Супориши Пешвои миллат иҷро гардид

№151 (3631) 10.12.2016

DSCN8795Зимни сафари корӣ ба деҳоти «Сағирдашт»-и ноҳияи Дарвоз, ки 28 сентябри соли 2016 сурат гирифт, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорон супориш доданд, ки то 20 марти соли 2017 дар ин минтақаи дурдаст як коргоҳи дӯзандагӣ бо 50 ҷои корӣ бунёд намоянд.

Бо мақсади амалӣ намудани ин супориш аз 5 октябри соли равон бунёди коргоҳ оғоз гардида, дар давоми на бештар аз як моҳ ба анҷом расида, бо номи «Ахтари меҳр» мавриди истифода қарор дода шуд.

Ба хотири фаъолияти босамари коргоҳ бонувони деҳоти «Сағирдашт» дар Маркази ҳунаромӯзии бонувони ноҳияи Дарвоз — «Меҳри модар» як моҳ ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд.

Дар баробари мошинаҳои дӯзандагӣ коргоҳи мазкур бо шаш дастгоҳи адрасбофӣ таъмин шуда, ба хотири таълим додани ин ҳунари қадима ба бонувони маҳаллӣ аз шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ду нафар даъват шудаанд. Айни ҳол 8 нафар бонуи хонашини деҳоти «Сағирдашт» ба касбомӯзӣ фаро гирифта шудаанд.

Зимни ифтитоҳи коргоҳ муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед изҳор дошт, ки бунёди коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ дар манотиқи дурдасти кишвар бори дигар аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба рушди манотиқи дурдасти кишвар ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии сокинони он шаҳодат медиҳад. Ин ғамхориву дастгириҳо ҳар шаҳрванди солимандешро водор месозад, то баҳри амалисозии дастуру супоришҳои Пешвои миллат саҳмгузор бошад.

 Ш. Шоҳқосимов, «Садои мардум»