- Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонӣ дар сатҳи хона, кӯча, маҳал, деҳа ва ноҳия муташаккилона идома дорад, — иброз намуд узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Ишкошим Мусо Мирзозода.
Дар ноҳия ба истифода супоридани 76 иншоот ба нақша гирифта шуда, аз ин теъдод 31 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
- Бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар иҷрои нақша ва расидан ба ҳадафҳо пешсаф аст, — афзуд ӯ.
Шумораи иншооти навсозишуда соли сипаригардида 56 ададро ташкил дода, корҳои сохтмонӣ дар 24 иншоот, аз ҷумла, хати оби нӯшокӣ, бинои маъмурии филиали рақами 72 — и Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», анбор барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, бинои маркази инкишофи кӯдакон, меҳмонхонаҳо, сартарошхона ва ҳаммом ба анҷом расид.
Соли равон корҳои сохтмонӣ, таъмиру навсозӣ дар 19 иншоот ба маблағи 4518,6 ҳазор сомонӣ иҷро гардиданд, ки роҳи маркази ноҳия дар масофаи 674 метр, бинои маъмурии Кумитаи идораи замини ноҳия, се хати оби нӯшокӣ, соҳилмустаҳкамкунии соҳили дарёи Панҷ дар мавзеи Туғгоз ва се гармхона аз ҳамон ҷумла мебошад.
Лозим ба ёдоварист, ки соли гузашта хонаи фарҳанг, мактаби санъат ва рассомӣ, маркази фарҳангию фароғатии деҳаи Вранг, хонаҳои фарҳангии деҳаҳои Зонгу Шитхарв аз таъмири асосӣ бароварда шуданд. Бар замми ин, барои мактаби санъат ва рассомӣ ва хонаи фарҳанги ноҳия таҷҳизоти зарурӣ харидорӣ гардида, ба китобхонаи марказӣ 143 адабиёти тозанашр дастрас шуд.
Бо маблағгузории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи марказӣ низ аз таъмири асосӣ бароварда шуд.
Ноҳия барои рушди соҳаи сайёҳӣ имконияти зиёд дошта, феълан 21 меҳмонхона, 19 ҳомстей, ду тарабхонаи муосир, 11 ошхона фаъолият доранд. Ду ширкати сайёҳӣ — «Помир — Вахон — Саёҳат» ва «Вахон дисковери тур» барои муаррифии имкониятҳои соҳа фаъоланд.
Мардум бо шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият намуда, баҳри беҳбуд бахшидани нишондиҳандаҳо азми қавӣ доранд, — гуфт дар фарҷом Мусо Мирзозода.
М. ИМОМНАЗАР,
«Садои мардум»