Конститутсия - бахтномаи миллат

Таҷассумгари озодандешӣ ва ғояҳои ҷовидона

№155(3456) 17.11.2015

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун санади сарнавиштсоз ва бахтномаи миллат дар роҳи эъмори давлатдории навини тоҷикон, пайвастани он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши барҷастаи таърихӣ дорад. Бинобар ин, арҷгузорӣ ба он вазифаи ҷонӣ ва қарзи инсонии  ҳар як шаҳрванд маҳсуб меёбад. Махсусан дар вазъияти ниҳоят ҳассосу печида ва зудтағйирёбандаи  ҷаҳони муосир  ин омил аҳамияти рӯзафзунро касб намудааст. Бояд хуб дарк намоем, ки бе  риояи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дар асоси он муайян намудани сиёсати ҳуқуқӣ пешравии ҷомеа, сиёсати мутавозини дохиливу хориҷӣ ва ҳимояи манфиатҳои сиёсиву иқтисодии кишварро таъмин намудан ғайриимкон  аст. Дар маҷмӯъ, Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҷассумгари орзуву ормони озодандешӣ ва ғояҳои ҷовидонаи мардуми мо мебошад, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, ноил гардидан ба пешравиҳои азими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ба вуҷуд овардани асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳайё намудани фазои мусоид барои ташаккули озодонаи ҳар фард заминаи мустаҳкам ва боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт. Бисту як сол қабл ин санади муҳиму сарнавиштсоз дар асоси раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид ва замина фароҳам овард, ки дар мамлакат марҳалаи сифатан нав шурӯъ гардад.

Минбаъд,  бо дарназардошти  зарурати бамиёномада, солҳои 1999 ва 2003-юм  бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он ислоҳоти ҳуқуқӣ дар мамлакат идома ёфта, дар баробари як силсила навовариҳо барои танзими муносибатҳои сифатан наве, ки ба рушди давлатдории миллӣ робитаи мустақим доштанд, заминаи муҳими ҳуқуқӣ гузошта шуд ва дар мамлакат низоми комилан нави мақоми қонунгузор, яъне парламенти касбии иборат аз ду маҷлис таъсис гардид, ки ин иқдом қадами устувор дар роҳи рушди парламентаризми муосир мебошад. Вақт собит намуд, ки амалӣ намудани ин иқдом зарур  ва ногузир буд, зеро рушди минбаъдаи кишвар ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона таъмини шароит барои ташаккули гуногунандешӣ ва бисёрҳизбӣ, такмили салоҳияти мақомоти давлатӣ ва фаъолнокии сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандон аз мақомоти қонунгузор ва намояндагӣ  вобастагии амиқ дорад. Агар мазмун ва моҳияти ин санади муҳимро ба таври мухтасар шарҳ доданӣ шавем, пас метавон Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро  маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдии халқи кишвар номид, зеро ин санади сарнавиштсоз маҳз ба шарофати андешаву ҳувияти миллӣ, дастгирии бевоситаи аҳли ҷомеа тавассути раъйдиҳии умумихалқӣ қабул гардида, барои устувории пояҳои давлати мустақил мусоидат намуд.

Дар шароити кунунӣ  шоҳиди бевоситаи он ҳастем, ки дар баъзе мамлакатҳои олам сабаби сар задани низоъҳои гуногун ва фалаҷ гардидани сохторҳои ҳукуматӣ риоя нашудани меъёрҳои санади асосии кишварҳояшон гардидааст. Ба назари мо қонунҳои асосии ин кишварҳо баъзе ноқисиҳое доштаанд, ки аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатхоҳ хуб суиистифода шудааст. Маҳз дар ҳамин замина давлату ҷомеа ба хатарҳои вазнин ва мушкилоти сангин рӯ ба рӯ гашта, гирифтори ихтилофҳои мафкуравию мазҳабӣ ва бархӯрди манфиатҳои сиёсиву иқтисодӣ шуда, ҳатто хатари парокандагӣ ва тақсимшавии давлатҳоро ба миён овардааст.

Хушбахтона, Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мукаммал ва ҷавобгӯйи талабот буда, аз ҷумлаи беҳтарин конститутсияҳои олам эътироф шудааст ва мавриди омӯзишу пайравии ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтааст. Ниёгони мо хеле бамаврид фармудаанд: «Чаро оқил кунад коре, ки боз орад пушаймонӣ?». Дар робита ба ин, мо бояд ба насли ҷавон фаҳмонем, ки дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта  маҳз бо сабаби сарфи назар намудани меъёрҳои конститутсионӣ миллату Давлат ва Ватан қариб ба вартаи нобудӣ расида буданд. Танҳо ҷаҳду талош ва ҷонфидоиҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки аз ин варта раҳо шавем. Таҳти сарварии Роҳбари мамлакат ва риояи меъёрҳои инсонпарваронаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба мо муяссар шуд, ки ба низоъҳои дохилӣ хотима бахшида, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро ба имзо расонда, мардуми парокандаи кишварро сарҷамъ намоем ва давлати миллиамонро аз хатари тақсимшавӣ эмин нигоҳ дорем.

Бояд ёдовар шуд, ки таҳияи  лоиҳаи Конститутсияи нав, ки аслан баъди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ гардида буд, ба давраи бисёр ноороми ҷамъиятиву сиёсӣ рост омад. Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Конститутсия кӯшиш мекард, ки кори худро босифат ва дар муддати кӯтоҳ ба иҷро расонад, зеро ҷомеаи Тоҷикистон ва вазъи ноороми он рӯзҳо ҳар чӣ зудтар қабул гардидани ин санадро тақозо мекард.

Нуктаи муҳим ва ҷолиб он аст, ки дар раванди таҳия ва муҳокимаи лоиҳаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон   мардуми Тоҷикистон низ фаъолона иштирок карда, ба гурӯҳи корӣ фикру пешниҳодҳои зиёдеро манзур намуданд. Ба андешаи коршиносон, қабули ин санад дастоварди бузурги миллии мо ба шумор меравад, зеро ин санади ба маънои томаш сарнавиштсоз ягона  муаррифгари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳон, инчунин наҷоти миллат ва давлати соҳибистиқлоли мо буд. Ин санади тақдирсоз дар худ самтҳо ва бахшҳои асосиву стратегии рушди давлатдории миллӣ ва масъулияти муштараки халқ ва ҳокимиятро дар бунёди ҷомеаи иҷтимоӣ ва шаҳрвандӣ инъикос намуд. Агар гӯем, ки танҳо бо қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи заминаҳои истиқлол ва муаррифии расмии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил дар арсаи байналмилалӣ, ба роҳ мондани муносибатҳои баробарҳуқуқ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо кишварҳои пешрафтаи олам муяссар ва амнияти милливу давлатӣ ва оромии авзои ҷомеа таъмин гардид, муболиға нахоҳад шуд.

Бо дарназардошти ин нукот ҳар яки моро мебояд, ки танҳо дар чорчӯбаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва қонунҳои амалкунанда  зиндагӣ карда, барои амалишавии ҳадафҳои стратегии давлат пайваста кӯшиш намоем ва мардум, хусусан наврасону ҷавононро, дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва эҳтирому риояи қонун тарбия кунем, зеро ба пешрафту тараққиёт ҳамон ҷомеае ноил шуда метавонад, ки дар он қонуни асосӣ ва қонунҳои амалкунанда ба таври зарурӣ риоя ва иҷро шуда, волоияти қонун ҳамчун нишонаи барҷастаи давлати ҳуқуқбунёд таъмин гардад.

ҶОБИРЗОДА Тоҳир Гул, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон