Ҳадаф ва вазифаҳо дар даҳсолаи нав

№156 (3636) 28.12.2016

mahmamabinov 21 декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ якдилона қатъномаеро, ки ба барномаи сеюми байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор» оғоз мебахшад, қабул намуд. Он аз соли 2018 то соли 2028 идома меёбад. Қатъномаро 177 давлати аъзои СММ ҷонибдорӣ намуданд.

Бори аввал ташаббуси эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор»-ро Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуд.  Даҳсолаи қаблӣ соли 2005 оғоз ёфта буд.

Дар бораи он ки дар ин солҳо чӣ корҳо ба анҷом расиданд ва кадом вазифаҳоро бояд дар даҳсолаи минбаъда иҷро кард, Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов дар мусоҳиба бо Радиои СММ андешаҳояшро чунин иброз дошт:

- Тибқи Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ, ҳадафҳои Даҳсолаи нав таваҷҷуҳи баланд ба рушди устувор ва идоракунии ҳамоҳангшудаи захираҳои об барои расидан ба ҳадафҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳифзи муҳити зист, амалигардонӣ ва пешбурди барнома ва лоиҳаҳои дахлдор, инчунин густариши ҳамкорӣ ва шарикӣ дар ҳама сатҳ барои мусоидати татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашудаи марбут ба захираҳои об, аз ҷумла Ҳадафҳои рушди устуворро дар бар мегирад.

Илова бар ин, дар қатънома зарурати пешбурди истифодаи босамари об дар ҳама сатҳ, бо дарназардошти алоқамандии захираҳои об, озуқаворӣ, энергетика ва муҳити зист махсус таъкид гардидааст.

Қатънома ҳадафҳои иловагии Даҳсола, аз ҷумла такмили механизмҳои ташаккул ва паҳн намудани дониш, осонгардонии дастрасӣ ба дониш ва табодули иттилоот  оид ба таҷрибаи пешрафта, гирифтани иттилооти нави алоқаманд ба ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об, амалӣ намудани фаъолияти иттилоотию фаҳмондадиҳӣ, таъсиси шабакаҳо ва мусоидат ба ташкили шарикӣ ва фаъолияти дигар иштирокдорони манфиатдор дар татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои марбут ба захираҳои об, таҳкими фаъолияти коммуникатсионӣ дар сатҳи гуногун ба манфиати татбиқи ҳадафҳои бо захираҳои об алоқамандро муайян мекунад.

Қатъномаи мазкур ба Дабири кулли СММ андешидани тадбирҳои заруриро барои банақшагирӣ ва ташкили фаъолият дар доираи Даҳсола дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва кишварҳо бо дастгирии механизми байнимуассисавии «СММ – захираҳои об» пешниҳод менамояд.

Дар баробари ин, натиҷаҳои амалишавии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои ҳаёт», солҳои 2005-2015, фаъолияти Форуми сиёсии сатҳи баланди СММ оид ба рушди устувор ва кори Комиссияи сатҳи баланд оид ба об, ки аз ҷониби Дабири кулли СММ ва раиси Бонки ҷаҳонӣ таъсис дода шудааст, бояд ба инобат гирифта шаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари роҳбарони 10 кишвари дигари аъзои СММ узви Гурӯҳи сатҳи баланд оид ба об мебошад. Муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар Намояндаи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Гурӯҳи сатҳи баланд оид ба об таъин шудааст.

Тибқи қатъномаи мазкур гузаронидани ду Муколамаи корӣ таҳти роҳбарии Президенти Сессияи 71-уми Маҷмаи Умумии СММ оид ба муҳокимаи масъалаи баланд бардоштани ҳамгироӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти СММ, ки марбут ба манбаъҳои обӣ аст, инчунин Шарҳи миёнамуҳлати СММ доир ба рафти татбиқи Даҳсола дар чорчӯбаи Сессияи 77-уми  СММ дар назар аст.

Пас аз соли нав раванди омодагӣ доир ба гузаронидани муколамаи кории Маҷмаи Умумии СММ оғоз мегардад. Раванди омодагӣ ба Шарҳи миёнамуҳлат ҷиҳати рафти татбиқи Даҳсола мутобиқи қатъномаи мазкур дар рафти Сессияи 73-юми Маҷмаи Умумии СММ тирамоҳи соли 2018 оғоз мегардад.

Ибтикорот дар бораи эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор» бори аввал аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафти Форуми ҳафтуми ҷаҳонии об, ки моҳи апрели соли гузашта дар Ҷумҳурии Корея доир гардид, пешниҳод шуд.

Дар робита ба ин, Сарвари давлат пешниҳод намуд, ки ба ивази Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои ҳаёт», солҳои 2005-2015-и хотимаёфта, Даҳсолаи нав омода шудааст, ки платформаи қавие мегардад ва ба ҳамоҳангӣ ва пешбурди тамоми кӯшишҳо барои ҳалли масъалаҳо ва мушкилоти марбут ба манбаъҳои обӣ мусоидат менамояд. Ғайр аз ин, Даҳсолаи нав даъват менамояд, ки кори ба итмомнарасидаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои ҳаёт», солҳои 2005-2015, бо чораҳо ва кӯшишҳои нав баҳри расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор мукаммал гардонида шавад.

Ибтикорот дар бораи эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои ҳаёт», солҳои 2005-2015 низ соли 2003 аз ҷониби Президенти кишвар пешниҳод шуда буд. Баъдан, дар доираи ин Даҳсола, инчунин ибтикороти Тоҷикистон дар бораи эълон намудани соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» ва дигар ибтикорот, аз ҷумла, «Соли байналмилалии санитария» ҷонибдорӣ ёфт.

Дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои ҳаёт» ва тибқи қатъномаҳои Маҷмаи Умумии СММ се Муколамаи интерактивии Маҷмаи Умумӣ дар солҳои 2010, 2013 ва 2015 гузаронида шуд. Илова бар ин, Ҳукумати кишвар дар ҳамкорӣ бо СММ дар Душанбе чорабиниҳои муҳим, аз ҷумла, шарҳи миёнамуҳлати ҳамаҷонибаи ҷараёни баргузории Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои ҳаёт» (моҳи июни соли 2010), Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об (моҳи августи соли 2013) ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои ҳаёт»-ро (моҳи июни соли 2015)  баргузор кард.

 АМИТ «Ховар»