Татбиқи стратегия ба рафъи камбудиҳо мусоидат намуд

№149-150 (3450-3451) 05.11.2015

Дар толори Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд даъвати панҷум доир гашт.

дар иҷлосия масъалаҳои муҳим, аз ҷумла рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2010 таҳти № 368 «Дар бораи Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 — 2020» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар иҷлосия ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд даъвати панҷум ба ивази вакилони хориҷшуда аз ҳавзаҳои интихоботии «Масҷиди Сурх» № 5, «Ворух» № 11 ва «Панҷакент» № 23 тасдиқ гардида,  ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилоят оид ба масъалаҳои сиёсати аграрӣ, хӯрокворӣ, меҳнат ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ шунида шуд.

Дар баробари ин, вакилони халқ қарорҳои дахлдорро оид ба номгузории объектҳо қабул намуданд.

Дар иҷлосия аз рӯи масъалаи асосӣ — рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2010 таҳти                № 368 «Дар бораи Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 — 2020» муовини раиси вилоят Назира Ғаффорӣ суханронӣ намуда, зикр намуд, ки ҷиҳати татбиқи санади мазкур дар шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои муайян ба иҷро расонида шудаанд. Хароҷоти соҳаи нигаҳдории тандурустӣ дар таркиби хароҷоти давлатӣ дар соли 2010-ум 19,9 фоиз буда, он дар соли 2014-ум ба 25,3 фоиз расид, ки ин аз ҳадафи Стратегия зиёд мебошад.

Маълум гардид, ки соли 2010 ба аҳолии вилоят 4476 нафар табибон ва 12733 нафар ҳамшираҳои тиб хизмат мерасониданд. Аз он изҳори қаноатмандӣ карда шуд, ки ин нишондод дар соли 2015 мутаносибан ба 4728 ва 14250 нафар баробар гашт.

Нишондиҳандаҳои пасти таъмин кардани  аҳолӣ бо табибон дар шаҳру ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ (7,6), Ғончӣ (10,4), Айнӣ (11,0), Бобоҷон Ғафуров (11,8) ва Зафаробод (11,9) ба назар мерасад. Дар маҷмӯъ, бояд дар муассисаҳои табобатии вилоят 119 нафар табибони силшинос кор кунанд, вале дар асл 59 нафар фаъолият доранд, ки 44 нафари онҳо дар синни нафақа мебошанд. Инчунин норасоии мутахассисони соҳаҳои эҳё, наркология, рентгенологҳо, сироятшиносон, онколог ва равоншинос ба назар мерасад.

Шумораи табибон дар деҳот аз 1098 нафар то 1067 нафар кам гашта, кормандони дорои маълумоти миёнаи тиббӣ аз 4724 нафар то 5072 нафар зиёд шуданд. Қобили зикр аст, ки бо мақсади дастгирии оилаҳои эҳтиёҷманд тайи солҳои 2014–2015 ба 75 нафар табибон ва 66 нафар ҳамшираҳои тиб қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардид. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, хусусан Панҷакент, Мастчоҳ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ, Ғончӣ  ва Шаҳристон минбаъд низ бояд ҷиҳати ҳавасмандкунии мутахассисони ҷавон барои кор дар деҳот чораҳои заруриро андешанд.

Дар вилоят соли 2010 -ум нуҳ доктор ва 40 нафар номзадҳои илми тиб фаъолият мебурданд. Ҳоло ҳашт доктори илмҳои тиб ва 55 номзадҳои илми тиб дар шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Мастчоҳ, Спитамен, Чкалов ва Хуҷанд ба аҳолӣ хизмат расонида истодаанд. Дар шаҳру ноҳияҳои дигар чунин нафарон нестанд.

Назира Ғаффорӣ ҳамчунин афзуд, ки аз кор рафтани мутахассисони соҳаи тиб тамоюли пастравӣ дошта бошад ҳам, ҳанӯз ташвишовар аст. Агар соли 2010 дар вилоят 135 табиб ва 632 корманди миёнаи тиб бо сабабҳои гуногун корро тарк карда бошанд, дар нимсолаи якуми соли равон 115 табиб ва 391 корманди миёнаи тиб аз кор рафтанд. Нишондоди баланди аз кор рафтани мутахассисони соҳа дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Панҷакент, Мастчоҳ ва Спитамен ба назар мерасад.

Бинобар пурра таъмин нагардидани беморон аз тарафи муассисаҳои табобатию профилактикӣ бо маводи доруворӣ имрӯз дорухонаҳо дар ҳудуди муассисаҳои табобатию профилактикӣ фаъолияти худро пеш бурда истодаанд.

Ҳарчанд аз ҷониби сохторҳои салоҳиятдор воридшавии доруворӣ ва маводи зарурии тиббӣ таҳти назорати қатъӣ қарор дорад, вале ҳолатҳои воридшавии дорувории пастсифат ё муҳлати истифодаашон гузашта ва фурӯши он тавассути дорухонаҳои хусусӣ ба мушоҳида мерасад. Танҳо соли ҷорӣ аз 315 дорухонаҳои вилоят 2205 номгӯй маводи дорувории шубҳанок, 70 номгӯй маводи дорувории муҳлати истифодабариашон гузашта ва 90 номгӯй маводҳои дорувории бе сертификати мутобиқати сифат дарёфт гардид. Ҳолати мазкур водор месозад, ки нисбат ба ин масъала масъулони соҳа ва сохторҳои марбута корбариро ҷоннок намоянд.

Дар миқёси вилояти Суғд соли 2009 ҳамагӣ 18 муассисаи хусусии тиббӣ фаъолият кард. Имрӯз шумораи муассисаҳои хусусии тиббӣ ба 187  адад расидааст. Дар муассисаҳои хусусии тиббӣ 2059 нафар фаъолият менамоянд.

Шабакаи муассисаҳои хусусии тиббӣ намудҳои нави хизматрасониҳои тиббӣ, аз ҷумла ангиографияи шараёнҳои  коронарӣ ва гурда, ҷарроҳии эндоурологӣ ва сангшиканӣ (литотрипсия), тасҳеҳи лазерии биноӣ ва ғайраро ба аҳолӣ мерасонанд.

Дар ҷамъбасти иҷлосия Абдураҳмон Қодирӣ ба вакилони халқ ва масъулин оид ба ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла ҷамъбасти сол, риояи ҳатмии истифодаи меъёри неруи барқ ва сарфаи он, таъмини нақшаи даъвати ҳарбӣ, иҷрои нақшаи ҷамъоварии андозҳо, тавсеа бахшидани фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, вусъати кишти тирамоҳӣ  ва бунёди боғу токзорҳо, таъсиси Марказҳои ҳунари миллӣ ва дар сатҳи баланд истиқбол намудани Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Абдувосит Салимзода, «Садои мардум»