Вазъи ҷаҳон

Мардуми Туркия ба ҷонибдории демократия ба по хест

№ 22.08.2016

Кордори Сафорати Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фотеҳ Қаҳрамон 12-уми августи соли равон дар нишасти матбуотӣ доир ба кӯшиши табаддулоте, ки 15-уми июли соли ҷорӣ дар Туркия рух дода буд, маълумот дод. Ӯ гуфт, ки гурӯҳи низомиёни артиши Туркия зимни кӯшиши табаддулоти давлатӣ тавассути ҳавопаймоҳои реактивӣ ба биноҳои Маҷлиси бузурги миллии Туркия, Қасри президент ва Раёсати амалиёти махсуси мақомоти амнияти Туркия зарба заданд.

Табаддулотчиён ба воситаи танкҳо пули гулӯгоҳи Босфорро дар Истамбул баста, ба сӯи аҳолӣ оташ кушоданд. Кӯшиши табаддулотчиён барои забти Телевизиони давлатии Туркия (ТRТ) ва истифодаи интернет барои паҳн кардани иттилооти бардурӯѓ ноком анҷомид. Намояндагони ВАО ва шаҳрвандон ба низомиён зимни кӯшиши забт намудани марказҳои иттилоотии хусусӣ муқовимати сахт нишон доданд.

Фотеҳ Қаҳрамон гуфт, ки тамоми ҳизбҳои сиёсӣ 16-уми июл «Эъломияи муштарак» қабул намуда, табаддулотро маҳкум карданд. Созмонҳои ҷамъиятӣ, аҳзоби сиёсӣ ва шаҳрвандони одӣ якдилона ба муқобили табаддулотчиён бархостанд.

Зимни кӯшиши табаддулот 246 нафар шаҳрвандону кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот фавтида, 2500 нафар маҷруҳ шуданд. Аз миёни табаддулотчиён 24 нафар фавтида, 50 нафар ҷароҳат бардоштанд. Ягон шаҳрванди хориҷӣ дар табаддулот ширкат наварзидааст.

Ҳукуматдорони Туркия ходими ҷамъиятӣ ва воизи маъруф Фатҳуллоҳ Гюленро илҳомбахши асосии кӯшиши табаддулоти ҳарбӣ меҳисобанд.

То 11- уми августи соли равон 76000 нафар бо гумони даст доштан ва ё ҳамкорӣ бо ташкилоти вобаста ба Фатҳуллоҳ Гюлен (ФЕТО) боздошт ва ё аз кор озод шудаанд. Аз онҳо баъди пурсиш 15000 нафар раҳо шуд. Ҳоло 20000 нафари дигар дар таъқифгоҳҳо қарор доранд.

Шӯрои вазирони Туркия 21-уми июл бо мақсади ба эътидол овардани вазъият ба муддати 3 моҳ дар мамлакат вазъияти фавқулода эълон намуд. Реҷаи вазъияти фавқулода ба зиндагии рӯзмарраи шаҳрвандон ва тиҷорати соҳибкорон таъсир намерасонад.

- Аз 15-уми июл инҷониб мардуми Туркия дар тамоми шаҳрҳо гирдиҳамоӣ доир карда, садоқати худро ба давлату демократия изҳор намуда истодаанд, –гуфт Фотеҳ Қаҳрамон

– Дар гирдиҳамоие, ки 7-уми август дар шаҳри Истамбул доир гардид, теъдоди рекордии шаҳрвандон се миллион нафар ширкат варзиданд. Илова бар ин, бори аввал дар таърихи кишвари мо президент, сарвазир ва пешвоёни ҳизбҳои асосии мухолиф дар якҷоягӣ ба халқ муроҷиат намуданд.

Фотеҳ Қаҳрамон дар поёни изҳороти худ таъкид намуд, ки ҳарчанд кӯшиши табаддулот ба иқтисодиёти Туркия як андоза таъсири манфӣ расонида бошад ҳам, бо гузашти замон рафъ хоҳад шуд.

 

С.Суннатӣ,

«Садои мардум»