Брифинг оид ба ҳамоиши «Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва санитария» дар Ню-Йорк

№89 (3569) 12.07.2016

konferenzlogo-largeҶумъаи гузашта бо ташаббуси Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар шаҳри Ню-Йорк брифинг оид ба Ҳамоиши байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои марбута таҳти унвони «Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва санитария» баргузор гардид, ки дар он намояндагони доимии як қатор кишварҳои аъзои СММ (Финландия, Непал, Танзания, Тонго, Марокаш, Гамбия, Тайланд, Маурис, Боливия, Фиҷӣ), фиристодагони махсуси кишварҳои СММ оид ба Панели сатҳи баланди вобаста ба масъалаҳои об (Нидерланд, Маҷористон, Австралия, Бангладеш, Африқои Ҷанубӣ) ва намояндагони Департаменти СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (UNDESA) ширкат намуданд.

Ҳамоишро намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ ифтитоҳ намуда, муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон-Фиристодаи вежаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Панели сатҳи баланди вобаста ба масъалаҳои об Султон Раҳимзода ба таваҷҷуҳи меҳмонон маълумоти муфассалро роҷеъ ба ҳамоиши болозикр расонид ва изҳори умед намуд, ки Ҳамоиши Душанбе барои баррасии масъалаҳои дарёфти роҳҳои иҷрои Ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои вобаста ба он замина фароҳам хоҳад овард.

Ёдовар мешавем, ки ҳамоиши байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои вобаста ба он таҳти унвони «Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва санитария» 9-11 августи соли 2016 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ки он бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти СММ оид ба масоили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (UNDESA) роҳандозӣ шудааст.

Дар ҷаласа намояндагони ҳукуматҳо ва роҳбароне, ки дар мавриди истифодаи захираҳои обӣ метавонанд қарор қабул кунанд, коршиносон аз ташкилотҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, намояндагони доираҳои академӣ, илмӣ ва соҳибкорӣ, ҳамчунин ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат хоҳанд кард. Дар ҳамоиш масъалаҳои зерин, аз қабили афзун намудани зарфияти ҳукуматҳои миллӣ ва мақомоти маҳаллӣ дар масъалаи мудирият аз болои истифодаи ҳамгироиёнаи захираҳои обӣ, табодули дониш ва таҷриба дар масоили беҳтар намудани дастрасӣ ба об, беҳдошт ва санитария, баланд бардоштани самаранокии истифодаи об, коҳиш додани ифлосшавии захираҳои обӣ, ҳифзи ҳавзҳои обӣ ва системаҳои беҳдоштии экологӣ, пешбурди ҳамкориҳо ва шарикии байналмилалӣ, рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва бисёрсоҳа, пешбурди ташаббусҳои мушаххас ҷиҳати иҷрои Ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои вобаста ба он баррасӣ хоҳанд шуд.

«Садои мардум»