Ба «Садои мардум» ҷавоб омад

Ташхиси заминсозӣ мӯйро аз хамир ҷудо хоҳад кард

№3 (3640) 12.01.2017

Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи «Кӣ ҳақ аст? Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Кумитаи идораи замини ноҳияи Варзоб ё Ширкати комили «Абдуқодир ва компания?»- ро, ки дар рӯзномаи «Садои мардум» таҳти № 133 (3613) 25 октябри соли 2016 рӯи чоп омадааст, баррасӣ намуд.

Дар асоси қарори раиси ноҳияи Варзоб аз 19 августи соли 1994, №107 ба сокини деҳаи Ғусғарфи деҳоти «Варзоб-Қалъа» Бобоев Абдуқодир барои ташкили хоҷагии деҳқонии «Шуҳрати Варзоб» 6,0 гектар, аз он ҷумла,  дар мавзеи Чилгикак 4,0 гектар барои кишти зироатҳои ғалла ва дар мавзеи Тути Хирманак 2,0 гектар барои бунёди боғи нав ҷудо карда шудааст.

Ҳамчунин, оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ин қарор, бе тағйир додани майдони он, яъне 6,0 гектар, аз он 4,0 гектар барои зироатпарварӣ ва 2,0 гектар барои бунёди боғ  қарори раиси ноҳияи Варзоб аз 17 декабри соли 2002, №346 аз нав ба тасвиб расидааст.

Минбаъд, дар асоси қарори раиси ноҳияи Варзоб аз 2 апрели соли 2002, № 88 ба хоҷагии деҳқонии  «Шуҳрати Варзоб» 1,48 гектар қитъаи замин барои бунёди минтақаи истироҳатӣ ҷудо ва бо Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин Дараҷаи А № 009542, ки дар Кумитаи идораи замини ноҳияи Варзоб таҳти № 242 қайд гардидааст, таъмин карда шудааст.

Мутаассифона, дар Кумитаи идораи замини ноҳияи Варзоб, КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ноҳияи Варзоб нусхаи парвандаи заминсозии ҷудокунии 1,48 гектар қитъаи замин барои бунёди минтақаи истироҳатӣ дарёфт нашуд.

Аз ин рӯ, танҳо аз рӯи нусхаи ҳуҷҷатҳои парвандаи заминсозии ҷудо намудани 0,37 гектар қитъаи замини бекорхобида барои ташкили истироҳатгоҳи  муташаккилонаи оммавӣ ба шаҳрванд Раҷабов Меҳрубон, ки дар асоси қарори раиси ноҳияи Варзоб аз 7 июни соли 2013, № 402 ҷудо ва бо Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин Дараҷаи А № 0402862 таъмин шудааст, муайян гардид, ки тарҳи ҷудонамудаи  №67 дар қисмати шимолии ин мавзеъ, дар масофаи зиёда аз 1000 метр дуртар ҷойгир буда, ба қитъаи замини баҳсӣ, ки дар мақола тарҳи 40 оварда шудааст, алоқамандӣ надорад.

Инчунин, қитъаи замини мавриди баҳс  дар майдони 0,37  гектар дар асоси  қарори раиси ноҳияи Варзоб аз 12 феврали соли 2010, № 31 ба шаҳрванд Асроров Саид барои таъсиси истироҳатгоҳи муташаккилонаи оммавӣ ҷудо гардидааст, бинобар гузаштани муҳлати истифодаи замин дар асоси қарори раиси ноҳияи Варзоб аз 5 июни  соли 2013, № 396 қарори марбута ва Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин Дараҷаи А № 0239652 беэътибор дониста шудааст. Ҳатто бо қарори муовини якуми раиси ноҳияи Варзоб аз 11 декабри соли 2003 «Оиди қатъ намудани ҳуқуқи истифодабарии замин» майдони боқимонда — 0,62 гектар заминҳои минтақаи истироҳатии хоҷагии деҳқонии «Шуҳрати Варзоб» ба фонди махсуси ноҳия дохил карда шудааст, вале ба кадом тарҳ мансуб будани он расман маълум нашудааст.

Масъулини Кумитаи идораи замин ва КДФ «Бақайдгирии  молу мулки ғайриманқул»-и ноҳияи Варзоб дар вақти пешниҳод намудани парвандаи заминсозӣ ҷойгиршавии замини ҷудошавандаро дар тарҳҳои 38 ва 40-и харитаи то баҳисобгирии давлатии солҳои 2010-2015 аз ҷониби ИДЛЗ «Тоҷикзаминсоз» ва дар тарҳҳои нави ин харита дақиқ  муайян накардаанд, ки ин ба ҳолатҳои беасос тартиб додани шиносномаҳои техникӣ ва ба миён овардани ҳар гуна баҳсҳои вобаста ба масъалаҳои замин  оварда расонидааст.

Дар робита ба пешниҳоди КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» аз 2 декабри соли 2016, 2/5-04-546 ва ваҷҳҳои дар мақола овардашуда дар хусуси номаълум будани ҳолати воқеии тарҳҳои 38, 40 ва 67 (инчунин, тарҳҳои нави харитаи навбатдорӣ), рӯзҳои наздик бо фароҳам омадани имконияти мусоиди роҳ ва боду ҳаво дар маҳал бо гурӯҳи корӣ ташхиси заминсозӣ гузаронида, камбудиҳои ҷойдошта тибқи тартиботи муқарраргардида бартараф ва ба муроҷиаткунандагон ҷавоби мушаххас ирсол мешавад.

 А. КАРИМЗОДА, муовини якуми раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон