Нашъамандӣ - вабои аср

Табобати сайёри ёрирасон самарабахш аст

№163 (3464) 01.12.2015

Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013- 2020 ва «Барномаи миллии пешгирии паҳншавии нашъамандӣ ва такмили кумаки наркологӣ барои солҳои 2013 -  2017» самтҳои афзалиятноки фаъолият ва рушди Хадамоти наркологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳамкорӣ бо дигар мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои байналмилалиро муайян менамоянд.

Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологии ба номи профессор М. Ғуломов, шуъбаҳои минтақавии он ва нуқтаҳои табобатии сайёри ёрирасон, ки дар назди он таъсис дода шудааст, ба аҳолӣ ёрии наркологӣ мерасонад.

Дар давоми соли 2014 аз рӯи маълумоти расмии Хадамоти наркологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7279  нафар беморони нашъаманд (аз  ҷумла 199 нафар занҳо) дар қайди диспансерӣ буданд, ки дар муқоиса бо соли 2013 — ум 1,5 фоиз (7176) зиёд мебошад.

Яке аз сабабҳои афзоиши шумораи бақайдгирии беморони нашъаманд ин зиёд шудани шумораи муроҷиат ба муассисаҳои наркологӣ бинобар беҳтар шудани сифат ва дастрасии табобат ба шумор меравад.

Сабаби дигар ин татбиқи Барномаи табобати сайёри ёрирасон мебошад, ки барои ворид шудан ба он дар қайди муассисаҳои наркологӣ будан ё такроран муроҷиат кардани беморон ба маркази мазкур зарур аст.

Солҳои 2011- 2014 коҳиши нишондоди шумораи шахсон бо ташхиси  ибтидоии «гирифтори нашъамандӣ» ба назар мерасад. Дар ин давра шумораи ин гуна беморон 16,6 фоиз кам шудааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки амалишавии барномаҳои зиддимухаддиротӣ ба коҳиши талабот ба маводи нашъадор ва камшавии таваҷҷуҳ ба истеъмоли он муосидат менамояд.

Дар шаҳри Душанбе шумораи гирифторони ВИЧ — СПИД (ВНМО) — 2072 нафар, дар вилоятҳои Суғд — 1259, Хатлон — 1572, ВМКБ — 423 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1232 нафарро ташкил медиҳад.

Аз миёни муҳоҷирони меҳнатӣ 396 нафари сироятшудагони ин намуди беморӣ ошкор шудаанд, ки шаш фоизро аз шумораи умумӣ ташкил медиҳанд.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки соли 2014 қисмати зиёди ашхоси нашъаманд, мисли соли 2013 синни аз 35 то 59 — соларо ташкил медиҳанд, ки ба 66,8 фоиз (4864 нафар) баробар аст.

Тибқи таҳлилҳои гузаронидашуда, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014 шумораи истеъмолкунандагони героин 80,8 фоиз (5887 нафар), афюн 10,2 фоиз (743 нафар), бангдона 3,7 фоиз (272 нафар) будааст.

Истифодаи тарзи тазриқии маводи мухаддир боиси нигаронист, зеро аз шумораи умумии беморони дар қайдбуда 64,7 фоиз (4713 нафар) нашъамандони тазриқӣ мебошанд, ки онҳо метавонанд сабаби паҳншавии бемориҳои сироятӣ, чун ВИЧ-СПИД ва гепатит, гарданд.

Соли 2014 муассисаҳои наркологӣ нуҳ ҳолати маргро аз заҳролудшавии воситаҳои нашъадор ва муассисаҳои судӣ — тиббӣ 47 ҳолати маргро дар натиҷаи истеъмоли воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ ба қайд гирифтанд. Аз ин рӯ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Фонди глобалӣ оид ба мубориза алайҳи ВИЧ — СПИД, бемориҳои сил, вараҷа ва аз хун гузаранда барномаи нуқтаҳои табобатии сайёри ёрирасонро амалӣ гардонида истодаанд.

Чунин тарзи табобат ба коҳиш ёфтани зарари иҷтимоӣ дар намуди фаъолнокии криминалӣ, ки вобаста ба зарурати пайдо кардани маблағҳои ба нашъамандон барои харидорӣ намудани маводи нашъадор мебошанд, мусоидат менамояд.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»