Суиистифодаи такфир ва ҷиҳод боиси нигаронист

№75(3376) 01.06.2015

Бисту ҳафтуми майи соли равон бо ибтикори Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ — амалӣ дар мавзӯи «Ифротгаройии салафӣ: масъалаҳои амнияти давлатдории дунявӣ ва ҳифзи ҳувияти миллӣ» баргузор гардид.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода зимни ифтитоҳи конференсия зикр кард, ки мо бояд кишварамонро аз ҳама гуна хатарҳо, бахусус хатарҳое, ки ба ифротгаройии салафӣ  тааллуқ доранд, ҳифз намоем.

- Шоҳид ҳастем, ки Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суханрониашон бахшида ба Рӯзи Модар  ва мулоқоташон бо зиёиён арзиши бузург доштани дини мубини Исломро дар ҷомеа воқеъбинона баён намуданд. Ҳамагонро мебояд, ки дар доираи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои динӣ ва озодии виҷдон» фаъолият намоянд. Сарфи назар аз ин таъкидҳо шоҳид ҳастем, ки дар минтақаи Осиёи Миёна, бахусус Тоҷикистон, равияву ҳаракатҳои тундрав амал карда истодаанд. Моро зарур аст, ки барои пеши роҳи ин хатарҳоро гирифтан андешаҳои худро воқеъбинона баён намоем, то ки аҳли ҷомеа аз арзишу манфиатҳои мазҳаби ҳанафия, дини мубини Ислом ва сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон огоҳӣ пайдо намоянд, — изҳор дошт номбурда.

Абдуҷаббор Раҳмонзода ҳамчунин гуфт, ки падидае, ки имрӯзҳо ҷомеаро ба ташвиш овардааст, гаравиши ҷавонон ба ҷараёну ҳаракатҳои тундрав мебошад. Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 400 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳаракати террористии ба ном «Давлати исломӣ» пайваста, дар ҷангҳо ширкат варзида истодаанд. Аз ин рӯ, олимон, донишмандон, уламои дин бояд пайваста мардумро ба таҳкими сулҳу ваҳдат даъват намоянд.

Ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Кароматулло Олимов низ зимни суханрониаш зикр кард, ки масъалае, ки имрӯз ба муҳокимаи ҳозирин гузошта шудааст, дар ҷомеаи мо аҳамияти хеле муҳим дорад. Таъмини амнияти миллӣ, баланд бардоштани сатҳи худогоҳиву худшиносии миллӣ яке аз рукнҳои асосии сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Ба андешаи мавсуф, бояд корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшид, то сиёсати Президент ба ҳама қишрҳои ҷомеа фаҳмонида шавад. Таъкид гардид, ки бояд ба донишомӯзии ҷавонон аҳамияти ҷиддӣ дод, зеро неруҳое мавҷуданд, ки мехоҳанд одамон бесавод шуда, дар гирдоби нодонӣ ва ҷаҳолат монанд.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худойбердӣ Холиқназар дар суханрониаш зикр кард, ки хеле хуб мешавад тамоми соҳибназарон, нафароне, ки бо улуми фалсафа, дин сарукор доранд, пешниҳод ва назари худашонро барои рафъи тундгаройӣ ва ифротгаройии динӣ, ки аз вазифаҳои хеле муҳим мебошад, ироа намоянд.

- Ҳанӯз соли 2000-ум Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ҳаракатҳои ифротгаро ва экстремистиро манъ кард. Дар Ховари Миёна салафиён даст ба сиёсат заданд ва боиси он шуданд, ки дар ин минтақа даргириҳои шадид ба миён оянд.

Даргирии мазҳабие, ки дар он ҷо шурӯъ шудааст, ба Осиёи Марказӣ интиқол ёфта истодааст. Аз уламо хоҳиш мекунем, ки доир ба ин масъала хеле ҷиддӣ бошанд ва пешниҳодҳои хубро ироа кунанд. Мутаассифона, такфир ва ҷиҳод дар Ховари Миёна хеле суиистифода мешавад, — изҳор дошт номбурда.

Намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Амирбек Бекназаров дар мавзӯи «Таҳдиди ифротгаройии салафӣ ба суботи ҷомеа ва амнияти миллӣ»  маърӯза карда, оид ба гурӯҳ ва ҳаракатҳои ифротӣ, шомилшавии ҷавонон ба ин гуна гурӯҳҳо ва дигар масъалаҳои мавриди назар сухан намуд. Мавсуф аз ҷумла афзуд, ки муқобилият бо мақомоти давлатӣ фаъолияти хоси ташкилотҳои ифротӣ мебошад. Номбурда гуфт, ки таълими ғайрирасмии динӣ ба шомилшавии ҷавонон ба ташкилотҳои ифротӣ замина мегузорад. А.Бекназаров аз он изҳори нигаронӣ кард, ки «мутаассифона, аксариат дунявиятро бо атеизм ҳаммаъно мефаҳманд». Ба андешаи мавсуф, дар ҷое, ки идеология ҳаст, он ҷо манфиат ва дар ҷое, ки манфиат ҳаст, он ҷо ҳатман идеология вуҷуд дорад.

Директори Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ф. Баротзода зимни суханрониаш оид ба пайдоиш ва ҳадафи ҳаракати салафия маълумот дода, зикр кард, ки танҳо дар заминаи пойдории Истиқлолияти давлатӣ арзишҳои миллӣ ва диниро аз таҳоҷуми афкори бегона эмин нигоҳ доштан муяссар мешавад.

- Моро зарур аст, ки баробари омӯхтани илмҳои дунявию табиатшиносӣ, забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои нав ба омӯзиши динии наврасон ва огоҳӣ доштан дар бораи дини Ислом ва мазоҳибу равия ва ҷараёнҳои он, алалхусус услубҳои мазҳаби ҳанафии мовароуннаҳрӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намоем, то ки бегонагон аз ноогоҳии ҷавонон истифода ва мафкураи ботили худро ба онҳо таҳмил накунанд. Ҳамзамон таълимоти динӣ аз ҷониби Ҳукумат ва ниҳодҳои дахлдор барномарезӣ, танзим ва баъдан татбиқ карда шавад, — зикр кард мавсуф.

Ба андешаи номбурда, зоирони ҳаҷи фарзӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ гурӯҳи осебпазир дар қиболи мубаллиғони ифротгаройии салафӣ мебошанд.

Иштирокчиёни конференсия, аз ҷумла раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода, ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит Тоҷиддин Исомиддинзода, намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарон оид ба масъалаи мавриди назар андешаронӣ намуданд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»