Терроризм – зуҳуроти номатлуб

№75(3376) 01.06.2015

Ботаассуф бояд ёдрас намоям, ки имрӯз на ҳама ҷавонон ба қадри ин сарзамини бароямон муқаддас, ин обу хоки пок, ин кишвари зебо мерасанд. Тариқи воситаҳои ахбори омма мебинем, ки бархе аз ҷавонон (аксар онҳое, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд) бо сабаби ноогоҳӣ, паст будани донишҳои сиёсӣ ба ҷараёну равияҳои тундгаро шомил гашта, ҷавонии худро қурбони сиёсати як гурӯҳ ашхоси бадкешу бадхоҳ мегардонанд.

Мехоҳам ин ҷо дар бораи мафҳуми ифрот ва ифротгаройӣ, ки истилоҳи байналмилалии экстремист ё экстремизм мебошад, андешаҳоямро иброз намоям, то ки ҷавонони азиз, дӯстони ҳамсинну соли ман хулоса намуда, дар оянда ба роҳи хато нараванд. Ифроту ифротгаройӣ падидаи номатлуб мебошад ва  ба зӯроварию таҳдид робитаи ногусастанӣ дорад. Ифротгароён ҳама гуна муросо, созиш, музокирот, сулҳро сарфи назар менамоянд. Барои онҳо мафҳумҳои дӯст доштани Ватан — Модар бегона буда, танҳо ноил шудан ба ҳадафҳои нопокашон муҳим аст, чӣ миқдор ҷавонон, мардуми осоишта қурбон мешаванд, кӯдакон ятим, занҳо бе ҳамсар мемонанд, сахтиву азобу уқубат сари насли инсон бор мешавад, муҳим нест.

Ифротгаройӣ як навъ амалест, ки тариқи зӯроварӣ ишғол кардани ҳокимият, ворид намудани халал ба фаъолияти муназзами сохторҳои давлатӣ, таҳдид кардан ба амнияти ҷомеа ва ғайраро дар бар мегирад. Мо бояд аз сабақҳои ҷанги таҳмилии ба истилоҳ бародаркуш сабақ гирифта, хулоса намуда, ҷавононро ба роҳи дуруст талқин намоем.

Чӣ рӯзҳои даҳшатноке буданд он рӯзҳои ҷанги бародаркуш?! Ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳанд шуд. Имрӯз кишвари азизи мо дар мубориза бо ҳама гуна зуҳуроти номатлуб — экстремизму терроризм, ҷудоиандозӣ мавқеи устувор дорад. Рӯз аз рӯз паст гардидани сатҳи камбизоатӣ, беҳбуд бахшидан ба рӯзгори мардум, таъмини зиндагии осоишта аз тадбирҳое мебошанд, ки Ҳукумати кишвар бо такя ба қувва, ақлу идрок ва меҳнати созандаи сокинони кишвар, хоса ҷавонон амалӣ менамояд. Рисолати инсонии ҳамаи мо аз он иборат аст, ки Тоҷикистони ободу зебо ва шукуфоро ба наслҳои баъдӣ ба мерос гузорем.

Сарвиноз Мирзораҳимовамуаллимаи забон ва адабиёти Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6, ноҳияи Файзобод