Қонун ва иҷрои он

Талабот барои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ чӣ гуна аст?

№46 (3526) 07.04.2016

Раъно КаримоваСуҳбат бо сардори Раёсати бақайдгирии давлатии ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раъно Бобоевна Каримова

- Тавре дар боби якуми моддаи 5-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» омадааст, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ – иттиҳоди ихтиёрӣ, худидора ва ғайритиҷоратии шаҳрвандон мебошад, ки дар асоси умумияти манфиатҳо муттаҳид шудааст ва ин маънӣ дар оинномаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дарҷ шудааст. Шаклҳои ташкилию ҳуқуқии чунин иттиҳодияҳоро моддаи 7 — уми қонуни мазкур муайян менамояд, ки аз ташкилоти ҷамъиятӣ, ҳаракати ҷамъиятӣ ва мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ иборатанд.

Баъд аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» дар таҳрири нав ва азнавбақайдгирӣ то имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 2929 иттиҳодияи ҷамъиятӣ сабти ном гашта буд, ки 460-тои он барҳам дода шуд. Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 2469 иттиҳодияи ҷамъиятӣ ва 120 ташкилоти байналмилалӣ фаъолият доранд.

Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бақайдгирии ташкилотҳои ҷамъиятӣ 98.820 сомонӣ боҷи давлатӣ ситонда шудааст. Инчунин, соли гузашта 305 варақаи дорои дараҷаи ҳифзашон муқарраршуда истифода гардид, ки дар натиҷа, ба суратҳисоби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 2764 сомонӣ ворид шуд.

Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ фаъолияти густурда дошта, бахшҳои кишоварзӣ, тандурустӣ, фарҳангӣ, иттилоотию хизматрасонӣ ва ғайраро дар бар мегиранд.

- Сарчашмаҳои моликияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ кадомҳоянд?

- Тавре дар моддаи 27 омадааст, маблағи дохилшавӣ, аъзоҳаққӣ, хайрия, грант, воридот аз лексияҳо, лоторея, намоишгоҳҳо, чорабиниҳои варзишӣ, даромад аз фаъолияти соҳибкорӣ ва ғайра мебошанд.

Мувофиқи тағйиру иловаҳои ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» воридгардида (аз 8 августи соли 2015 таҳти № 1210) ба моддаи 27 қисми 2 илова шудааст. Мутобиқи ин қисм пардохтҳои ихтиёрӣ, хайриявӣ, грант, молу мулки аз тарафи давлатҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, шахсони ҳуқуқии бо иштироки субъектҳои хориҷӣ таъсисёфта, ташкилотҳои байналмилалӣ, инчунин ба воситаи дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ воридшуда аз тарафи мақомоти бақайдгиранда дар Феҳристи кумак ба иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ сабт карда мешаванд.

- Баъзан изҳори нигаронӣ мекунанд, ки қисми 2-и иловашуда ба моддаи 27 фаъолият ва сарчашмаҳои ташаккули моликияти ташкилотҳои ҷамъиятиро маҳдуд мекунад. Ин андеша асоси воқеӣ дорад?

- Хотиррасон бояд кард, ки то ҳол низоми дақиқи баҳисобгирӣ ва назорати сарфи маблағҳои ба иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аз хориҷ ва дохили кишвар пешниҳодгардида мавҷуд набуд. Аз ин сабаб, назорати сарфи маблағҳои воридшуда душвор буд. Аз эҳтимол дур нест, ки ин маблағҳо ғаразнок, бо мақсади ноором сохтани суботу оромии  ҷомеа истифода мешуданд. Аз ин рӯ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бояд пеш аз татбиқ намудани барномаҳои аз ҷониби субъектҳои хориҷӣ маблағгузоришуда мақомотеро, ки дар он ҷо ба қайд гирифта шудааст, аз ин маблағҳо огоҳ намоянд.

Масъалаи дигаре, ки бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни амалкунанда ҳалли худро ёфтааст, муайян кардани тартиби санҷиши фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ мебошад, зеро фаъолияти оинномавии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва тартиби санҷиши онҳо хусусиятҳои хоси худро дорад ва аз санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор фарқ мекунад.

- Тартиби барҳамдиҳӣ ва қатъ гардондани фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ чӣ хел сурат мегирад?

- Барҳамдиҳии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо қарори анҷуман, конференсия ё маҷлиси умумӣ мувофиқи оиннома ё бо қарори суд сурат мегирад (моддаи 33-юми қонуни мазкур).

Мақоме, ки дар бораи барҳамдиҳии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ қарор қабул намудааст, ба мақоми бақайд­гиранда хабар медиҳад. Баъди санҷидани риояи қоидаҳои барҳамдиҳӣ мақоми дахлдор ба Феҳристи ягонаи давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар хусуси дар марҳилаи барҳамдиҳӣ қарор доштани он маълумот ворид менамояд.

Чунончӣ, соли гузашта 122 ташкилоти ҷамъиятӣ ва панҷ филиалу намояндагӣ тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ҷараёни бақайдгирии барҳамдиҳиро гузаштаанд ва онҳо аз Феҳристи ягонаи давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ хориҷ карда шуданд. Ҳамчунин, аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти оинномавии 126 ташкилоти ҷамъиятӣ санҷида, ба 705 ташкилот барои вайрон намудани фаъолияти оинномавӣ ва бартараф кардани камбудиҳо огоҳии хаттӣ дода шуд.

Санҷишҳо нишон медиҳанд, ки аксарияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ талаботи оинномаашонро риоя намекунанд ё бо сабабҳои аз ҷониби донорҳо, дигар сарчашмаҳо маблағгузорӣ нашудан имкони фаъолият кардан надоранд. Чунин камбудиҳо зимни санҷиш дар иттиҳодияҳои ҷамъиятии «Гули нисо» (шаҳри Ваҳдат), «Симо» (ноҳияи Синои шаҳри Душанбе) ва «Сарвари мо» ошкор гардиданд. Бо сабаби ҷой доштани камбудиҳо, аз ҷумла соли гузашта барои иҷро накардани талаботи моддаи 25 — уми қонуни мазкур («Вазифаҳои иттиҳодияи ҷамъиятӣ») ба суд доир ба боздоштан ва барҳам додани фаъолияти 277 иттиҳодия аризаи даъвоӣ ворид ва бо ҳалномаи суд 25 ташкилот барҳам дода, фаъолияти 70-тои он ба муҳлати се моҳ боздошта шуд.

Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари назорати фаъолияти иттиҳодияҳо, инчунин ба шаффофияти маблағгузорӣ ва сарфи мақсадноки он диққат медиҳад ва дар ин самт тадбирҳо меандешад.

 Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»