Дар арафаи соли нави мелодии 2016 хабарнигори рӯзнома ба чанд тан аз кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишварамон бо ин суол муроҷиат намуд.
Заррина Одинаева, мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат:
- Соли 2015 аз он ҷиҳат бароям хотирмон буд, ки он аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон«Соли оила» эълон гардид.
Дар робита ба ин, бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла мизҳои мудаввар, ҷаласаи занони фаъоли шаҳр, мулоқот бо Шӯрои занонро баргузор намуд. Айни ҳол дар муассисаҳои таълимии шаҳр 27 маҳфили гуногун амал мекунад, ки дар онҳо то имрӯз зиёда аз ду ҳазор нафар духтарони деҳот ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, барномаҳои компютерӣ, дӯзандагӣ, сабадбофӣ, рассомӣ, зарбофӣ, бофандагӣ фаро гирифта шуда, соҳиби сертификат гардидаанд. Аз ин шумора 450 нафарашон аз оилаҳои камбизоат мебошанд, ки ин касбҳоро таври ройгон омӯхтаанд.
Ҳамчунин бахшида ба «Рӯзи Модар» озмунҳои «Кошонаи бахт», «Андалеб» ва дар шаҳраку деҳот, корхонаву ташкилот, муассисаҳои тиббию таълимӣ озмунҳои «Бонуи хонадон», «Тоҷикистон ватани Наврӯз аст», «Хонаи ободи ман» доир гардиданд. Дар ҳамдастӣ бо шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр ва иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Шӯрои занон ва кормандони шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вобаста ба «Соли оила» ҷамъомади бошукӯҳе доир гардид. Илова ба ин, дар ин давра аз ҷониби Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни занону духтарони ёздаҳ шаҳраку деҳот ва ёздаҳ маҳаллаи маркази шаҳр пурсиши афкори умум доир ба мустаҳкамии оилаҳо гузаронида шуд.
Абдумаҷид Ёров, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳринав:
- Барои мо, маорифчиён, соли 2015 соли бобаракату пур аз дастовард буд. Дар бисёр чорабиниҳое, ки дар ҳудуди ноҳия ва ҷумҳурӣ баргузор гардиданд, омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи мо иштирок намуданд. Хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ширкати фаъолона намуда, аз фанҳои гуногун соҳиби чор медал гардиданд. Дар ин давра мо тавонистем ҳамаи 53 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияро аз таъмир бароварда, сохтмони бинои дуюми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро ба анҷом расонем. Ҳамзамон бинои нави муассисаи таълимии №38 ва дар назди шаш муассисаи таълимии дигар синфхонаҳои иловагӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Алҳол дар назди 30 муассисаи таълимӣ марказҳои инкишофи кӯдакон фаъолият доранд. Боиси ифтихори мост, ки тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 68 фоизи хатмкардагони соли хониши 2014 — 2015-и муассисаҳои таълимии ноҳия ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ дохил шудаанд.
Муҳиддин Норбутаев, раиси Ҷамоати деҳоти «Султонобод»-и ноҳияи Рӯдакӣ:
- Барои сокинони деҳоти мо соли сипаригардида ниҳоят хотирмон буд. Дар оғози сол, рӯзи 8 январ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби олӣ, Эмомалӣ Раҳмон ба деҳоти «Султонобод» ташриф оварда, дар бунёди боғи нав, ки майдони беш аз 300 гектарро дар бар мегирад, иштирок намуданд. Иштироки Сарвари давлат дар ҳашари ниҳолшинонӣ ба аҳолии деҳоти мо рӯҳу илҳоми тоза бахшид.
Қобили зикр аст, ки дар соли 2015 дар ҳудуди деҳот бунёдкориҳои зиёд сурат гирифтанд. Аз ҷумла маркази савдо дар деҳаи Султонобод, бунгоҳи тиббӣ дар деҳаҳои Бӯстон — 1 ва Бӯстон — 2, толори варзишӣ дар деҳаи Балхӣ аз ҷониби соҳибкор Ҳикматулло Эшмуҳаммадов, чор синфхона дар муассисаи таълимии №145-и деҳаи Меҳнат бо кумаки волидони хонандагон, бунгоҳи тиббӣ ва мағозаи молҳои ниёзи аввал дар деҳаи Иттифоқ аз ҷониби соҳибкор Усмон Таваккалов сохта, ба истифода дода шуданд.
Чанд соли охир сокинони деҳоти «Султонобод» аз беобӣ азоб мекашиданд. Хушбахтона, бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ, аз ҷониби Муассисаи давлатии Маркази идоракунии лоиҳаи «Рушди деҳот» ба деҳаҳои Султонобод 1, 2, 3, Истиқбол ва Меҳргон аз масофаи ҳашт километр тавассути қубурҳо об оварда шуд. Ҳамчунин сокинони деҳаҳои Баракат ва Балхӣ бо дастгирии ташкилоти «ОКСФАМ» ва иштироки бевоситаи сокинон, деҳаҳои Меҳнат ва Баҳор бо дастгирии Кумитаи байналмилалии Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва маблағгузории Япония соҳиби оби нӯшокӣ гардиданд.
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»