Экология

Ташвишҳо оид ба тағйирёбии иқлим асос доранд

№59-60 (3360-3361) 24.04.2015

Имрӯз тағйирёбии иқлим, тӯфону обхезиҳо ва дигар ҳодисаҳои табиат, дар баробари нооромиҳои сиёсӣ, мардуми сайёраро ба таҳлука овардааст. Офатҳои табиӣ ба шаҳру ноҳияҳои гуногун  хисороти зиёд ба бор оварда, боиси талафоти одамон низ мегардад. Бинобар ин, роҳбарони давлатҳо, сиёсатмадорон, олимон, мутахассисон, умуман ҷомеаи ҷаҳонӣ пайи дарёфти роҳҳои пешгирии ин ҳолат шудаанд. Дар ин замина, барои кам кардани таъсири тағйирёбии иқлим ба табиат ва одамон ҳамкориҳоро ба роҳ монда, ҳамоишҳо ташкил мекунанд.

Чанд рӯз пеш ин масъала дар шаҳри Душанбе, дар конференсияи байналмилалие, ки таҳти унвони «Бархӯрди экосистемӣ нисбати мутобиқшавӣ  ба тағйироти иқлим дар Осиёи Марказӣ» баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ин чорабинӣ аз ҷониби Ташкилоти олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ бо супориши Вазорати федералии иқлим, ҳифзи табиат, сохтмон ва бехатарии реакторҳои ҳастаии Ҷумҳурии Федеративии Германия доир шуд.

Ҷаласаи умумии конференсия таҳти раёсати муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ойхон Шарипова гузашт. Муовини сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳор Ойматов зимни суханрониаш зикр кард, ки баргузории чунин ҳамоишро баҳри ҳамкориҳои судманд ва омӯзиши таҷрибаи якдигар муҳим арзёбӣ намуд ва хусусиятҳои хоси табиати  кишвари офтобии моро мухтасар ба меҳмонон шарҳ дод. Нотиқони дигар мавзӯи конференсияро барои ҳама кишварҳои Осиёи Миёна муҳим донистанд, зеро экосистемаи манотиқи баландкӯҳ ба пешгирии офатҳои табиӣ мусоидат намуда, сарчашмаи об мебошад.

Барои иштирокчиёни конференсия ду маърӯзаи асосӣ пешкаш гардид. Нотиқон- директори генералӣ оид ба  мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Фонди ҷаҳонии ҳифзи табиати ёбоӣ Шон Мартин ва модератори Бонки Умумиҷаҳонӣ Валери Хикки роҷеъ ба таҷрибаи ҷаҳонӣ ва имкони татбиқи таҷрибаи ҳосилшуда дар минтақаи Осиёи Миёна ибрози назар карданд. Сипас, дар атрофи ин маърӯзаҳо мубодилаи афкор сурат гирифт. Намояндагони кишварҳои Осиёи Миёна- Ойхон Шарипова (Тоҷикистон), Паязхон Кожахметов (Қазоқистон), Сафармурод Шалиев (Туркманистон) ва Нурлан Жумаев (Қирғизистон) оид ба хусусиятҳои хоси минтақаҳо ва тадбирҳои барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ амалишуда андешаҳояшонро баён доштанд. Муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Тоҷикистон Ойхон Шарипова  гуфт, ки воқеан оқибатҳои тағйирёбии иқлим, ки имрӯз дар тамоми ҷаҳон ба мушоҳида мерасад, ташвишовар аст. Дар Тоҷикистон, ки вобаста ба мавқеи ҷуғрофии ҷойгиршавиаш аз ҷумлаи минтақаҳои осебпазир маҳсуб меёбад, давоми 60 соли охир ҳарорати солонаи ҳаво қариб 1ОС баланд гардида, боришот низ зиёд шудааст. Дар чунин шароит хавфи обшавии пиряхҳо мавҷуд аст. Азбаски пиряхҳои Тоҷикистон манбаи асосии захираҳои обии Осиёи Миёна мебошад, кишвари мо хостори он аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба масъалаи мутобиқшавӣ ва паст кардани таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намояд.

Дар робита ба ин аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдомоти зиёд сурат гирифта, дар сатҳи байналмилалӣ дастгирӣ ёфтанд ва Ассамблеяи Генералии СММ соли 2003-ро «Соли байналмилалии оби тоза» ва солҳои 2005-20015-ро Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» эълон кард. Дар ин замина корҳои зиёде анҷом ёфтанд. Моҳи июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи  байналмилалии  амалиёти «Об — барои ҳаёт» доир мегардад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки минбаъд низ ин зуҳуроти табиат — тағйирёбии иқлим афзоиш хоҳад ёфт. Бинобар ин, тавсеаи ҳамкориҳо дар ин самт бисёр муҳим аст.

Яке аз иштирокчиёни конференсия, директори Маркази минтақавии экологии  Осиёи Миёна, профессор Абдулҳамид Қаюмов бо хоҳиши мо роҷеъ ба тағйирёбии иқлим назари хешро чунин баён кард:

-Чуноне ки аз тарафи коршиносони байналмилалӣ таъкид шудааст, Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо дар Осиёи Марказӣ, умуман дар ҷаҳон аз ҷумлаи давлатҳоест, ки аз таъсири тағйирёбии иқлим осебпазир мебошад.

Маркази минтақавии экологӣ бо пешниҳоди панҷ давлати Осиёи Миёна ташкил шудааст, то масоили экологиро, ки марз надорад, якҷоя ҳал кунем. Дар ин кишварҳо низ марказҳои экологӣ таъсис ёфтаанд ва барои беҳтар ба роҳ мондани ҳамкориҳо вобаста ба ҳифзи табиат фаъолият мебаранд. Аҳамияти конференсияи мазкур низ дар ҳамин аст, ки иштирокчиёни он масоили ҳамкорӣ ва чораҳои якҷояро барои татбиқи механизмҳои нав ва муассир баррасӣ намоянд.

Дар поёни конференсия изҳороти муштарак қабул шуд, ки тавсияҳоро оид ба мувофиқкунӣ ва татбиқи бархӯрди экосистемиро дар бар мегирад.

Б.КАРИМЗОДА,  «Садои мардум»