Тақдими 9 нақлиёти нави партовкашон

№ 10.01.2024

Ба мақсади беҳтар намудани фаъолият ба Корхонаи воҳиди давлатии комуналии “Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ”-и шаҳри Хуҷанд дар доираи лоиҳаи “Идоракунии партовҳои сахти маишӣ” 9 нақлиёти нави партовкашон тақдим мегардад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маросими тақдими нақлиёти нав ба роҳбарияти шаҳр ва КВД «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ» дастур дод, ки минбаъд низ барои боз ҳам тозаву обод ва зебо нигоҳ доштани кӯчаю хиёбонҳои шаҳр саъю талош намоянд.

Мухтори Абдулло,

«Садои мардум»