Таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Хатлон

№ 31.05.2024

Нахустин маротиба бо ҷонибдорӣ аз эълон гардидани Рӯзи ҷаҳонии футбол 25 май дар маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Бохтар чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид.

Иқдоми мазкур бо ибтикори роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон доир гардида, дар он роҳбарону масъулини вилоят, шаҳри Бохтар, сардорони ташкилоту муассисаҳо, ҳайати омӯзгорону донишҷӯён, меҳмонон ва сокинони касбу кори гуногун иштирок намуданд.

Муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода зикр кард, ки футбол василаи асосии иттиҳоду сарҷамъии тамоми халқияту миллатҳо буда, қабул шудани иқдому пешниҳоди президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷониби Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид боиси ифтихору шарафмандии ҳар як сокини кишвар мебошад.

Зикр гардид, ки футбол як намуди варзиши сермухлистарин дар ҷаҳон маҳсуб ёфта, ҳаводорони зиёди худро дорад. Бо саҳми президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ 25 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол аз ҷониби ҷаҳониён пазируфта шуда, хусусияти байналмилалӣ гирифт.

Иқдоми мазкур идомаи мантиқии пешниҳодҳои судманду ҳадафмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, он василаи иттиҳодиву иттифоқӣ ва рушди футбол дар кишвар мебошад.

Ба иттилои сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Рамазон Насириддинзода, ҳоло дар вилоят 23 дастаи футболи духтарона ва 19 даста дар Лигаи дуюм ҳанарнамоӣ карда истодаанд. Инчунин, дар мавсими имсола дар  Лигаи олӣ аз вилояти Хатлон дастаи “Вахш”-и шаҳри Бохтар, “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб, “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор ва “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ширкат меварзанд.

Ёдовар мешавем, ки 7 майи соли равон Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳоди президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалиро доир ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол пазируфта, вобаста ба он қатъномаи қабул намуд.

Созмони Милали Муттаҳид аз тариқи қабули қатъномаи махсус 25 майро расман Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон кард.

Сулаймон СУЛТОНОВ, “Садои мардум”