузориҳои ҷориро асоси фаъолияти худ қарор дода, бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани самаранокии назорати прокурорӣ дар таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва барқарор намудани ҳуқуқҳои поймолгардидаи шаҳрвандон тадбирҳои зиёдеро амалӣ менамояд.
Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» ва фармони прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 20 аз 14 ноябри соли 2008 (дар таҳрири нав аз 15 феврали соли 2016 «Дар бораи пурзӯр намудани назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо ҳангоми қабули шаҳрвандон ва баррасии муроҷиатҳои онҳо»), ки қабул, бақайдгирӣ, баррасӣ ва ташкили назоратро вобаста ба муроҷиатҳои шаҳрвандон ба танзим медароранд, чораҳои мушаххас андешида мешавад.
Бо фармони прокурори генералӣ аз моҳи феврали соли 2015 қабули шаҳрвандон аз рӯзи душанбе то рӯзи ҷумъа аз тарафи муовинони прокурори генералӣ ва сардорони раёсату шуъбаҳо, рӯзҳои шанбе аз ҷониби прокурори генералӣ ва муовинони ӯ ба роҳ монда шудааст.
Дар соли 2015-ум 31287 (соли 2014 — 27134) шаҳрванд ба мақомот муроҷиат намудааст, ки 14393 (12448) адади он баррасӣ гардида, ҳалли ниҳоии худро ёфт. Оид ба онҳо тибқи қонунгузорӣ қарорҳои дахлдор бароварда шуд. Инчунин, 2165 (2136)-тои он асоснок ҳисобида, баҳри барқарор намудани ҳуқуқҳои шаҳрвандон чораҳои зарурӣ андешида шуданд.
Аксари муроҷиатҳои воридшуда ва қонеъгардида бо баҳсҳои замин, манзил ва қарори судҳо оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва гражданӣ алоқаманд мебошанд. Зиёд гардидани муроҷиати шаҳрвандон аз он шаҳодат медиҳад, ки эътимоди мардум ба мақомоти прокуратура ҳамчун мақомоти таъминкунандаи волоияти қонун афзудааст.
Соли 2015 аз ҷониби прокуророн 235 санҷиш доир ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» гузаронида шудааст. Дар натиҷа баҳри бартараф намудани камбудию қонунвайронкуниҳои ҷойдошта 1445 санади эътиноии прокурорӣ бароварда шуд, ки назар ба як соли пеш 114 адад зиёд аст.
Аз ҷумла, 164 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ, 671 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуда, 232 амр, 9 эътироз, 341 пешниҳод қабул гардид. Дар ин робита 26 парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 163 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба вайрон кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» оғоз ва 188926 (96395) сомонӣ маблағи зарар ба манфиати давлат барқарор шуд.
Соли 2015 аз тарафи роҳбарияти Прокуратураи генералӣ 1565 нафар шаҳрванд вобаста ба масъалаҳои гуногун қабул ва муроҷиати хаттии онҳо барои баррасӣ ва қабули қарори қонунӣ ба кормандон вогузор гардида, ба қисме аз муроҷиаткунандагон меъёрҳои қонунгузорӣ фаҳмонида шуд.
Оид ба баҳси замин 127, манзил — 62, қарзи бонкӣ - 2, кашолкории тафтишоти парвандаҳои ҷиноятӣ ва норозӣ будан бо рафти тафтишот, ғайриқонунӣ оғоз шудани парвандаҳои ҷиноятӣ — 264, норозӣ будан бо санадҳои судӣ доир ба парвандаҳои ҷиноятӣ — 141, парвандаҳои иқтисодӣ, гражданӣ, маъмурӣ ва оилавӣ — 247, интиқоли маҳбусон аз дигар ҷумҳуриҳо барои адои ҷазои минбаъда — 176, ба кор қабул намудан ба мақомоти прокуратура — 25, шикоят аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ - 75 ва дигар масъалаҳо 446 нафар шаҳрванд барои қабули роҳбарият ба Прокуратураи генералӣ муроҷиат кардаанд.
Дар дастгоҳи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 майи соли 2015 «Телефони боварӣ» (рақами 2-35-11-11) вобаста ба қабули муроҷиатҳои шаҳрвандон амал мекунад.
Аз моҳи май то декабри соли 2015 аз ҷониби кормандони шуъбаи қабули шаҳрвандон ва баррасии муроҷиатҳои Прокуратураи генералӣ ба воситаи телефони боварӣ 284 муроҷиати шифоҳӣ қабул шудааст. Аз ин теъдод 259 — тои он мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки дар натиҷа 17 муроҷиат қонеъ, ваҷҳҳои 33-тои он рад шуда, ба 209 муроҷиаткунанда меъёрҳои қонунгузорӣ фаҳмонида шуд. Инчунин, 17 муроҷиат барои баррасӣ аз рӯи тобеияти ҳудудӣ ба прокуророни поёнӣ ирсол гардид.
Дар натиҷаи санҷиши муроҷиатҳо аз ҷониби кормандони мақомоти прокуратура бо моддаҳои 147 қ.2, «б», 391 қ.1, 240, 247 қ.3, 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон се парвандаи ҷиноятӣ ва тибқи талаботи моддаҳои 94 қ.2, 133 ва 134 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафт парвандаи маъмурӣ оғоз карда, баҳри бартараф намудани қонуншиканиҳо се амр ва нисбат ба қарорҳои ғайриқонунии раисони мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ ду эътироз оварда шуд.
Ҳамчунин, аз ҷониби кормандони мақомоти прокуратура ба фоидаи давлат 10513 сомонӣ товони зарар барқарор гардид.
Мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон оянда низ тасмим гирифтааст, ки дар самти назорати прокурорӣ вобаста ба қабул ва баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон корро пурзӯр намуда, ба дастовардҳои беҳтар ноил гардад.
С. Ҳамрозода, сардори шуъбаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қабули шаҳрвандон ва баррасии муроҷиатҳои онҳо, мушовири адлияи дараҷаи 1