Аз фаъолияти парлумонҳои ҷаҳон

№ 28.04.2016

Чинибой Турсунбеков раиси Парлумони Қирғизистон интихоб шуд

Ин қарорро вакилон дар ҷаласаи Жогорку Кенеш (парлумон), ки 27-уми апрел доир шуд, қабул карданд.

Зимни овоздиҳии пӯшида ба номзадии Чинибой Турсунбеков 88 вакил ва ба ҷонибдорӣ аз Исҳоқ Масалиев 26 вакил раъй доданд. Се вакил ба номзадии Чинибой Турсунбеков раъйи мухолиф доданд.

Номзадии Чинибой Турсунбековро Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон пешниҳод карда, аз он ҷиноҳи «Республика-Ата Журт», «Ата Мекен» ва «Қирғизистон» ҳимоят карданд. Номзадии Исҳоқ Масалиев аз сӯи ҷиноҳи «Онугуу-Прогресс» пешниҳод шуд.

Ёдовар мешавем, 13-уми апрел Асилбек Жээнбеков аз вазифаи раиси парлумон ба хотири ба вазифаи нахуствазир таъин шудани бародараш Сооронбой Жээнбеков даст кашид. Тибқи қонунгузории Қирғизистон хешовандони наздик ҳақ надоранд дар ин кишвар ҳамзамон вазифаҳои баланди давлатиро ишғол кунанд.

Додгоҳи олии Қрим Маҷлиси тоторҳоро манъ кард

Додгоҳи олии Қрими ғасбшуда шӯрои иҷроияи тоторҳои Қримро созмони ифротӣ эътироф ва фаъолияташро қатъ кард. Ин қарор, ки 26 апрел содир шуд, ҳамлаи дигар ба ҷамъияти тоторҳо дониста мешавад. Аксари аъзои ин ҷамъият ба ғасби ҳокимияти Қрим аз сӯи Москва мухолифат варзида буданд.

Пештар аз ин Вазорати адлияи Федератсияи Россия маҷлиси тоторҳои Қримро шомили рӯйхати созмонҳои ифротӣ карда буд. Қарори нави додгоҳ ба мақомоти маҳаллӣ имкон медиҳад, ки идораи нашрияи маҷлисро банданд ва дастгоҳу дигар дороии онро мусодира кунанд. Ҳазорон тотор, ки 12 дарсади ҷамъияти 2,5-миллионии нимҷазираро ташкил медоданд, баъди ғасби Қрим дар ду соли пеш ин қаламравро тарк карданд.

Хабаргузории ТАСС аз қавли додситони Қрим Наталя Поклонская навишт, ки ҳама гуна фаъолияти маҷлис аз ин ба баъд ғайриқонунӣ хоҳад буд. Сардори маҷлис Рефат Чубаров ба рӯзноманигорон дар Киев хабар додааст, ки маҷлис ва ниҳоду созмонҳои марбути он дар пойтахти Украина ба фаъолият идома медиҳанд.

Таҳияи А. САМАРИДДИН