Суруди миллӣ ифодагари ягонагӣ ва дӯстии халқҳои кишвар аст

№120 (3266) 14.10.2014

Моддаи 3. Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст.

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Суруди Миллӣ бо соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон мақом ва эҳтироми тоза касб намуд, зеро он аз рамзҳои давлатие буд, ки ҳамчун нишони миллӣ кишвари соҳибистиқлоли моро муаррифӣ менамуд.

Ин буд, ки бо дарназардошти Эъломияи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва талабу дархости аксари мардум Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз 12 ноябри соли 1991 оид ба беҳтарин матни Суруди давлатӣ ва оҳанги Суруди давлатӣ, Парчами давлатӣ ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун эълон ва низомномаи онро дар воситаҳои ахбори омма чоп кард.

Бо кӯшиш ва баҳсу талошҳои зиёд Парчами давлатӣ ва Нишони давлатӣ қабул гардид.

Баҳс оид ба интихоб ва қабули Суруди давлатӣ идома ёфт. Барои муҳокимаи матни сурудҳои ба озмун воридгардида ҳайати доварони салоҳиятдор борҳо гирд омада буданд. То аввали моҳи августи соли 1992 ба унвони Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 56 матн ва даҳ оҳанг ба сурудҳо омада расид. Аз байни онҳо 14 матни мақбултар бештари овозҳоро гирифта, барои иштирок дар давраи дуюми озмун ҳуқуқ пайдо намуданд.

Бо сабабҳои воқеӣ озмуни Суруди давлатӣ ҷамъбаст нагардид. Аз ин рӯ, лозим дониста шуд, ки бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба гузаронидани озмун барои беҳтарин матну оҳанги Суруди давлатӣ, Парчами давлатӣ ва Нишони давлатӣ» аз 12 ноябри соли 1991 тағйиру иловаҳо ворид карда шавад. Ба ҳайати пештараи комиссия ва доварони Суруди давлатӣ ва инчунин Низомнома тағйиру иловаҳо дохил гардид.

Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Комиссияи Шӯрои Олиро оид ба таҳияи таҳрири нави матни оҳанги Суруди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда, қарор намуд, ки озмуни таҳрири нави матн ва оҳанги Суруди давлатӣ то 15 майи соли 1994 тамдид шавад. Мувофиқи Низомномаи таҳриршуда матни суруд бидуни оҳанг то 15 апрел, матн ва оҳанги суруде, ки дар ҳамкории шоиру оҳангсоз офарида мешавад, то 15 май қабул карда шуданд.

То 15 апрели соли 1994 ба нишони Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 матни суруд ирсол гардид ва баъди муҳлати муайяншуда иловатан се матни дигар ворид шуд.

Ҳайати доварон матни сурудҳои нав эҷод ва ирсолшударо мавриди баррасии ҷиддӣ қарор дода, шаш матни нисбатан беҳтарро барои чоп, шиносоӣ ва муҳокимаи умум тавсия намуданд. Ҳамин тариқ, матни панҷ суруди беҳтари дар даври аввали озмун бештари овозҳоро гирифта, шаш матни дигари баъди дароз кардани муҳлати озмун пазируфта шуда, манзури хонандагон гардонда шуд.

Натиҷаи озмун баъди баҳогузории ҳайати комиссия ба Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Сипас, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суруди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 7 сентябри соли 1994 таҳти №1074 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ба имзо расид.

Дар Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст:

«1. Таҳрири нави матну оҳанги Суруди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар шеъри Гулназар Келдӣ ва оҳанги Сулаймон Юдаков тасдиқ карда шавад.

2. Муқаррар карда шавад, ки иҷрои саросарии Суруди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ин қонун тасдиқ гардидааст, аз 7 сентябри соли 1994 ҷорӣ карда мешавад».

Баъдан Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 1999 таҳти №888 «Дар хусуси тасдиқи Низомнома дар бораи Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуд. Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (12 майи соли 2007 таҳти №254) тартиби истифодаи расмии Парчам, Нишон ва Суруди Миллиро муқаррар менамояд. Боби 4-уми Қонуни мазкур (моддаҳои 9 ва 10) ба тартиб ва мавриди иҷрои Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.

Аз ҷумла Суруди Миллӣ баъди савганд ёд кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз шурӯи вазифа, дар оғозу анҷоми ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи Маҷлиси миллӣ, Иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияҳои маҷлисҳои вакилони халқи ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, идҳои умумихалқӣ, ҳангоми истиқбол ва гусели сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ташриф меоранд, баъди иҷрои Суруди Миллии давлати онҳо, дигар чорабиниҳои расмии давлатӣ, мусобиқаҳои варзишии дохиливу байналмилалӣ мувофиқи қоидаҳои баргузории онҳо ва ғайра иҷро карда мешавад.

Эҳтироми волои Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ, аз он ҷумла аз ёд донистани Суруди Миллӣ, ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ҳама ҳолат ба рамзҳои давлатӣ тавре муносибат бояд намуд, ки нисбати онҳо беҳурматӣ зоҳир нагардад. Рамзҳои давлатӣ ифодагари дӯстии пойдори халқу миллатҳои кишвар мебошанд.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»