Солҳои 2019 - 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Таъсиси марказҳои ҳунармандӣ ҷои корӣ фароҳам мекунад

№92 (4198) 31.07.2020

ДилРушди ҳунарҳои мардумӣ зери таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Аз ин хотир, дар шаҳру ноҳия­ҳои кишвар ба ҳунармандон таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад.

Дар 14 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳияи Рашт 19 маркази ҳунарҳои миллӣ таъсис ёфтааст, ки дар онҳо 56 бону ба корҳои доимӣ ҷалб гардидаанд.

Тавре Нисо Азизова, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи назди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт гуфт,  дар нуқтаҳои ҳунарҳои мардумӣ 56 зани ҳунарманд ба гулдӯзию қарамадӯзӣ, тоқидӯзию ҷомадӯзӣ, попурӣ, кокулсозию рафидасозӣ машғуланд.

Ба гуфти ӯ, 158 бону дар корхонаҳои дӯзандагии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба кор фаро гирифта шудаанд, ки беш аз 70 нафарашон дар хонаҳояшон фаъолият доранд.

Дар ноҳия ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ  ва ба ин васила ба ҷои кори доимӣ таъмин намудани занон авлавият дорад. Дар бозори марказии шаҳраки Ғарм растаи ҳунарҳои мардумӣ таъсис ёфтааст, ки дар он маҳсули дасти бонувони ҳунарманд ба фурӯш гузошта мешавад.

Соҳибкасб намудани бонувон низ дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти ноҳия қарор дорад. Дар Литсеи техникии ноҳия 32 духтар ба омӯзиши дӯзандагӣ машғуланд, 65 нафари дигар ба курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши шерозадӯзӣ, гулбофӣ ва ҷӯроббофӣ ҷалб гардидаанд. Дар филиали Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар ноҳияи Рашт 20 нафар курси дӯзандагӣ, 8 нафар курси омӯзиши компютер, 11 кас курсҳои ошпазию муҳосибиро хатм карда, соҳиби шаҳодатномаи тахассусӣ гардиданд.

Дил1Дар деҳоти «Навдӣ» ва «Қалъаи Сурх» Иттиҳодияи ҷамъиятии «Маркази дастгирии занон» курси омӯзиши дӯзандагӣ ташкил ва 22 нафарро соҳибкасб кард.

Дар деҳоти «Ҳоит» корхонаи коркарди шир ташкил гардидааст, ки айни замон 15 бону дар он фаъолият доранд.

- Дар маҷмӯъ, рушди ҳунарҳои миллию муосир дар ноҳияи Рашт ба таъмини ҷои кори доимии бонувон мусоидат карда истодааст ва мо кӯшиш дорем, ки онро марҳила ба марҳила тавсеа бахшем, — гуфт Нисо Азизова.

 Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»