Татбиқи лоиҳа назаррас арзёбӣ шуд

№140-141 (3125-3126) 04.11.2013

DSC_0539

Бисту чоруми октябри соли равон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Осиёии Рушд ва Муассисаи давлатии Маркази идоракунии Лоиҳаи «Рушди деҳот» дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон  семинари минтақавӣ  дар мавзӯи «Идоракунии устувори чарогоҳҳо, заминҳои корам ва ҷангалзорҳо» баргузор гардид. Дар семинари зикршуда намояндагони вазорату кумитаҳои марбута, созмонҳои байналмилалӣ, сарраёсатҳои кишоварзии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, олимону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ширкат намуданд.

Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Қосимов «Оид ба рушди устувори чарогоҳҳо, заминҳои корам ва ҷангалзорҳо» суханронӣ карда, аз ҷумла зикр намуд, ки идоракунии устувор ва самаранок истифода бурдани чарогоҳҳо аз самтҳои асосии рушди соҳаи чорводорӣ ба ҳисоб меравад. Баргузории семинари имрӯза, ки ба яке аз самтҳои муҳими рушди соҳаи кишоварзии мамлакат бахшида шудааст, барои вусъати корҳо ва истифодабарии технологияи пешқадам мусоид хоҳад буд. Дар ин давра аз ҷониби Маркази идоракунии Лоиҳаи «Рушди деҳот» як конфронси байналмилалӣ ва як семинари ҷумҳуриявӣ гузаронида шуд, ки аз рӯйи дастовардҳои муосири байналмилалӣ роҳандозӣ гардидаанд ва мо имрӯз аз он натиҷагирӣ менамоем.

Ҳамзамон зикр гардид, ки айни замон пешрафти зиндагии тақрибан аз се ду ҳиссаи аҳолии ҷумҳурӣ бевосита аз ҳосилнокии 4,7 миллион гектар заминҳои таъиноти кишоварзӣ, ки зиёда аз 3,8 миллион гектари он чарогоҳ мебошад, вобастагӣ дорад.

Сипас, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Маҳмадалӣ Ватанов, намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон ҷаноби Си Си Ю, мушовири миллии лоиҳаи «Рушди деҳот» Ш. Раҳимов, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёратшоҳ Саъдулло ва дигар мутахассисони соҳа суханронӣ намуда, андешаҳояшонро оид ба муайян намудани стратегия ва сиёсати миллӣ дар бахши таъмини идоракунии устувори чарогоҳҳо, заминҳои корам дар заминаи қонунгузориҳои мавҷуда иброз доштанд. Ҳамзамон, ба иштирокчиёни семинар филм дар мавзӯйи «Дастовардҳои лоиҳа» намоиш дода шуд.

Дар рафти баргузории семинар зикр шуд, ки Маркази идоракунии Лоиҳаи «Рушди деҳот» бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд дар панҷ шаҳру ноҳияҳои пилотӣ (Рӯдакӣ, Ваҳдат, Роғун, Файзобод ва Варзоб) фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Илова бар ин, масъалаҳои муҳими рушди чарогоҳҳо, истифодаи самараноки замин ва чорводорӣ бо назардошти натиҷаҳои хуби худӣ ва ҳамкорони хориҷӣ дар кори ҳуҷҷатгузории нави стратегӣ ва таҷрибаи пешбурди соҳа, ки ба истифодаи самараноки замин ва тағйирёбии мусбати ҳаёти сокинони деҳот мусоидат мекунанд, бознигарӣ шуд.

Яке аз ҳадафҳои баргузории ҳамоиш маҳз муайян кардани ҳолати феълии чарогоҳу ҷангалзорҳои ҷумҳурӣ ва таҳияву муайян кардани тадбирҳои минбаъдаи стратегӣ ва рушди устувори хоҷагидории чарогоҳҳо бо назардошти таҷрибаи пешқадами бурунмарзии ҳосилшуда буд. Ҳамзамон таҳқиқи ҳолати чарогоҳҳои Тоҷикистон ва вобаста ба он захираҳои замин ва гуногунии биологӣ аз мавзуъҳои марказӣ буд.

Чорводорӣ яке аз соҳаҳои анъанавии кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобида мешавад. Аз ин лиҳоз, рушди ин соҳа ва саҳми он дар баланд бардоштани иқтисодиёти кишвар аҳамияти калон дорад. Барои ин дар шароити иқтисоди бозоргонӣ, хусусан, дар шароите ки аксарияти чорво ба аҳолӣ тааллуқ дорад, аҳамияти ин соҳа якчанд маротиба меафзояд. Мутобиқи маълумот, саршумори чорвои калон ва майда дар Тоҷикистон 6,5 миллион сар буда, 2 миллион сари онро чорвои калон ва 4,5 миллион сари онро бузу гӯсфанд ташкил медиҳад.

Дар семинар вобаста ба ҳалли масъалаҳои пешгузоштаи лоиҳа — беҳсозии системаи самараноки маҳсулнокӣ ва истифодабарии чарогоҳҳо, сабабҳои беҳосилгардии замин ва чораҳои пешгирии он, рушди чорводорӣ, ҳолати феълӣ ва мушкилоти гуногуннавъии биологӣ, густариши майдони ҷангалзорҳо ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зимни маърузаҳои иштирокдорон гуфта шуд, ки аз масоҳати умумии заминҳои корам дар ноҳияҳои пилотӣ (Роғун, Файзобод, Ваҳдат, Рӯдакӣ ва Варзоб), ки 496430 гектарро ташкил медиҳад, 159248 гектар таназзулёфта (эрозиядошта) мебошад. Таназзули хок ин равиш ва рӯйдодҳои бадшавии хокҳо, паст шудани ҳосилхезии хок бар асари таъсири омилҳои табиӣ ва инсонӣ, инкишоф ёфтани равишҳои таназзулӣ, шӯршавӣ ва баландшавии обҳои зеризаминӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, эрозияи хок обӣ ва шамолӣ шуда метавонад. Ин аст, ки солҳои охир мушкили зиёдшавии масоҳати чарогоҳҳои таназзулёфта, ки сабабгори паст шудани ҳосилнокӣ ва кам шудани хӯроки чорво мебошад, ба назар мерасад. Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар заминҳои чарогоҳҳои таназзулнашуда ба ҳисоби миёна ҳосилнокӣ 30 сентнерӣ ва дар заминҳои таназзулёфта 9 сентнерӣ алафи хушкро ташкил медиҳад ва ҳар сол дар ҷумҳурӣ аз сабаби таназзулёбии замини чарогоҳҳо зиёда аз 714 000 тонна хӯроки чорво аз даст меравад.

Ин дар ҳолест, ки солҳои 70-80-уми асри гузашта дар Тоҷикистон корҳои зиёди агромелиоративӣ анҷом ёфта, ҳамасола даҳҳо ҳазор гектар аз худ ва обёрӣ мешуд.

Ҳамин тариқ, агар дар заминҳои таҳдидкунандаи хатари эрозия доир ба муҳофизати хок тадбирҳо андешида нашаванд, ҷамъи солонаи талафоти хок 127,1 миллион тоннаро ташкил хоҳад дод. Аз ин лиҳоз, барои бартараф намудани мушкилоти мавҷуда ва рушд додани алафзори табиии хӯроки чорво миёни иштирокдорони семинар муҳокимаронӣ сурат гирифта, бобати баланд бардоштани маҳсулнокии алафзори табиӣ, пешгирии таназзулёбӣ ва аз растаниҳо урёншавии чарогоҳҳо дар навоҳии ҷануби Тоҷикистон, ба гардиши кишоварзии хоҷагиҳо даровардани мавзеъҳои нави чарогоҳҳо бо роҳи обёрӣ, шудгоркунӣ ва коштани зироат, истифодаи самарабахши киштзори чарогоҳ ва мубориза барои ифлос нашудани чарогоҳҳо фикру пешниҳодҳои мушаххас ироа гардид.

Сипас, мутахассисону коршиносон  оид ба идоракунии устувори чарогоҳҳо, заминҳои корам ва ҷангалзорҳо, ислоҳот дар соҳаи чарогоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самаранок истифодабарии чарогоҳҳо, заминаи қонунгузорӣ дар соҳаи зикршуда ва ҷангалзорҳои  Тоҷикистон ба иштирокчиён дастурҳои муфид пешниҳод ва соҳаи кишоварзиро аз бахшҳои калидии иқтисоди Тоҷикистон арзёбӣ намуданд.

Мавриди зикр аст, ки Маркази идоракунии Лоиҳаи «Рушди деҳот» бо мақсади дастгирии соҳаи кишоварзӣ ва афзунгардонии истеҳсолоти он, тақвияти инфрасохтори маҳал ва дар ин замина беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии деҳот бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд дар панҷ ноҳияи пилотӣ  давоми солҳои 2007-2014 татбиқ мегардад.

Аз ин рӯ, баргузории чорабиниҳои мазкур барои рушди кишвар ва таҳкиму густариши соҳаи кишоварзии мамлакат заминаи мусоид мегузорад.

Хайрулло Шарипов, «Садои мардум».

Суратгир А.ИСОЕВ